logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Садамаи маргбор дар Варзоб: ду кушта ва се захмӣ

Як сокини 61-солаи деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ва як сокини 29-солаи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Your tj

11:0428.05.2025

Садамаи маргбор дар Варзоб: ду кушта ва се захмӣ

Рӯзи 26-уми май дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар километри 66-уми шоҳроҳи Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, ду нафар ба ҳалокат расида, се тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ронандаи мошини “Mercedes-Benz”, сокини деҳаи Рохути ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат ба самти Душанбе, бо чор мусофир аз роҳ берун шуда, ба ҷарии 400–500 метр сарозер шудааст.

Дар натиҷа, ду мусофир, яке сокини 61-солаи деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ва дигаре сокини 29-солаи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаанд. Ронанда ва ду мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомот сабабҳои садамаро таҳқиқ доранд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

2 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

6 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

9 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

9 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

10 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ