Сокини Ворух, ки дар Русия бо дархости Қирғизистон боздошт шуда буд, аз ҳабси пешакӣ озод шуд
Додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистони Русия рӯзи 6-уми июл Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворухи Исфараро баъди беш аз панҷ моҳи боздошт аз ҳабси пешакӣ ба шарти берун нарафтан аз макони зист, озод кардааст. Дар ин бора Фарид Абдуфаттоев бародари Фурқат Абдуфаттоев ба “Азия-Плюс” хабар додааст.
Фурқат Абдуфаттоев, сокини 45-солаи ҷамоати Ворухи Исфара 1-уми феврали соли 2021 бо дархости мақомоти интизомии Қирғизистон дар Русия боздошт шуд ва давоми ин моҳҳо дар ҳабси пешкаӣ қарор дошт. Қирғизистон аз мақомоти Русия хоста буд ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба ин кишвар истирдод кунанд.
Вай мегӯяд, ҷараёни суд ба пуррагӣ ниҳоӣ нашудааст ва бояд то санаи 2-уми август бозбинии парванда анҷом ёбад. Ҳукми ниҳоии додгоҳ дар ин рӯз маълум мегардад ва ба гуфтаи Фарид Абдуфаттоев бояд бегуноҳии бародараш исбот гардад.
Мақомоти интизомии Қирғизистон соли 2019 ҳукми боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистонро содир ва нисбаташ бар асоси моддаи “иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ” айб эълон карда ӯро ба кофтукови байналмиллалӣ қарор дод. Санаи 1-уми феврали имсол Фурқат Абдуфаттоев бо дархости Қирғизистон дар Русия боздошт ва ба ҳабси муваққатӣ гирифта шуд.
Рустами Эмомали тафтиши парвандаи куштори духтараки 7-соларо зери назорати қатъӣ гирифтааст
Дафтари матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки муроҷиати дастаҷамъонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони «Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон», ки 6 июли соли 2021 дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дорад.
“Ҳодисаи куштори ноболиғ Иноятова Руфайда, ки санаи 04.07.2021 сол дар ноҳияи Рӯдакӣ содир гардид, боиси нигаронии амиқи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ гардида, раванди тафтиши ин ҷинояти мудҳиш зери назорати қатъӣ қарор дорад”, – менависад, сомонаи расмии Маҷлиси миллӣ.
Гуфта мешавад, ки Рустами Эмомалӣ вобаста ба ҳодисаи мазкур Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф намудааст, ки ҷиҳати анҷом додани чорабиниҳои таъхирнопазири тафтишотӣ ва муайянсозии сабабу омилҳои ба содиршавии ин ҷинояти мудҳиш мусоидаткунанда тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешида, ҳарчи зудтар тибқи талаботи қонун шахсони ҷинояткор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки айни замон лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки мутобиқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ин қабил ҷиноятҳо пурзӯр карда шудааст.
Мавҷи дуюми COVID-19 монеъ нашуд. Дар Тоҷикистон омодагиҳо барои таҷлили Истиқлолият идома доранд
Ба мавҷи дуюми каронавирус нигоҳ накарда, дар Душанбе “маршировка” барои таҷлили ҷашни Истиқлолият идома дорад.
Дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҷалби 2200 донишҷӯёни донишгоҳи миллӣ ва омӯзгорӣ аз соати 6 то 10 маршировка мегузарад. Мутассадиён мегӯянд, ҳама чораҳоро оид ба паст бурдани хатари сироятёбӣ анҷом медиҳанд.
“Маршировка” дар ҳолест, ки ахиран паҳншавии дубораи коронавирус дар Тоҷикистон пазируфта шуд. Ва ситоди ҷумҳуриявӣ даъват карда буд, то ҳама гуна чорабинию ҷамъомадҳои оммавӣ бо иштироки шумораи ками одамон гузаронида шавад.
Ба гуфти мутасадиён дар як рӯз ду – се донишҷӯ аз сабаби гармии ҳаво беҳуш мешаванд, аммо нишонаҳои бемории коронавирус то ҳол дар ягон нафар мушоҳида нашудааст. Таби донишҷӯён ҳамарӯза санҷида мешавад ва онҳо бо ниқобу маҳлули безараргардонии дастон, таъмин карда шудаанд.
Ҳамагӣ ба 19 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон вояи дуюми ваксина алайҳи коронавирус гузаронида шудааст
Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон алайҳи, бемории коронавирус ваксина гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, то 6 июл дар ҷумҳурӣ 328 405 нафар ба ваксинатсия фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин ба 19 ҳазор нафар шаҳрвандон вояи дуюми ваксина гузаронида шуд.
Бояд қайд кард, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза алайҳи коронавирус ваксинатсияи ҳатмӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ кард. Акнун ҳама шаҳрвандони аз 18 сола боло бояд ҳатман алайҳи COVID 19 ваксина бигиранд.