fbpx

Сафири Туркия: “Туркия наметавонад ҷонибдори Тоҷикистон ё Қирғизистон бошад”

Ӯ ҳамчунин хабари аз ҷониби операторони турк идора шудани бесарнишинҳои Қирғизистонро ҳангоми муноқишаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дурӯғ шуморид.


0
Сафири Туркия дар Тоҷикистон
Умут Аҷар, Сафири Туркия дар Тоҷикистон

Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, ин кишвар метавонад барои кишварҳои дӯсте, ки мехоҳанд амнияти марзҳояшонро таъмин намуда, бо терроризм мубориза баранд, техникаҳои ҳарбӣ (аз ҷумла бесарнишинҳои Bayraktar) фурӯшад. Ӯ дирӯз, 15-уми январ зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони тоҷик таъкид кард, ки Туркия хоҳони он нест, ки ду кишвар бар зидди ҳамдигар аз ин техникаҳо истифода баранд.

“Мо мехоҳем дӯстони мо дар мушкилиҳои марзӣ ва мубориза бо терроризм роҳат бошанд. Вале мо ҳамеша як чизро таъкид мекунем. Мо ҳиҷ вақт хоҳони он нестем, ки ин техникаҳои низомӣ байни ду кишвари бародар истифода шавад. Мо инро ҳеҷ гоҳ ташвиқ намекунем”,- гуфт сафир.

Ӯ қайд намуд, кишвараш барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон оид ба ин масъалаҳо ҳамеша ҳозир аст.

“Агар Тоҷикистон дархост пешниҳод кунад, мо ҳеҷ гоҳ монеа нахоҳем гузошт. Чунки Тоҷикистон бо Афғонистон марзи хеле тӯлонӣ ва нигарониҳои зиёд аз бехатарии он дорад”,- афзуд Умут Аҷар.

Ба гуфтаи вай Туркия дар масъалаи саноати низомӣ дар дунё мавқеи хос дорад ва ин соҳаро танҳо аз маҷбурӣ рушд додааст.

“Мутаассифона солҳои дароз аз терроризм азият кашидем. Вақте барои мудофиаи марз ва мубориза бо терроризм аз дӯстонамон кӯмак хостем, на ҳамеша ҷавоби мусбӣ гирифтем. Бинобар ин мо маҷбур шудем, ки саноати низомии миллиро рушд диҳем”,- шарҳ дод ӯ.

Туркия ҷонибдори амният аст

Ҳамчунин Умут Аҷар маълумотро дар бораи он ки гӯё ҳангоми муноқишаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон бесарнишинҳои Қирғизистон аз ҷониби операторони турк идора шудаанд, дурӯғ шуморид.

“Тоҷикистону Қирғизистон ҳарду барои мо кишварҳои бародар ҳастанд. Туркия наметавонад дар вақти муноқишаҳо тарафи яке аз онҳоро бигирад. Бинобар ҳамин он рӯзҳо барои мо бисёр талх гузаштанд”,- афзуд сафир.

Ӯ инчунин аз ҳамкории кишвараш бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр намуд, Туркия барои нафароне, ки ба амнияти Тоҷикистон хатар доранд, паноҳгоҳ нест ва ин кишвар чунин шахсонро аз хокаш ихроҷ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамин гуна Тоҷикистон ҳам ҳассосиятҳои ҷониби Туркияро ба назар мегирад.

“Дар ҳолатҳои лозима мақомоти марбута, маълумоти лозимиро ба мо ҳам медиҳанд ва мо шаҳрвандро аз кишвар хориҷ мекунем, Тоҷикистон ҳам ин корро мекунад”,- гуфт Умут Аҷар.

Номбурда афзуд, мақомоти амниятии ду кишвар дар масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамкориҳои зич доранд ва дар ин масъала байни ду кишвар табодули назар вуҷуд дорад.

Имсол Эрдуғон ба Тоҷикистон сафар мекунад

Ҳамчунин Умут Аҷар иттилоъ дод, ки дар соли 2024 сафари президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба Тоҷикистон дар назар аст.

Ба гуфтаи сафир санаи дақиқи сафари Эрдуғон ба Тоҷикистон ҳоло маълум нест.

“Ҳоло наметавонем санаи сафари ҷаноби президентро дақиқ бигӯем, вале ман тахмин мекунам ин сафар дар рӯзҳои гарми баҳорӣ сурат хоҳад гирифт”,- афзуд Умут Аҷар.

Сафири Туркия инчунин аз сафари вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҳақан Фидан ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9 ва 10-уми янфар сурат гирифт, ёдовар шуда, аз меҳмоннавозии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Гуфта шуд, дар ин сафар масъалаҳои муҳими дуҷониба ва минтақавӣ зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

“Яке аз масъалаҳои муҳим ин хабари дар моҳи март байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расидани созишнома буд, ки ҷаноби вазир (Ҳақан Фидан) онро таъйид карданд. Мо хушнудем, ки ин ду кишвари бародар мушкилиҳои марзиро бо ин тарз ҳал мекунанд ва аз сулҳ истиқбол менамоем”,- таъкид кард сафири Туркия.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend