fbpx

Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи вакилӣ маҳрум ва ба ҳабс гирифта шудааст

Нисбати ӯ бо моддаи 306 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.


0
Саидҷаъфар Усмонзода. Акс аз Озодӣ

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва собиқ раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва ба ҳабс гирифта шудааст. Нисбати ӯ бо моддаи 306 қисми 2 банди “в” (бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дод.

Дар ҷаласаи имрӯзаи порлумон бо пешниҳоди Прокурори генералии Тоҷикистон масъалаи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудан ва ба ҳабс гирифтани Саидҷаъфар Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.

Юсуф Раҳмон, прокурори генералӣ дар назди вакилон баромад намуда, иброз намудааст, ки парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

“Эҳтиромона ба самъи Шумо расонида мешавад, ки дар пешбурди Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмон ва дигарон бо моддаи 306 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки кирдори ҷинояткориро барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият муқаррар менамояд, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад”,- гуфтааст ӯ.

Ба иттилои Юсуф Раҳмон Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 тариқи алоқаи мобилӣ бо муовини роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии “Паймони миллии Тоҷикистон” Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, оид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намудааст.

Ӯ гуфтааст, Шарофиддин Гадоев ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати ислом” Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумакҳои пулӣ расонида, зиёда аз се ҳазор ҷанговарони ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон таъмин менамояд.

“Саидҷаъфар Усмонзода ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ дар дохили кишвар ва берун аз он тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст.

Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канорҳои мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун намоянд”,- қайд кардааст прокурори генералӣ.

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, Саидҷаъфар Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар (ИМА) хоҳиш намудааст.

12 июни соли 2024 нисбати Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда хамчун гумонбар дастгир карда шудааст.

“Гуноҳи Усмонзода С.У. бо маводҳои парвандаи ҷииноятӣ, аз ҷумла нишондоди худиқрорӣ, яъне бо гуноҳи худ пурра иқрор будан, сабти навор ва гуфтугӯҳо, нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс пурра тасдиқи худро ёфтааст”,- гуфтааст Юсуф Раҳмон.

Саидҷаъфар Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақоми вакилиаш то соли 2025 эътибор дорад.

Юсуф Раҳмон аз вакилон хоҳиш намудааст, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва татбиқ намудани чораи пешгирии дар намуди дар ҳабс нигоҳ доштани Саидҷаъфар Усмонзода ҳамчун вакил розигӣ диҳанд.

Вакилони порлумон ин пешниҳодро ҷонибдорӣ намудаанд.

Саидҷаъфар Усмонзода моҳи гузашта аз роҳбарии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) барканор ва Шаҳбози Аброр раиси ин ҳизб интихоб шуд.  Саидҷаъфар Усмонзода, ба Вазорати адлияи кишвар “далелҳои иловагӣ” пешниҳод карда, хостори лағви қарори Вазорати адлия шуда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend