fbpx

Сӯхтори шадид дар мактаби рақами 71-и Душанбе

Тибқи санҷишҳои пешакӣ сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани ҳавосардкунак (кондитсионер) ба амал омадааст.


1
1 point

Шаби гузашта, 22-юми июн, дар мактаби рақами 71-и шаҳри Душанбе сӯхтори шадиде ба амал омад. Тибқи санҷишҳои пешакӣ сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани ҳавосардкунак (кондитсионер) ба амал омадааст.

Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе сӯхтор соати 22:15 дақиқа дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба амал омада, масоҳати 1500 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

“Бо мақсади пурра хомӯш намудани  алангаи оташ аз ҳисоби ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт 125-нафар, аз ҳисоби сохторҳои оташнишонӣ 150-нафар, 16-адад нақлиёти ташнишонӣ ва 18-адад нақлиёти обкашонӣ (водовоз) сафарбар карда шуданд”,- омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, сӯхтор пурра хомӯш карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи санҷишҳои пешакӣ сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани дастгоҳи ҳавосардкунак (кондитсионер), ки дар ошёнаи дуюми муассисаи мазкур, дар толори маҷлисгоҳ насб карда шудааст, ба миён омадааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, сабабу омилҳо ва зарари он пурра муайян карда мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend