fbpx

Сафияхонро меҷустанд, вале ҷасади ду занро аз дарё пайдо карданд

Ғаввосон ҳангоми ҷустуҷӯи Сафияхон ҷасади як зани 59-сола ва як зани 30-сола аз қаъри дарёи Сир пайдо карда ба мақомоти дахлдор супурдаанд.


0
Ҷасади ноболиғи 9-соларо дар дарёи Сир меҷӯянд
Акс: намогирифт аз гузориши Озодӣ аз ҷараёни ҷустуҷӯи Сафияхон

Ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд дар ҷараёни ҷустуҷӯи ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 9-сола ҷасади ду занро пайдо кардаанд. Дар ин бора КҲФ хабар дод.

Онҳо 9-уми ферал ҳангоми ҷустуҷӯи ноболиғи ёдшуда ҷасади як зани 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пайдо кардаанд..

Ба гуфтаи хешовандонаш марҳум 21 январи соли равон аз хона берун шуда, дигар барнагаштааст ва то кунун ҳама талошҳои пайдо кардани ӯ ба нокомӣ анҷомида буд.

Ҷасади ӯро ғаввосон соати 13:20 дақиқаи рӯи 9-уми феврал 700 метр поинтар аз пули Хитой, дар мавзеъи ҷамоати деҳоти Ёваи рӯди Сир пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурдаанд.

Ҳамчунин 12-уми феврал як зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пайдо кардаанд.

Ҷасадро дар мавзеъи ҷамоати деҳоти Ёва, ба тахмин як километр поинтар аз пули мошингузари Дӯстӣ, рӯбарӯи осоишгоҳи “Диёри Азиз” ёфтаанд.

Хешовандонаш гуфтаанд, ин зан рӯзи 23-уми декабри соли 2023 аз хона баромада, дигар барнагашта буд. Сабаби ғарқ шуданаш маълум нест.

Ҳамин тавр, ҷустуҷӯи ҷасади як ноболиғи гумшуда, сабаби пайдо шудани ду ҷасади дигар ва он ҳам тахминан дар як мавзеи рӯи Сир шуд.

Кумита мегӯяд, ҷустуҷӯи Сафияхони 9-сола бидуни танаффус идома дорад, вале ҳанӯз ҳам дақиқ нест, ки оё ӯ дар об ғарқ шудааст ва ё ба сабаби кадом ҳодисаи дигар нопадид шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷустуҷӯйи Сафияхон Раҳматоваи нуҳсола, сокини шаҳри Хуҷандро аз рӯзи 7-уми феврал ба ин сӯ идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend