Садҳо гурезагони афғон мунтазири боз шудани марз бо Тоҷикистонанд, то ба ин ҷо биёянд

Яке аз мушкилиҳои мардуми Афғонистон - дастрас кардани раводиди Тоҷикистон мебошад.


Иллюстра

Наздики 1000 нафар шаҳрвандони Афғонистон, ки дар даст раводид доранд, мехоҳанд ба Тоҷикистон биёянд. Онҳо мунтазири ба кор шурӯъ кардани фурудгоҳҳои Афғонистонанд, то ба Тоҷикистон фирор кунанд.

Абумусаввир Баҳодурӣ, роҳбари Созмони гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон “Ориёно”, мегӯяд, ки боз 1000 нафар шаҳрвандони Афғонистон бояд ба дигар кишварҳо фирор кунанд, аммо аз сабаби баста будани фурудгоҳ дар он ҷо банд мондаанд.

Яке аз мушкилиҳои дигари мардуми Афғонистон – дастрас кардани раводиди Тоҷикистон мебошад. Онҳое, ки феълан дар Афғонистон қарор доранд, мехоҳанд аз зулми Толибон ба Тоҷикистон фирор кунанд, вале наметавонанд вориди ин кишвар гарданд.

Санаи 15-уми август Толибон Кобулро забт карданду дари фурӯдгоҳ ва сарҳадро баста, нагузоштанд, ки касе аз сарҳад берун шавад. Тоҷикистон низ ба хотири таъмини амният то ҳол намегузорад, ки касе аз Афғонистон вориди Тоҷикистон гардад.

“Мехоҳам фарзандонамро ба Тоҷикистон биёрам”

Нодира Маликзай, як зани 57 солаи афғон, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад, мегӯяд,  мехоҳад, ки се писари дар Афғонистон бандмондаашро ба Тоҷикистон биёрад.

“Тоҷикистон орому амн мебошад. Аз Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки ба писаронам кӯмак кунанд, то ба назди ман омада тавонанд. Метарсам, ки онҳоро он ҷо қатл мекунанд, ҳоло писаронам аз тарс, на кор мекунанд ва на ба ҷое озод рафта метавонанд”, – мегӯяд, Нодира.

Ба мисли Нодира, Соҷида Хушбахтӣ низ аз аҳволи наздиконаш дар Афғонистон нигарон мебошад. Ин зани афғон, ки феълан дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад, гуфт, ки мебоист санаи 17-уми август бародараш бо ҳамроҳии хонаводааш ба Тоҷикистон меомад ва хоҳараш бошад, рӯзи 24-уми август ба Канада парвоз мекард, аммо бо омадани толибон онҳо натавонистанд, ки сафар кунанд.

“Акнун қариб шаш моҳ мешавад, ки ҳама мунтазири кушода шудани роҳ ҳастанд. Ҳатто аз тарс барои кор кардан низ аз хона намебароянд. Шояд дида бошед, ки ҳатто мардум ба қанотҳои ҳавопаймо часпиданд, то аз дасти толибон фирор кунанд. Мо ҳамарӯза дуо мекунем, ки наздикони мо ба наздамон биёянд. Ин ҷо ҳастем, вале фикру хаёламон дар он ҷо”, – мегӯяд, Соҷида.

Ба гуфтаи ин зан, хуб мешуд, ки бо пешниҳод кардани далелҳои қатъӣ Ҳукумати Тоҷикистон, ба наздиконашон иҷозаи вуруд диҳанд

“Мо фаҳмида будем, ки дар чунин ҳолатҳо имкон дорад, ки ба афроде, ки мушкилӣ доранд ё дар ҳолати нооромӣ ҳастанд, раводиди башардӯстона медиҳанд. Агар ин раводидро ба хешовандони мо диҳанд, зиёд хушҳол мешавем, ҷони онҳо наҷот меёбад”, – изҳор дошт, Соҷида.

Раводиди навъи “ТР” чист?

Дар бахши “Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд” сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, “раводиди транзитии навъи “ТР” мавҷуд аст.

Раводиди навъи “ТР” ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо мақсади транзит тавассути ҳудуди Тоҷикистон ба давлати таъинот ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ ва заминӣ сафар доранд, ба муҳлати то 72 соат дода мешавад.

Ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки тавассути фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба давлатҳои сеюм транзит дорад, раводид талаб карда намешавад, ба шарте ки ӯ сарҳадро тавассути нуқтаи гузаргоҳи сарҳади давлатӣ убур нанамояд.

Дар ҳолатҳои форс-мажор (заминларза, обхезӣ ва дигар ҳолатҳое, ки дар натиҷаи он парвози нақлиёти ҳавоӣ бештар аз 24 соат номумкин мегардад), шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба давлатҳои сеюм транзит доранд, метавонанд бе раводид то ба эътидол омадани вазъият, ба меҳмонхонаҳо эвакуатсия карда шаванд.

Ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ки тавассути нақлиёти сабукрави заминӣ ба давлати таъинот сафар дорад, раводиди транзитӣ ба муҳлати барои транзит зарурӣ бо хатсайри кӯтоҳтарин дода мешавад. Муҳлати мазкур аз гашти шабонарӯзии воситаи нақлиёт баробар ба 400 км ҳисоб карда мешавад.

Раводиди транзитӣ ба шарте дода мешавад, ки агар аризадиҳанда дорои раводиди давлате бошад, ки ба он тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар дорад ё ин ки раводид барои сафар ба давлати сеюм зарур набошад.

“Чӣ хел хешовандонамонро ба Тоҷикистон биёрем?”

Паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон барои  овардани наздиконашон  ба ин кишвар, метавонанд ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат кунанд. Дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон (шанбе) паноҳандагони афғон низ метавонанд, барои ҳалли мушкилоти худ муроҷиат кунанд.

“Бо масъалаи овардани наздикон ва раводид паноҳандагони афғон ба вазорат зиёд муроҷиат мекунанд. Баъзе аз онҳо мегӯянд, бародар, хоҳар ва ҳатто ҳамсар ё дигар аъзои оилаашон дар Афғонистон мондааст ва хоҳиши омадан ба Тоҷикистонро доранд. Мо то ҳадди имкон мушкилоти онҳоро баррасӣ мекунем”, – гуфтанд дар ВКХ.

Аммо маълум нест, ки дар ҳақиқат ин кор имконпазир аст ё не.

То ҳол дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ба таври электрони пур кардани  раводид имкон дорад, аммо чӣ тавре дар боло гуфтем, ҳастанд афроде, ки раводиди шашмоҳа ва ҳатто яксола доранд, вале наметавонанд аз Афғонистон берун бароянд.

“Тоҷикистон чунин имкониятро надорад”

Қаблан ҳам мо дар бораи сарояндаи машҳури Афғонистон, Маҳмуди Корвон наворе омода карда будем, ки аз Тоҷикистон кӯмак хост, то духтарашро аз дасти толибон наҷот диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Нуралӣ Давлат, таърихшинос ва таҳлилгари мустақили тоҷик мегӯяд,  масъулини Тоҷикистон ба дарназардошти омилҳои амниятӣ аз иҷозаи ворид шудани афғонҳо ба кишвар худдорӣ мекунанд

“Чунин нигарониро дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ низ доранд. Аз ҷониби дигар, теъдоди хохишмандоне, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк карда, ба хориҷа, аз ҷумла ба Тоҷикистон паноҳ баранд, зиёд аст ва табиист, ки кишвари мо чунин имкониятро надорад.  Тоҷикистон аз вазъе, ки баъди ба сари қудрат омадани толибон ба миён омада, нигарон аст. Бинобар ин, чанд муддат пеш дар ҷаласаи сарони кишварҳои СПАД раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки дар марз бо Афғонистон камарбанди амниятӣ бунёд карда шавад”, – мегӯяд, Нуралӣ Давлат.

Ба гуфтаи Нуралӣ Давлат, дар шароити кунунӣ Тоҷикистон метавонад ба таври истисноӣ, ба як қатор чеҳраҳои шинохтаи илму адаб ва фарҳанги Афғонистон, ки ба ҷони эшон марг таҳдид мекунад, паноҳгоҳ диҳад.

Ҷозеп Боррел, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ва узви Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Ютта Урпилайнен, 24-уми ноябр зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамсарҳад аст ва назорати ин марз воқеан кори осон нест.

Илова бар ин вай дар масъалаи таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистон баҳои баланд дода, зикр кард, ки омода ҳастанд, доир ба мушкилиҳое, ки бо Афғонистон рабт дорад ва ҳамчунин дар мубориза бо радикализм, терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир Тоҷикистонро кумак кунанд.

Инчунин, Ханс Фридрих Шоддер, намояндаи минтақавии Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ, зимни як брифинг дар шаҳри Душанбе доир ба баста шудани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон гуфта буд, ки ҳар як давлат ҳақ дорад марзҳояшро назорат карда, бандад ё боз кунад.

“Ё ҳар касеро, ки меояду меравад, назорат кунад. Аммо ин аз ҷониби давлат бояд тавре анҷом дода шавад, ки амнияти гурезагон таъмин гардад. Дар миёнаҳои моҳи август, Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон, ба тамоми кишварҳои ҷаҳон тавассути Вазорати корҳои хориҷии ин кишварҳо тавсия дода буд, ки сарҳадҳоро барои паноҳандагон афғон набанданд”, – гуфта буд ӯ.

Шоддер ҳамчунин натавонист дақиқ бигӯяд, ки чӣ қадар шаҳрвандони Афғонистон мехоҳанд ба Тоҷикистон биёянд.

“Ҳама чиз ба рушди авзоъ дар Афғонистон вобаста хоҳад буд ва ба худи афғонҳо вобаста аст, ки чанд нафари онҳо мехоҳанд қаламрави кишвари худро тарк кунанд”.