logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Сад сол манъ аст. Шаҳрванди Тоҷикистонро ба муддати як аср аз Русия рондаанд

Ӯро танҳо барои нақзи қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор кардаанд.

Your tj

13:2504.04.2023

Сад сол манъ аст. Шаҳрванди Тоҷикистонро ба муддати як аср аз Русия рондаанд

Як муҳоҷири тоҷик аз Русия ба муддати 100 сол ронда шудааст. Мувофиқи қарори нашршуда ин шаҳрванди Тоҷикистон аз 3 – юми апрели соли 2023 то соли 2123 ҳаққи ба Русия даромаданро надорад.

Нусхаи қарори ихроҷи Алиҷон Раҳмоновро ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Каримҷон Ёров нашр кардааст, менависад Радиои “Озодӣ”.

Ин ҷавони тоҷик ҳоло 26 – сола аст. Агар умр вафо кунад, танҳо дар 126 – солагӣ ҳаққи рафтанро ба Русия пайдо хоҳад кард.

Назари мақомоти Русия маълум нест. Ба гуфтаи Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, “Алиҷонро танҳо барои нақзи қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор кардаанд”,- омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи ӯ, дар гузашта як ҷавони дигари тоҷикро барои 99 сол аз Русия ронда будаанд.

“Вале бори аввал шоҳиди як аср ихроҷ шудани муҳоҷир аз Русия мешавем,” – меафзояд манбаъ.

Ин ҳомии ҳуқуқ гуфтааст, чунин тасмимҳоро баъзе аз мақомдорони рус замоне мегиранд, ки “муҳоҷирон барои дифоъ аз ҳуқуқи худ пойфишорӣ мекунанд”.

Дар чанд соли охир беш аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шудаанд.

Маъмулан муҳоҷиронро аз 3 то 25 сол хориҷ мекунанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

1 часов назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

2 часов назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ