Ҳоло дар ҳафтаи охири моҳи шарифи Рамазон қарор дорем. Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, имсол моҳи Рамазон 29 рӯз аст ва тибқи пешбинӣ 30 март иди Фитр ҷашн гирифта мешавад.
Мо дар бораи садақаи фитр – садақаи ҳатмии фитри рӯза, ки ҳар мусалмон бояд дар моҳи шарифи Рамазон пардохт кунад, маълумот гирд овардем. Дар акси ҳол, рӯза қабул нахоҳад шуд.
Имсол моҳи шарифи Рамазон аз 1 март оғоз ёфта, тибқи пешбинии Пажӯҳишгоҳи астрофизика 29 рӯз хоҳад буд. Сабаби ин 30 рӯз идома ёфтани моҳҳои Раҷаб ва Шаъбони имсол гуфта мешавад.
Дар назар аст Шӯрои уламо санаи дақиқи иди Фитрро 27-уми март эълон кунад.
Намози ид дар Тоҷикистон одатан соати 6 ё 7-и субҳ баргузор мешавад. То ин вақт бояд садақаи фитр ё, тавре ки дар Тоҷикистон маъруф аст, фитри рӯза пардохт шавад. Андозаи он дар ҳар кишвар аз ҷониби муфтиёт муайян карда мешавад. Аммо дар ин маврид баъзе қоидаҳои умумӣ мавҷуданд, ки мо онҳоро шарҳ медиҳем.
Садақаи фитр чист?
Садақаи фитр (закоти фитр, фитри рӯза ё фитри Рамазон) яке аз шартҳои қабули рӯза дар моҳи Рамазон мебошад. Ин садақаро дар тамоми моҳи рӯза пардохт кардан мумкин аст.
Садақаи фитр аз номи тамоми аъзои хонавода, аз ҷумла кӯдакони ширхора, то оғози намози иди Фитр дода мешавад.
Моҳияти садақаи фитр дар ҳадиси ривоятнамудаи Ибни Аббос чунин омадааст:
“Паёмбар Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) садақаи фитрро фарз гардонид, то рӯзадоронро аз гуфтори нолозим ва дағалона пок гардонад ва инчунин барои ниёзмандон василаи таъминот бошад.
Агар шахс ин садақаро то намози ид супорад, пас он ҳамчун закоти қабулшуда ҳисобида мешавад. Агар баъд аз намоз супорад, он танҳо ҳамчун садақаи муқаррарӣ шуморида мешавад”.
Маблағи садақаи фитр дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо
Муфтиёти Тоҷикистон имсол маблағи фитри рӯза ё садақаи фитрро 8 сомонӣ (тақрибан $0,7) муайян кардааст.
Дар Қазоқистон маблағи садақаи фитр 655 танга ($1,32) муқаррар шудааст, ки ба арзиши миёнаи 2 кг орд баробар аст.
Дар Қирғизистон соли 2025 садақаи фитр чунин муайян шудааст: 1,6 кг гандум – 50 сом, 2 кг мавиз – 750 сом, 4 кг ҷав – 90 сом, 4 кг хурмо – 900 сом. Ҳар кас вобаста ба имконияти молии худ яке аз инҳоро интихоб карда метавонад.
Шӯрои уламои Узбекистон маблағи фитри рӯзаро бо дарназардошти нархи 2 кг гандум (10 ҳазор сӯм), 4 кг ҷав (16 ҳазор сӯм), 2 кг мавиз (110 ҳазор сӯм) ва 4 кг хурмо (180 ҳазор сӯм) муқаррар кардааст.
Дар Русия садақаи фитр вобаста ба сатҳи зиндагии оила муайян карда мешавад: ҳаҷми ҳадди ақали фитри рӯза – 200 рубл ($2,23), барои шахсоне, ки имкони пардохти закот доранд – 1100 рубл ($12,28).
Ҳамчунин, барои шахсоне, ки бинобар беморӣ рӯза гирифта наметавонанд ва имкони қазо кардан надоранд, фидя муқаррар шудааст – барои ҳар рӯзи рӯзаи аз дастрафта 400 рубл ($4,5) пардохт мешавад.
Садақаи фитрро чӣ тавр пардохт кардан мумкин аст?
– шахсан
Шахс метавонад маблағи садақаи фитрро (8 сомонӣ барои ҳар нафар) шахсан ба ниёзмандон диҳад ё онро ба масҷид супорад.
– онлайн
Ҳоло якчанд бонкҳо дар барномаҳои мобилии худ бахши алоҳида барои пардохти садақаи фитр доранд. Масалан, дар барномаи Alif mobi имкони пардохти фитри рӯза мавҷуд аст.
Барои ин ба бахши “Фитри рӯза” ворид шуда, ягон ташкилотро интихоб карда маблағро гузаронида мешавад. Агар ин бахш дар барнома пайдо нашавад, бояд барномаро навсозӣ (обновить) кард.
– тавассути терминалҳо
Садақаи фитрро инчунин тавассути терминалҳои пардохтии бонкҳо низ пардохт кардан мумкин аст.
Масъалаи виҷдон
Муфтиёт қайд мекунад, ки ҳар шахс метавонад садақаи фитрро мувофиқи имкониятҳои худ аз рӯи нархи гандум, ҷав, мавиз ё хурмо пардохт кунад.
Аммо саволе ба миён меояд: чӣ гуна муайян кардан мумкин аст, ки шахс ниёзманд аст ё ба табақаи миёнаи ҷомеа мансуб аст, то маблағи дурусти садақаи фитрро ҳисоб кунад?
Дар аксар ҳолат, ин масъала ба виҷдони шахс вобаста аст. Вақте ин мушкил ҳал мешавад, шояд шумораи хайрияҳои фитр-садақа дар ҷомеа бештар гардад.