fbpx

Рустами Эмомалӣ сармеъмори Душанберо нав кард. Ӯро мардум барои тахриби биноҳо танқид мекарданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Акс аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон сохтмони манзил зиёд шудааст

Дар Тоҷикистон дар аввали соли ҷорӣ 250,4 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин бора хабаргузоии “Авесто” дар такя ба Оҷонсии омори кишвар хабар медиҳад.

Аммо ба гуфтаи ин ниҳод, ин рақам дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли 2021 16,7% .

Гуфта мешавад, ки бештари биноҳои истиқоматии сохташуда дар вилоятҳои Суғду Хатлон мутаносибан 86,1 ва 81,2 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳанд.

Сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар ҷумҳурӣ асосан аз ҳисоби бахши ғайридавлатӣ анҷом дода мешавад.

Ташкилотҳои пудратӣ дар муҳлати муайяншуда бо қувваи худ бештар аз 1,8 миллиард сомонӣ корҳоро ба ҷо оварданд. Ин назар ба як соли пеш 522,7 миллион сомонӣ зиёд аст.

Рустами Эмомалӣ сармеъмори Душанберо иваз кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чанде пеш, рӯзи 25 апрел сармеъмори пойтахтро иваз кард.

Бо қарори раиси пойтахт Қосим Усмонзода бо хоҳиши худаш аз вазифаи сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт озод карда шудааст, хабар медиҳад шаҳрдорӣ.

Дар бораи сабаби тағйироти кадрӣ хабар дода намешавад. Минбаъд низ ӯ ба чӣ кор машғул хоҳад шуд, маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, ба ҷойи ӯ Сами Азимиён, ки қаблан ба ҳайси директори КВД “Душанбешаҳрсоз” кор мекард, таъин шудааст. Дар бораи ба ҷойи Азимиён кӣ таъин шудан ҳам маълумот дастрас нест.

Баҳси Нақшаи генералӣ ё “Генплан”-и пойтахт, ки мувофиқи он биноҳои кӯҳна тахриб шудаву биноҳои нав сохта мешаванд, чанд соли охир доғ аст.

Зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Зувайдзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки “Нақшаи генералӣ ҳуҷҷатест, ки дар он самтҳои стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва қаламрави маҳаллаҳои аҳолинишин муайян карда мешаванд ва ин ҳуҷҷати махфиест, ки набояд нашр шавад”.

Душанбе ва Боку мехоҳанд парвози мустақим боз кунанд

Тоҷикистон ва Озарбойҷон роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоиро байни Душанбе ва Боку роҳандозӣ кардан мехоҳанд, изҳор доштааст сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ дар чорабинӣ бахшида ба 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар.

“Барои афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Фикр мекунам, кушода шудани хатсайри мустақим  ба зиёд кардани гардиши молу маҳсулот имкон медиҳад”, – овардааст гуфтаҳои сафирро хабаргузории озарбойҷонии Trend.az.

Сафир ҳамчунин зикр кардааст, ки мардуми Озарбойҷон ва Тоҷикистон арзишҳои муштараки фарҳангӣ доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки барқарор шудани хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку-Душанбе имконпазир аст, зеро байни кишварҳо созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ ба имзо расидааст.

Ҳамчунин зикр шуд, ки қаблан ширкати “Тоҷик Эйр” бо ин хатсайр парвозҳо анҷом медод, лекин бо сабаби талаботи начандон зиёди мусофирон ба он, парвозҳо қатъ шуданд.

Рустам Набиев, писари президенти пешини Тоҷикистон, даргузашт

Рустам Набиев, писари Раҳмон Набиев, нахустин президенти ба таври умумихалқӣ интихобшудаи Тоҷикистон, рӯзи 25-уми апрели имсол, дар 53-солагӣ дар Хуҷанд даргузашт.

Мунаввара Набиева, хоҳари Рустам Набиев, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маросии дафни бародараш рӯзи 26-уми апрел баргузор шуд.

Сабаби марги Рустам Набиев ҳанӯз маълум нест.

Ӯ солҳо бо хоҳараш бар сари манзили падарӣ баҳси додгоҳӣ дошт. Ахиран, ба гуфтаи Мунаввара Набиева, додгоҳ баҳсро ба фоидаи бародараш ҳал карда буд.

Рустам Набиев, писари дуюми Раҳмон Набиев аст. Рашид Набиев, писари якуми ӯ соли 1997 дар 33-солагӣ ба таври мармуз фавтид.

Баъд чанд рӯзи беобӣ ба Чоркӯҳ об омадааст

Пас аз чанд рӯзи камбуди об дар баъзе маҳаллаҳои Чоркӯҳи Исфара, ба ин ҷамоат об омадааст.

Масъулони ҳукумати Исфара рӯзи 26-уми апрел бо нашри чанд акс ва навор гуфтанд, “тавассути 9 нуқтаи обгирӣ заминҳои маҳаллаи Ибод Файзуллоеву Кунҷак, Бӯстону Лангари ҷамоати Чоркӯҳ ва қисман заминҳои ҷамоати Сурх алҳол об гирифта истодаанд.”

Чанд рӯз қабл расонаҳо дар бораи мушкили камбуди об дар баъзе маҳаллаҳои ҷамоати Чоркӯҳ гузориш дода буданд. Дар гузориш сокинон гуфтанд, аз оғози моҳи апрел интиқоли об аз ҷониби деҳаи Куктоши Қирғизистон бас шудааст. Бошандагони Чоркӯҳ шикоят доштанд, ки камбуди об онҳоро дар ҳолати ногувор гузоштааст.

Дар хабарномаи ҳукумати Исфара омадааст, “ба сабаби бебориш омадани зимистони имсола дар минтақа ва камобии дарё дар баъзе мавзеъҳо камбуди об эҳсос карда мешавад.”

Мушкили камбуди об дар минтақаҳои наздимарзӣ бо Қирғизистон аз оғози ин моҳ шуруъ шуд. Ба ҷуз аз Чоркуҳ, камбуди об дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам вуҷуд дорад. Оби ҳамаи ин деҳаҳо аз Қирғизистон меояд. Мақомоти қирғиз то ҳол дар ин бора вокуниш накардаанд.

Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон ба Туркия ва Покистон сафар намуданд

Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон бо барномаи ҳунарии хеш ба шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар намуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Гурӯҳи ҳунармандон 10 апрел бо даъвати Созмони сайёҳии Ҷумҳурии Туркия ҷиҳати муаррифӣ намудани ҳунари Сирки тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва таҳким бахшидани робитаҳои фарҳангию дӯстии ҳунармандони тоҷику турк сафар намуда, барномаҳои ҳунарии хешро дар якчанд шаҳрҳои Туркия баргузор менамоянд.

Ба ҳайат ҳунармандон Сарвар Сафарзода, Мадина Назарова, Ҷомӣ Бозорзода ва Манучеҳр Шарифзода шомиланд. Интизор меравад, ки сафари ҳунармандон то 30 октябр идома ёбад.

Инчунин як гурӯҳи ҳунарии Сирки давлатӣ 25 апрел ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар намуд. Ҳайати ҳунармандон бо роҳбарии гурӯҳи дорбозон Обидҷон Иргашев ва ҳунармандон Фаррух Алиев, Нишона Нуралиева ва Ҳилола Раҷабова дар шаҳрҳои Покистон барномаҳои ҳунарии хешро баргузор менамоянд.

Сафари ҳунармандон ба Покистон то 20 октябр идома меёбад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend