fbpx

Русия, Ӯзбекистон, Дубай ва Истамбул: Шаҳрвандони Тоҷикистон ба кадом кишварҳо метавонанд парвоз кунанд?


0
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар Тоҷикистон
Акс аз маркази матбуотии Сомон Эйр

Новобаста аз баста будани марзҳо ва қатъи парвозҳои мунтазам байни кишварҳои ҷаҳон, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба Дубай, Тошканд, Истамбул ва шаҳрҳои гуногуни Русия парвоз кунанд. Your.tj санаи парвозҳо ва арзишӣ чиптаҳоро муаян кард.

Парвозҳои  Душанбе – Тошканд

Тоҷикистон аз 15-уми январи соли ҷорӣ парвозҳои мунтазамро бо Ӯзбекистон барқарор кард. Рӯзи 20 январ пас аз таваққуфи тӯлонӣ аввалин парвози мунтазам дар хатсайри Тошканд – Душанбе анҷом дода шуд.

Парвозҳоро ҳафтае ду маротиба ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” анҷом медиҳанд: “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” – рӯзҳои чоршанбе, “Сомон Эйр”- рузҳои ҷумъа.

Тибқи иттилои сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоии “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” чиптаҳои масири Душанбе – Тошканд новобаста аз рӯз ва вақти парвозҳо 1805 сомониро ташкил медиҳанд. Нархи чиптаҳои дараҷаи тиҷорӣ(бизнес класс) бошад – 3417 сомонӣ аст.

Мувофиқи маълумоти яке аз нуқтаҳои фурӯши чипта, арзиши чиптаҳои  ширкати “Сомон Эйр” дар масири Душанбе – Тошканд 1808 сомонро ташкил медиҳад. Чиптаҳои дараҷаи тиҷорӣ 2289 сомонӣ арзиш доранд.

Парвозҳо аз Душанбе ба Дубай ва  Истамбул

Дар моҳи феврал тибқи реҷаи қаблӣ ҳар ҳафта 4 парвоз дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе ва Душанбе-Истамбул-Душанбе ташкил карда шудааст.

Дар самти Душанбе-Дубай ё баръакс ҳафтае ду парвозӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «fly Dubai» анҷом дода мешавад. Тибқи иттилои нуқтаи билетфурӯшӣ дар Душанбе арзиши билетҳои дараҷаи иқтисодӣ ба самти Дубай аз 5000 сомонӣ шурӯъ мешавад.

Парвозҳо ба самти Дубай – Душанбе рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа амалӣ мешаванд. Аз самти Душанбе -Дубай бошад рӯзҳои чоршанбе ва шанбе.

Ба самти  Душанбе-Истамбул-Душанбе ё баръакс ҳафтае 2 маротибаӣ парвоз аз ҷониби ширкатҳои «Сомон Эйр»  ва «Turkish Airlines» сурат мегиранд. Парвозҳо дар ин самт рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе сурат мегирад.  Тибқи иттилои нуқтаи билетфурӯшӣ дар Душанбе арзиши билетҳои дараҷаи иқтисодӣ ба самти Туркия аз 5000 сомонӣ шурӯъ мешавад.

Ин парвозҳо бо  назардошти ҳамаи қоидаҳои беҳдоштии замони пандемия анҷом мешаванд. Кӯдакони то 6-сола аз пешниҳоди маълумотномаи гирифтор набудан ба коронавирус озоданд.

Зиёда аз 80 парвози чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия

Се ширкати ҳавопаймоии русӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба минтақаҳои гуногуни Русия ҳафтае зиёда аз 20 парвози чартерӣ анҷом медиҳанд.

Бо ин парвозҳо танҳо он шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия рафта метавонанд, ки тибқи қарори ҳукумати ФР аз 16 марти соли 2020 (№635-р) барои вуруд ба ин кишвар асос доранд. Аз ҷумла, шахсони дорои  иҷозатномаи истиқомат (ВНЖ) дар Русия, иштирокчиёни барномаи кӯчондани аҳолӣ, инчунин ҳамсару волидон ва фарзандони шахсони дар Русия қарор дошта(агар шаҳрвандии Русияро дошта бошанд), ҳуқуқ доранд, ки ба қаламрави Русия ворид шаванд. Ҳамчунин нафароне, ки  аз ширкатҳои сохтмонии Русия даъватнома гирифтаанд.

Бино ба иттилои намояндагии ширкати “Уралские авиалинии” дар Тоҷикистон, онҳо  ҳар ҳафта 18 парвози чартериро ба шаҳрҳои гуогуни Русия аз се шаҳри Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Арзиши камтарини билети ин ширкат аз 4 ҳазор сомонӣ оғоз мешавад.  Нархи билетҳо вобаста аз талаботи муҳоҷирон метавонанд тағйир ёбанд. Парвозҳо дар рӯзҳои мазкур анҷом мешаванд:

Душанбе – Жуковский ҳар ҳафта як маротиба рӯзи якшанбе;

Душанбе – Қазон ҳар ҳафта як маротиба рӯзи душанбе;

Душанбе – Красноярск ҳар ҳафта як маротиба рӯзи душанбе;

Душанбе – Самара ҳар ҳафта як маротиба рӯзи сешанбе;

Душанбе – Санкт-Петербург ҳар ҳафта як маротиба рӯзи сешанбе;

Душанбе – Ростов-на-Дон ҳар ҳафта як маротиба рӯзи душанбе;

Душанбе – Уфа ҳар ҳафта як маротиба рӯзи душанбе;

Душанбе – Новосибирск ҳар ҳафта як маротиба рӯзи душанбе;

Хуҷанд – Жуковский ҳар ҳафта як маротиба рӯзи душанбе;

Хуҷанд – Красноярск ҳар ҳафта як маротиба рӯзи душанбе;

Хуҷанд – Самара ҳар ҳафта як маротиба рӯзи якшанбе;

Хуҷанд – Санкт-Петербург ҳар ҳафта як маротиба рӯзи ҷумъа;

Хуҷанд – Уфа ҳар ҳафта як маротиба рӯзи чоршанбе;

Хуҷанд – Ростови лаби Дону ҳар ҳафта як маротиба рӯзи панҷшанбе;

Хуҷанд – Қазон ҳар ҳафта як маротиба рӯзи шанбе;

Кӯлоб – Жуковский ҳар ҳафта як маротиба рӯзи якшанбе;

Кӯлоб – Домодедово ҳар ҳафта як маротиба рӯзи шанбе;

Кӯлоб – Санкт-Петербург ҳар ҳафта як маротиба рӯзи ҷумъа.

Дар намояндагии ширкатҳои «ЮтЭйр» ва «S7» дар Тоҷикистон ба Your.tj гуфтанд, ки онҳо ҳар ҳафта як бор парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд.

«Ют Эйр» аз Душанбе ҳар ҳафта рӯзи шанбе ва баъзан рӯзҳои панҷшанбе ба Маскав парвоз анҷом медиҳад. Нархи камтарини билети «Ют Эйр» – 5 ҳазору 150 сомониро ташкил медиҳад.

Ширкати «S7» дар хатсайри Душабе -Новосибирск рӯзи панҷшанбе парвоз мекунад. Арзиши билет ба ин самт аз 4 ҳазору 500 сомонӣ оғоз мешавад.

Зиёда аз 100 парвоз аз Русия ба Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон бо Русия барои анҷоми парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Душанбе ба мувофиқа расиданд. Ширкати “Сомон Эйр” назар ба моҳҳои қаблӣ ба ин кишвар камтар парвоз мекунад,  хабар доданд ба Your.tj дар Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон.

“Парвозҳо мисли ҳарвақта ташкил шудаанд. Ҳамарӯза аз Маскав ба Душанбе 3 парвози чартерӣ ва боқимонда аз шаҳрҳои дигари Русия хоҳанд буд. Ҳамчунин тағйирёбии шумораи парвозҳо аз талаботи мусофирон вобаста аст”, – гуфтанд дар агентӣ.

Билетро ба парвозҳои Русия – Тоҷикистон аз куҷо бояд харид?

Билетҳои парвозҳои чартерӣ бо нархи 395 евро дар намояндагиҳои расмии ширкати “Сомон Эйр” дар шаҳрҳои гуногуни Русия фурӯхта мешаванд:

Маскав – Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово, хазинаи №88 ва №40, тел: 89295994541

Маскав, кӯч. 2-юми Тверу-Ямск, хонаи 40/3, бино 1, меҳмонхонаи «Тоҷикистон», тел: 89264550055

Вилояти Маскав, навоҳии шаҳрииДомодедово, 40 км А-105, бинои 3, меҳмонхонаи «Ибис», тел. 8 4956400451

Санкт-Петербург – Фурудгоҳи  Пулково, тел: 89775205886

Санкт-Петербург – Хиёбони Маскав, литер А, бино 7, ҳ. 40Н, тел: 89775205886

Новосибирск – Фурудгоҳи байналмилалии Новосибирск (Толмачево) тел: 891611335998, 89035120420

Екатеринбург – кӯч. Техническая, бинои 35. Тел:  89175681253

Красноярск – Фурудгоҳи байналмилалии Красноярск. Тел:  89161133599, 89035120420;

Иркутск – шаҳри Ангарск, микрорайони 11, бинои 19, офис № 4, тел: 89161133599, 89035120420;

Қазон – Фурудгоҳи Қазон, тел: 89035120420

Уфа – Фурудгоҳи байналмилалии Уфа, тел: 89035120420

Сургут – к. Георгий Кукуевитский, 15/1 тел: 89035120420

Краснодар – Фурудгоҳи байналмилалии Краснодар, тел: 89175681253

ДИҚҚАТ!!! Мусофирон барои истифода аз парвозҳои болозикр бояд бо худ маълумотномаи гирифтор набудан ба бемории коронавирусро, ки на дертар аз 72 соати пеш аз парвоз тасдиқ шудааст, дошта бошанд.

Агар Шумо мехоҳед аз парвозҳои самти Тоҷикистон ба Русия исфода кунанд, пеш аз харидории чиптаҳо хоҳиш мекунем бо маводи дигарии мо оид ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия  бодиққат шинос шавед.

Малика Сафарзода, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend