fbpx

“Саломатии бардавом ва комёбиҳои нав”. Мирзиёев дар интихобот пирӯз шуд

Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентии Узбекистон табрик гуфт.


0
Президенти Узбекистон
Акс аз интернет

Шавкат Мирзиёев бар асоси маълумоти пешакии КМИР бо касби 87,05% овозҳо дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ пирӯз шуд.

“87,05% аз шумори умумии интихобкунандагон ба тарафдории номзад аз Ҳизби либерал-демократии Узбекистон Шавкат Мирзиёев овоз доданд”,- гуфт раиси комиссияи интихоботии ин кишвар Зайниддин Низомхоҷаев рӯзи душанбе дар нишасти матбуотӣ.

Номзад аз Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат”, муовини аввали раиси Суди Олӣ Робахон Маҳмудова бо ба даст овардани 4,43% овозҳо дар ҷойи дуюм ва раиси Ҳизби Халқии Демократии Узбекистон (ҲХДТ) Улуғбек Иноятов бо 4,02% дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Дар мақоми чорум раиси Ҳизби экологӣ Абдушукур Ҳамзаев бо 3,74% овоз гирифт.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентии Узбекистон табрик гуфт.

Ӯ зимни суҳбати телефонӣ ба Мирзиёев саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳои нав орзу кард.

Ҷонибҳо инчунин вазъият ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ кардаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend