Садама дар хатҳои баландшиддати интиқоли барқи ҷумҳуриявӣ боиси қатъи интиқоли барқ шаби 19-уми декабр дар як қисми Душанбе гардидааст.
ҶСК “Шабакаҳои тақсимотии шаҳри Душанбе” ба “Азия-Плюс” гуфтааст, дар пайи садама дар зеристгоҳи “Нав” дар чанд ноҳияи шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар 103-юм микроноҳия, кӯчаи “Профсоюз”, 33-юм микроноҳия ва баъзе кӯчаҳои маҳаллаи Зарафшон барқ қатъ гардид.
“Корҳо барои рафъи садама ҳамагӣ 23-24 дақиқа идома карданд. Мутахаcсисон мушкилро фавран ҳал карданд”,- гуфтанд дар ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, масъулин сабаби аслии садамаро мушаххас шарҳ надода, танҳо гуфтаанд, гурӯҳи кории махсусе таъсис дода шудааст, ки ба таҳқиқи сабабҳои ҳодиса машғул аст.
Шаби 19-уми декабр тақрибан соатҳои 19:30 дар чанд ноҳияи шаҳри Душанбе барқ қатъ гардид. Дар баробари ин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ садои ғайриодии баланд, чанд дақиқа давом дод, хабар доданд. Ҳанӯз расман шарҳ дода нашудааст, ки ин садои чӣ буд.
Дар Тоҷикистон аз 22-юми сентябр маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шудааст. Ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, сабаби ин камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ аст.
Чанд рӯзи охир сокинони маҳаллаҳои атрофи Душанбе низ аз қатъи интиқоли барқ барои чанд соат шикоят мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз танзим шудани реҷаи таъмини аҳолӣ бо барқ хабар дод.
Масъулини ин ниҳод гуфтанд, ки “Шабакаҳои тақсимоти барқ” аллакай реҷаи интиқоли барқро ба танзим даровардааст ва мувофиқи он ба аҳолӣ дар як шабонарӯз бояд 10 соат: субҳ 3 соат (5:00 то 8:00) ва шом 7 соат (аз 16:00 то 23:00) барқ дода шавад.
Сокинони баъзе манотиқи кишвар аз он шикоят доранд, ки реҷаи маҳдуди интиқоли барқ на ҳамеша риоя мешаванд.