Сафири Тоҷикистон кӯшиши баргардонидани зан ва як кӯдаки дар Ош бандмондаи тоҷикро дорад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз сомонаи Kloop.kg

Тоҷикистон бо Қирғизистон масъалаи баргадонии як шаҳрвандашро баррасӣ мекунад

Сафири Тоҷикистон Назирмад Ализода барои баргардондани ду шаҳрванди дармонда – як зан бо наберааш аз Қирғизистон бо мақомоти кишвари ҳамсоя масъаларо баррасӣ мекунад, хабар додаанд дар сафорати Тоҷикистон дар Бишкек.

Бино бар иттилои манбаъ, феълан сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон, Назирмад Ализода дар шаҳри Ӯш, ки дар фурудгоҳаш шаҳрвандони Тоҷикистон банд мондаанд, қарор дорад.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон Маргарита Расулова, ки аз шаҳри Сургути Русия тавассути Ӯш ба Тоҷикистон баргаштанӣ буд, дар фурудгоҳи шаҳр дармондааст ва мақомоти Қирғизистон иҷозаи убури марзро намедиҳанд.

Маргарита бо набераи шашсолааш 25 май вуруди Қирғизистон гаштааст ва инак се рӯз мешавад, ки наметавонад ба Тоҷикистон баргардад ва ё баргашта Русия равад.

Ёдрас мешвем, пештар мақомоти Қирғизистон вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кишвар манъ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон марзбононро кафили амнияти марзҳои Тоҷикистон номид

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон марзбонони кишварро бо иди касбияшон табрик намуда, онҳо ба ҳушёриву боз ҳам мустаҳкамтар нигоҳбонии марзи давлат даъват кард. Ӯ дар номаи шодбошияш марзбононро сипари боэътимоди давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботу оромии кишвар унвон кардааст.

Вай қайд кардааст, ки даҳҳо тан барои ҳифзи сохти конститутсионии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, таъмини рӯзгори осудаи сокинон, оромиву суботи мамлакат ва ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки хизматҳояшон фаромӯш нахоҳад кард.

Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон санаи 28 майи соли 1994 таъсис шуда, имрӯз аз 27-умин солгарди он таҷлил мешавад.

Президент фармони зиёд кардани нафақаи маъбонро имзо кард

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад фармон ба имзо расонид.

Ҳамин тариқ аз 1 сентябри соли 2021 нафақаҳои маъюбон аз овони кӯдакӣ, наврасӣ ва шахсони то 18 сола ба андозаи 20% ва нафақаҳои маъюбони гурӯҳи I ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шавад.

Диловар Гулов, писари Шералӣ Гулро ВКД акнун расман меҷӯяд

Раёсати корҳои дохилаи Душанбе ахиран Диловар Гулов, писари 25 солаи собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Гул Шералиро дар пайгарди оммавӣ гузошт. Дар ҷустуҷӯ қарор гирифтани Диловар Гулов дар ҳолест, ки баъди ҳодисае, ки ӯ дар он муттаҳам ба кордкашӣ мешавад.

Ду писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон шоми 16-уми май дар як муноқишае бо истифода аз корд дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и пойтахт гумонбар буданд.

Алишер Гулов яке аз писарони Гул Шералӣ, гуфта мешуд дар Суғд боздошт шудаву бародари ӯ Диловар Гулов то имрӯз боздошт нашудааст. Акнун Вазорати корҳои дохили ӯро сар расман ҷустуҷӯ қарор додааст.

РВКД  Гулов Диловарро бар асоси моддаи 237 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар медонад ва аз рӯзи 19-уми май расман дар пайгард гузоштааст.

Соҳибкорони тоҷик дар чорабинии умумиҷаҳонии бофандагӣ ширкат меварзанд

Соҳибкорони тоҷик дар чорабинии умумиҷаҳонии бофандагӣ дар Тошканд ширкат меварзанд, иттилоъ медиҳад Палатаи савдо ва саноати кишвар. Ин чорабинӣ рӯзи 26 май кушода шуд ва то 29 май идома хоҳад ёфт.

Ҳайати Тоҷикистон аз намоишгоҳи UzTextile Expo дидан карда, барои ташкили робитаҳои мустақим ва тавсеаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши бофандагӣ мулоқотҳои корӣ баргузор мекунад. Ба ҳайат роҳбарон ва намояндагони 11 ширкати бофандагӣ ва дӯзандагӣ ва 2 ширкати машваратӣ шомил мебошанд.

Дар намоишгоҳи UzTextile Expo дастовардҳои тиҷорати нассоҷӣ ва саноати мӯдро аз истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳон дар тамоми силсилаи истеҳсолот – аз ришта то тайёр ба намоиш мегузорад.

Хатари омадани сел дар Тоҷикистон то тобистон боқӣ мемонад

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, то 1 июн хатари сел дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Бадахшон, инчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.

Дар ин робита, Кумита дар як паём аз аҳолии ин минтақаҳо хоҳиш мекунад, ки то ҳадди имкон ҳушёр ва бодиққат бошанд, барои тоза кардани селраҳаҳо, дарёҳо, каналҳо ва ғайра, ки дар наздикӣ ё дар ҳудуди ҷойҳои истиқомат аст кӯшиш намоянд.

Дар ҳолати зарурӣ ва барои баромади фавқулодда, зарур аст, ки масирҳои ҳаракат ба ҷойҳои бехавф, нишебиҳои кӯҳҳо ва теппаҳоро, ки ба сел дучор намешаванд, донистан ва ба рақами ягонаи “112” занг задан лозим аст.