fbpx

Сафари Ҳаҷ барои соли 2023 арзонтар шудааст

Имсол Арабистони Саудӣ барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст.


0
Ҳаҷ

Имсол арзиши сафари Ҳаҷ нисбат ба мавсими ҳаҷҷи соли 2022-юм  1 ҳазору 520 сомонӣ арзонтар аст. Дар мавсими “Ҳаҷ-2023” арзиши сафар ба Ҳаҷ 59 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.

Тавре Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, нарх дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст.

“Маблағи мазкур хароҷоти аввалияи зоиронро дар мавсими ҳаҷ, аз билети рафту баргашт то меҳмонхона дар Макка ва Мадина, қурбонии ҳоҷиён, бима ва боҷи давлатӣ дар бар мегирад”,- омадааст дар хабари Кумита.

Ба иттилои манбаъ, сафари зоирони тоҷик барои адои ҳаҷҷи фарзӣ аз 10 то 20-уми июн сурат мегирад.

Арабистони Саудӣ бо далели маҳдудиятҳои COVID-19 соли гузашта нархи хидматрасониро барои зоирон гарон карда буд.

Имсол Арабистони Саудӣ барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст.

Маҳдудиятҳо оид ба маросими Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ бекор ва мутаносибан шумораи квотаҳо барои зоирини кишварҳои гуногун боз ба сатҳи то пандемия бозгардонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 3,5 ҳазор квота ҷудо карда буд. Нархи сафари Ҳаҷ барои ҳар як зоирин соли гузашта беш аз 60 ҳазор сомониро ташкил медод.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
3
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend