fbpx

Сайёди пир. Марде аз Турсунзода зиёда аз 50 соли умрашро ба шикор бахшидааст

Мерган – бобо аз 73 соли умраш 58 солашро ба шикор сарф кардааст. Ӯ принсип ва қоидаҳои махсуси худро дорад, ки ҳамеша кӯшиш мекунад ба онҳо риоя намояд.


6
6 points
Шикорчии тоҷик ба кӯҳ баромад.

Сувонқул Раҳмонов яке аз шикорчиёни номдор дар шаҳри Турсунзода аст. Ӯро бештар бо тахаллуси Мерган – бобо мешиносанд, ки маънои бобои шикорчиро дорад. Ӯ 59 сол боз ба ин касб машғул аст.

Муаллифи Your.tj Нодираи Собирзод нақл кард, ки чаро шикор барои ин мард маънии зиндагияш шудааст.

Саёҳати ройгон

Одатан Мерган – бобо ба дараҳои Ширкент ва Қаратоғ меравад ва ҳар як шикори аз як рӯз то як ҳафта давом мекунад. Агар ҷойи дур равад, пас барои ӯ камаш ду ҳафта лозим мешавад.

Сайди худро бо хар меорад, зеро асп аз пайроҳаҳои танг гузашта наметавонад.

Вай дар давоми зиёда аз ним асре, ки бо шикор машғул буд, бузи кӯҳии Марко Поло, оҳу, гург, шағол, рӯбоҳ, хуки ваҳшӣ, қундуз, ҷайра, харгӯш, кабк, мурғобӣ, тазарв ва чандин намуди ҳайвоноту паррандаҳои дигарро сайд намудааст.

Ба гуфтаи Мерган – бобо, шикор барои ӯ як намуд варзиши сабук аст.

“Одам ҳар қадар бештар роҳ равад, аз ҳавои тозаи кӯҳистон нафас кашад, ба саломатии ӯ ҳамон қадар муфид аст. Ғайр аз ин, шикор як саёҳати ройгон аст. Шумо метавонед даҳҳо километрро тай карда, зебоиҳои табиатро тамошо кунед ва барои ин пул надиҳед”, – бо табассум шарҳ дод шикорчӣ.

Шикорчии 73 - солаи тоҷик
Сувонқул Раҳмонов дар як рӯз то 6 км пиёда мегардад.

Энсиклопедияи зинда

Вай қариб ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аз дараи Ширкент cap карда то Мастҷоҳи Кӯҳӣ ва дараи Ромиту Мурғоб сафар кардааст. Замони шӯравӣ дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон шикор мекард.

“Дар зимистон шикор кардан назар ба тобистон осонтар аст, – гуфт сайёд, – Зеро дар барфу лой пайҳои тозаро фавран фарқ кардан мумкин аст.

Ҳангоми тобистон, барои ёфтани сайд, лозим меояд, ки бо дурбин назорат намоӣ, ки ин вақти зиёдро мегирад”, – шарҳ дод пирамард.

Аз ин рӯ, Мерган – бобо асосан дар зимистон ба шикор мебарояд. Вай ба дара одатан соати сеи шаб мерасад.

Мувофиқи мушоҳидаҳои ӯ то соати 9 – и аксари ҳайвонот ва паррандаҳо дар ҷустуҷӯйи туъма ба ҷангалҳои туғайзор медароянд. Ин барои шикорчӣ фурасати муносиб аст.

Шикорчии тоҷик ҳайҷонотро назорати мекунад

Аз соати 9 то соати 16 ҳайвонот дам мегиранд ва ин чунин маъно дорад, ки дар ин ҳангом кӯшиши шикор кардан сарфи беҳудаи вақт аст аст.

Барои сайд мумкин аст дубора аз соати 16 ё 18 кӯшиш кард.

Аммо барои шикори даррандаҳо то соати ҳашти шаб фурсат ҳаст.

Ҳисси шашум

Мерган – бобо мегӯяд, пешакӣ ҳис мекунад, ки имрӯз дар куҷо сайд бисёр мешавад.

“Ман як маҳорати махсус дорам. Гуфтан мумкин, ки ин ҳисси шашум аст. Зеро ман аз хурдӣ дар хотир гирифтаам, ки ин ё он ҳайвон ё паранда дар куҷо барои худ ғизо меҷӯянд”, – гуфт ӯ.

Аз ин рӯ, сайёдро писарон ва дигар шогирдонаш “харитаи зинда” меноманд.

“Пеш аз он ки ба шикор бароянд, мепурсанд, ки куҷо раванд. Ман мегӯям, фалон ҷо равед, имрӯз дар он ҷо сайд меёбед. Ҳамин тавр ҳам мешавад”, – гуфт пирамард бо ҳисси ифтихор.

Шикор барои хонаводаи Раҳмоновҳо шуғли меросӣ аст. Мерган – бобо шикорро аз падар омӯхтааст. Аз писарони худаш се нафарашон ба падари худ пайравӣ карда, сайёди хуб шуданд.

Ҳар боре, ки онҳо аз муҳоҷирати корӣ аз Русия ба ватан бармегарданд, шикор ба шуғли дӯстдоштаи онҳо табдил мешавад.

Шикорчии тоҷик парандаҳоро шикор мекунад

Мукофоти нахустин

Тавре қаҳрамони мо гуфт, аввалин сайди ҷиддии ӯ гург буд. Он замон ӯ дар синфи ҳаштум мехонд.

“Ман танҳо ба шикор рафтам. Ҳатто дӯстамро бо худ набурдам. Таппончаи падарарро бо худ гирифтам ва ба саҳро давидам.

То даме ки гургро надидам, камин гирифта нишастам. Бо тири аввал ба ҳадаф расидам. Аз мукофот қаноатманд шуда, онро бо ифтихор ба хона кашида овардам. Баъд пашми гургро ба идораи давлатӣ супурда, барои ин ҳам 64 рубл мукофот гирифтам.

Ман ҷавон будам ва намедонистам, ки чӣ кор мекунам. Мурдаи гургро ба бозор оварда, ба дарахт овехтам, то бифурӯшам. Дар хотир дорам, ки чӣ тавр занони калонсол онро чӣ тавр пора карда гирифтанд, махсусан чанголи гургро. Одамон боварӣ доранд, ки он одамро аз мусибатҳо муҳофизат мекунад ва фоида меорад”, – гуфт пирамард.

Хукҳои ваҳшӣ барои иштирокдорони олимпиада

Ба гуфтаи қаҳрамони мо, ҳар касе боре худро дар табиат, дар иҳотаи кӯҳҳо мебинад, дигар бе онҳо зиндагӣ карда наметавонад. Зебоиҳои табиат ӯро такрор ба такрор ба худ ҷазб мекунанд. Мерган – бобо низ аз нахустин лаҳза ба табиат, ба шикор ошиқ шуд, гарчанде ин он қадар шуғли бехавф нест.

Мӯйсафед ба хотир меорад, ки чӣ тавр дар мохи июли соли 1980 мувофиқи супориши ҳукумат барои иштирокдорони Бозихои XXII олимпии Москваро бо таомҳои гуногуни лазиз таъмин кардан, дар хайати 20 нафар шикорчиёни беҳтарини тоҷик ба кӯҳҳои Кӯлоб барои шикори хукҳои ваҳшӣ рафта буд.

«Ҳамон вақт мо хеле бисёр хукҳои ваҳширо паррондем. Шунидам, ки агар хуки ваҳшии захмин шахси захмдоркардаро дастгир кунад, вайро пора – пора месозад.

Дар ин шикор ман хуки калонеро паррондам. Аммо вай зинда монд ва ман таслим шудам, ки бояд ба ҷойе пинҳон шавам. Хук маро пай бурда, аз пасам давид.

Бо тамоми қувва худро ба болои дарахт гирифтам ва танҳо ҳамин маро наҷот дод”, – ба ёд меорад ӯ.

Акс аз бойгонии шикорчии тоҷик ҳангоми шикор
Акс аз бойгонии шикорчӣ

160 кг гӯшт

Бобо инчунин ба ёд овард, ки соли 1981 ӯро ба як хонум – сайёҳи амрикоие, ки ба шикори бузи кӯҳии Марко Поло ба Мурғоб омада буд, роҳбалад таъйин карданд.

Масъулин ба шикорчиён ду карабини тамғаи «Барс» додан два ҳарду бояд яктогӣ буз шикор мекарданд.

“Сайди ман 160 килограмм вазн дошт! Ҳамаи гӯштро ба вазорат супурдем, сари бузи кӯҳӣ бошад, то ҳол дар Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳуриро зебт медиҳад”, — гуфт бо фахр шикорчӣ.

Вохӯрӣ бо бабри барфӣ

Ба гуфтаи Мерган – бобо, шикори ғайриқонунӣ метавонад барои шикорчӣ мушкилиҳои бузургеро пеш орад. Хусусан барои шикори ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурх шомил шудаанд, ҷаримаи калон таҳдид мекунад.

Тавре шикорчӣ тавзеҳ медиҳад, сайёҳони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон шикор мекунанд, имкони шикори ҳайвоноти нодир ва пардохти ҷаримаро доранд, шикорчиҳои дохилӣ бошанд, не.

Ба гуфтаи ӯ, борҳо дар кӯҳистон бо бабри барфӣ вохӯрдааст, вале ҳеҷ гоҳ дар фикр паррондани он нашудааст.

“Сайёде, ки конунро вайрон карда, хайвони нодирро парронад, худро ҳурмат намекунад”, – гуфт пирамард. – Боре ду бабрро дидам, ки ҳамдигарро нарм навозиш мекарданд, ба фикрам онҳо ҷуфт буданд.

Аз онҳо ҳамагӣ дар дурии панҷ метр қарор доштам, аммо тир паррондан ҳатто ба хаёлам намеомад. Бевиҷдонтарин сайёд ба худаш чунин кореро иҷозат медиҳад”.

Хароҷоти шикор

Мерган – бобо мегӯяд, ҳарчанд гург кам фоида меорад, зеро аз пӯсту устухони ҳайвон ягон чизи арзишманде ба даст намеояд, танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ шикорчиён маҷбур мешаванд, аз мақомоти дахлдор иҷозаи тирандозӣ бигиранд, зеро ин даррандаҳо аксар вақт ба чорво ҳамла мекунанд.

“Барои чорвои деҳаҳои дурдаст хирс низ яке аз даррандаҳои хатарнок аст. Аммо ман наметавонам онро бикушам, зеро иҷозаи тирандозӣ ба ин ҳайвон хеле гарон аст”, – мегӯяд ӯ.

Шикорчии тоҷик бо дурбин назорат мекунад

Дар паси чанбарак

Мерган – бобо иқрор мешавад, ки ғайр аз шикор ба автомобил шавқи зиёд дошт, бинобар ин, соли 1965 баъди хатми мактаб карор дод, ки ронанда шавад.

“Дар деҳаи Работи мо он вақтҳо ба мошинхо шавку хаваси мардум беандоза буд. Хизмати ҳарбиро дар Чехословакия адо намудам. Баъди дар заводи алюминий ба ҳайси ронандаи мошини боркаш ба кор даромадам. Дар баробари шикор 27 сол дар он ҷо кор кардам”, – гуфт ӯ.

Холо муйсафед ба зироаткорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ машғул аст.

“Ҳар саҳар, сарфи назар аз кайфият, ман 6 километрро пиёда тай мекунам. Кам бемор мешавам. Ҳамсолони ман бе асо роҳ гашта наметавонанд, ман бошам, Худоро шукр…”, – бо ифтихор гуфт пирамард.

Ҳоло шикорчӣ аз таппончаи ТОЗ-8 ва корди одии ошхона истифода мекунад.

Ба назари ӯ, дар шикор чизи аз хама муҳим маҳорат аст.

“Барои чок кардани шиками сайд корди тез лозим асту бас. Боқимонда, ба истилоҳ кордҳои шикорӣ, ки дастаҳои зебо аз устухон доранд, намоишкорие беш нестанд. Шикорчӣ бо тирандозии худ бояд ифтихор кунад. На бо он ки чӣ тавр шиками сайдро чок мекунад”, – гуфт ӯ.

“Агар ҳаёт аз нав оғоз мешуд…

Ба гуфтаи қаҳрамони мо, агар зиндагиро аз нав оғоз мекард, боз шикорчӣ мешуд.

Чанд сол пеш Мерган – бобо ба як гурӯҳи сайёҳони амрикоӣ роҳбалад буд. Ӯ ҳамроҳи онҳо то дараи Ширкент рафт.

Ҳоло тайёр аст ҳатто бемузд барои гурӯҳи сайёҳон ё агентиҳои сайёҳӣ роҳбаладӣ кунад.

Зеро, кӯҳнавардӣ қисме аз ҳаёти ӯст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

6
6 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
3
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend