Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ

Ӯро вазири корҳои хориҷӣ, мушовирони президент, вазири молия, раиси Кумитаи дин, ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.


Президенти Тоҷикистон ба Олмон сафар мекунад

Акс аз АМИТ "Ховар"

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18-уми июл ба Арабистони Саудӣ сафар кард. Ӯ дар Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ, ки дар шаҳри Ҷидда баргузор мегардад, ширкат меварзад.

Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ, сарвазир ва чанд мансабдорони баландмақоми дигар гусел карданд.

Гуфта мешавад, роҳбари давлатро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, мушовирони президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазири молия, раиси Кумитаи дин, ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Қаблан Радиои Озодӣ аз қавли як манбаи худ дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд, ки эҳтимол Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳукумат маросими ҳаҷҷи умраро ба ҷо биёранд.

Президенти Тоҷикистон то ин дам чор маротиба маросими ҳаҷро ба ҷо оварда, ду маротиба вориди хонаи Каъба шудааст.