Сафири Афғонистон дар Душанбе гуфтааст, $800 ҳазорро ба Толибон барнамегардонанд

Сафири Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Заҳир Ағбар ба интиқоли иштибоҳии наздики 800 ҳазор доллар аз сӯйи Толибон ба суратҳисоби ин сафорат вокуниш кард ва гуфт, ки онҳо маблағро барнамегардонанд.

Сафир рӯзи 23-юми декабр дар ҳошияи як барномаи фарҳангӣ барои кӯдакони афғони муқими Тоҷикистон, ки дар бинои ин сафорат доир шуд, суҳбат кардааст.

Муҳаммад Заҳир Ағбар ба суоли хабарнигорон ҷавоби рӯшан надода, иддаои Толибонро дурӯғи маҳз хондааст. Ҳамчунин Ағбар гуфтааст, “инҳо (Толибон) кӣ ҳастанд, ки аз мо талаб доранд, ки ин пулро баргардонем”.

“Ман фикр мекунам, ки сафорат як идораи расмии Афғонистон аст, чун маблағҳои мутафовит ба инҷо сарозер шавад. Ин суолро Толибон ҳақ надоранд аз мо бикунанд, барои онҳо иҷоза ҳам намедиҳем. Ман фикр мекунам, ки Толибон бо ин номаи худ сари худ писханд заданду худро масхара сохтанд”, – гуфтааст Ағбар ба хабарнигорон.

Ҳамчунин ӯ дар суҳбат ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфтааст, ки “Толибон” ҳақ надоранд баргардонидани ин маблағро талаб кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, сафорати Афғонистон як идораи расмии кишвари Афғонистон аст ва аз ин рӯ, маблағҳои мутафовите ба инҷо сарозер мешаванд ва “Толибон” ҳақ надоранд суолҳое дар ин замина бикунанд.

Зудтар баргардонед

Хабари интиқоли иштибоҳии Толибонро хабаргузории афғонии “Пажвок” рӯзи 16-уми декабр расонаӣ карда буд. Он замон ин расона навишта буд, Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ба сафорати он кишвар дар Душанбе нома фиристода, хостори ҳарчӣ зудтар баргардонидани ин пул ба ҳисоби воридотии давлат дар “Де Афғонистон Бонк” шудааст.

Хабаргузори матни номаи вазорати молияи “Толибон”-ро ба сафорати Афғонистон дар Душанбе нашр карда, ки дар он гуфта мешавад, 31-уми июли соли 2021 (10-уми асади 1400 ҳиҷрии қамарӣ) вазорати молия ба сафаорат бар иловаи 87292,08 доллар барои маош ва бимаи тиббии дипломатҳову кормандони маҳаллӣ, саҳван 785628 доллар низ интиқол гардидааст.

Сухангӯи вазорати молияи Афғонистон, дар мавриди берун кардани пули ёдшуда аз ҳисоби бонкии сафорат гуфтааст: «ин пули расмӣ аст, аз одрас (нишона)-и расмӣ интиқол шуда, агар имрӯз бошад ва ё фардо сафорати мо фаъол мешавад, дар он сурат Ағбар ҳар ҷойе, ки бошад маҷбур аст, ки ин пулро дубора бипардозад».

Расонаи “Пажвок” навиштааст, ки қисме аз кормандони дипломатии Сафорати Афғонистон дар Душанбе рӯзҳои гузашта иддао кардаанд, ки ин пул дар рӯзҳои ахири ҳукумати пешини Афғонистон барои се соли ояндаи сафорат ба Тоҷикистон интиқол шуда буд. Ба иддаои ин кормандон, ин пул аз ҳисоби бонкии сафорат аз сӯи Муҳаммад Заҳир Ағбар берун карда шудааст.

Аҳмад Ҳақмал, сухангӯи Сафорати молияи Афғонистон ба ин хабаргузорӣ дар мавриди берун кардани пули ёдшуда аз ҳисоби бонкии сафорат гуфтааст, “ин пули расмӣ аст, аз адреси расмӣ интиқол шуда, агар имруз бошад ё фардо сафорати мо фаъол мешавад, дар он сурат Ағбар ҳар ҷое, ки бошад, маҷбур аст, ки ин пулро дубора баргардонад”.

Skip to toolbar