Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Дар ин нишаст баррасии масоили муҳими ҳамкориҳо ва рушди минтақа, имкони таҳкими субот дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар назар аст.


Президенти Тоҷикистон

Акс аз хадамоти матбуоти президент

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон имрӯз, 4-уми август ба шаҳри Ашқободи Туркманистон сафар кард. Дар ин сафар ӯ дар вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунад.

Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президент.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июл дар ҷараёни конфронси видеоӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии се кишвар: Сироҷиддин Муҳиддин (Тоҷикистон), Рашид Мередов (Туркманистон) ва Бахтиёр Саидов (Ӯзбекистон) корҳои омодагӣ ба нишасти мазкур баррасӣ шуданд.

Он замон вазирон лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии нишастро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешуд дар ин нишаст баррасӣ ва табодули назар оид ба масоили муҳими ҳамкориҳо ва рушди минтақа, имкони таҳкими муносибатҳои сулҳомез ва субот дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар назар аст.