Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амури Русия таҳсил мекунанд, хабар додаанд, ки беш аз сад нафари онҳо аз ҷониби нерӯҳои махсуси минтақаи Хабаровск шадидан латукӯб шудаанд.
Ба нақли донишҷӯён, ҳодиса субҳи барвақти 19-уми май дар хобгоҳи донишгоҳ ва замоне руй додааст, ки донишҷӯён барои рафтан ба дарс омодагӣ медиданд.
Яке аз донишҷӯён гуфтааст, ки гурӯҳи ОМОН бо ҳамроҳии кормандони Хадамоти бехатарии федеролӣ (ФСБ) ба хобгоҳ омада, дар навбати аввал камераҳои назоратии бинои хобгоҳро хомӯш карда, сипас ба латукӯби донишҷӯёне, ки ягон амали ғайриқонунӣ содир накарда буданд, оғоз кардааст.
Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, “кормандон ниқоб дар тан доштанд ва бо таппонча ва электрошокер мусаллаҳ буданд ва дастпушакҳои кастетмонанд доштанд.
Ҳар касе, ки сабаби онҳоро латукӯб мекунанд, зарбаи иловагӣ мегирифт. Дар ин хобгоҳ донишҷӯёни миллатҳои дигар низ буданд, аммо танҳо зодагони Тоҷикистон мавриди лату кӯб қарор гирифтанд. Баъд ҳамаро дар долони хобгоҳ қатор карда ба тафтиши ҳуҷҷатҳо шурӯъ карданд”.
Низомиён ҳуҷҷату телефонҳои ҳамаро мусодира карда, шаш донишҷӯи тоҷикро бо худ бурдаанд, ки пас аз бозпурсӣ озод шудаанд. Бар асари лату кӯб ҳудуди 15 нафар донишҷӯён ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, баъзеи онҳо ҷарроҳӣ ниёз доранд.
Қаблан низ дар хобгоҳ ва донишгоҳ тафтиши ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор будааст, аммо чунин бархӯрд бо донишҷӯёни тоҷик бори аввал рух додааст.
Сабаби латукӯб чист ва дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия чӣ гуфтанд?
Вақте ҷабрдидагон ба маъмурияти хобгоҳ ва донишгоҳ муроҷиат карда, сабаби чунин бадрафториро мепурсанд, онҳо дар ҷавоб танҳо китф дарҳам кашида, ҷавоб додаанд, ки аз дасташон коре намеояд.
Рӯзи 20-уми май донишҷӯён ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия занг зада, кӯмак хостаанд. Зеро телефонҳояшонро мусодира карда буданд ва танҳо рӯзи шанбе баргардониданд. Аз сафорат гуфтаанд, “имрӯз корӣ нест ва рӯзи душанбе бо шумо тамос мегирем”. “Аммо то ҳол касе ба мо занг назад”,- гуфтааст як донишҷӯ дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ”.
Дар ҳамин ҳол масъулини донишгоҳи номбурда дар як ҷаласае, ки рӯзи 24-уми май бо донишҷӯён баргузор шуд, гуфтаанд, амалиёти низомиён дар хобгоҳ эҳтимол ба боздошти як донишҷӯи тоҷик рабт дошт. Ӯро ба гумони “фиристодани пул ба террористон” дастгир кардаанд.
Роҳбари донишгоҳ Эдуард Дмитриев дар Телеграм латукӯби дастҷамъии донишҷӯёнро рад кардааст. Ба қавли ӯ, маъмурони хадамоти муҳоҷират дар донишгоҳ санҷиш гузаронданд.
“Ҳангоми тафтиш чор донишҷӯ аз Тоҷикистон ба пулис халал расонданд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин ҳолат пешгирӣ карданд”,- афзудааст ӯ.
Як донишҷӯ ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст, як моҳ пеш як донишҷӯйи тоҷик боздошт шуда буд ва онҳо намедонистанд, сабабаш чист.
“Дар ҷаласаи рӯзи 23-юми май гуфтанд, ин амалиёт ба тақҳқиқи ҳамон ҳодиса пайванд дорад. Маъзарат ҳам нахостанд. Танҳо гуфтанд, ки метавонед телефонҳоро гиред”,- меафзояд ӯ.
Донишҷӯёни тоҷик иддао доранд, ки онҳоро на тафтиш, балки бераҳмона шиканҷа карданд. Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ҳодиса изҳори назар накардаанд.