Русия муҳлати эътибори санадҳои тиббии муҳоҷиронро то як сол тамдид кард

Пешниҳоди раиси театри Бохтар: Ба Аловуддин Абдуллозода мукофоти давлатии Рӯдакӣ диҳед

Саидзода Отахон, мудири театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз номи аҳли ҳунари театри мазкур ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба Аловуддин Адуллозода, ҳунарманди нотакрору зиндаёди тоҷик мукофоти давлатии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ дода шавад.

“Ба поси хизматҳои бузургу арзандаи ин ҳунарманди асили санъати театру синамои тоҷик, мутмаинам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ин пешниҳоди аҳли ҳунари театрро дастгирӣ мекунад”, – таъкид кардааст номбурда.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар рӯзи фавти Аловуддин Абдуллозода низ ҳаводорони ҳунари ӯ дар сомонаҳои иҷтимоӣ хоҳиш карданд, ки ӯро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супоранд.

Ҳамчунин, чанде пеш рӯзномаи вилоятии “Хатлон” низ ба Сиҷоуддин Саломзода, шаҳрдори Бохтар пешниҳоди қадрдонии ҳунарманди машҳур Аловуддин Абдуллозодаро карда буд.

Аз шаҳрдорӣ хоҳиш шуда буд, ки Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба номи Абдуллозода гузошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки Аловуддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори машҳури тоҷик рӯзи 17-уми феврал бар асари сактаи қалб даргузашт.

ИМА бар зидди Донтеск ва Луганск таҳрим ҷорӣ кард

Президенти ИМА Ҷо Байден зидди давлатҳои худхондаи Донетск ва Луганск таҳрим ҷорӣ кард. Фармони таҳрим дар сомонаи Кохи сафед нашр шуд.

Бар асоси ин таҳрим, шаҳрвандони ИМА ҳақ надоранд, ки дар иқтисоди Донестк ва Луганск сармоягузорӣ кунанд. Ба илова, воридоту содирот аз ҳудуди Донетску Луганск ба ИМА манъ шуд. Ҳамчунин, бар асоси ин фармон, ҳар касе, ки дар Донетск ва Луганск ба фаъолият мепардозад, шомили таҳримҳо мешавад.

Ҳамаи дороиҳои марбут ба афроде, ки ба Донетск ва Луганск алоқа доранд, дар ИМА ба ҳабс гирифта мешаванд.

“Эътирофи Ҷумҳурии мардумии Донетск ва Ҷумҳурии мардумии Луганск аз сӯи Русия, ки қаламрави Украина ҳастанд, хилофи уҳдадориҳои Русия дар доираи созишномаи Минск аст ва (эътирофи ин ду ҷумҳурӣ) ба сулҳу устуворӣ ва истиқлолу ягонагии арзии Украина таҳдиди бештар ба бор меорад”, – омадааст дар фармон.

Ба ин тартиб, ин эътироф “ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии ИМА хатари ғайриоддӣ ва фавқулодда дорад”, зикр шудааст дар фармон.

Линда Томас-Гринфилд, намояндаи доимии ИМА дар Шӯрои амнияти СММ дар ҷаласаи фаврии ин шӯро гуфт, Путин “созишномаи Минскро пора-пора кард”. Вай ҳамзамон илова кард, Москва даъвои соҳиб шудан ба ҳудудҳои империяи Русияро дорад, ки 100 соли пеш, то замони Иттиҳоди Шӯравӣ, мавҷуд буд.

“Путин мехоҳад, дунё ба гузашта, ба замоне баргардад, ки ҳанӯз Созмони милали муттаҳид мавҷуд набуд ва дунёро империяҳо идора мекарданд. Аммо дунё дигар пеш рафтааст. Ҳоло соли 1919 нест, балки соли 2022 аст”, – гуфт Томас-Гринфилд.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид шаби душанбе пас аз он, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия истиқлоли минтақаҳои ҷудоиталаби шарқи Украинаро ба расмият шинохт, нишасти фавқулодда баргузор кард.

Русия муҳлати эътибори санадҳои тиббии муҳоҷиронро то як сол тамдид кард

Вазорати тандурустии Русия муҳлати эътибори санадҳои ташхиси тиббии муҳоҷиронро як сол таъйин кард. Дар ин бора аз вазорати тандурустии Русия хабар доданд.

Ҳамзамон, ба иттилои ин вазорат, номгӯи санадҳои ҳатмии тиббӣ барои муҳоҷирон кам шудааст: аз ҷумла талаби ташхиси муътодӣ ба маводи мухаддир барои кӯдакони 13-сола поён бекор гардидааст. Ҳамчунин аз номгӯи бемориҳои гузаранда коронавирусро баровардаанд. Тартиби нави ташхиси тиббӣ аз 1 марти соли 2022 ба иҷро медарояд.

Президенти Русия Владимир Путин 1 июли соли 2021 дар робита ба муҳоҷирон қонунеро имзо кард. Бар асоси он қонун, ҳар шаҳрванди хориҷие, ки вориди Русия мешавад ва нияти бештар аз 3 моҳ мондан дар он кишварро дорад, вазифадор аст, изи ангушт ва ташхиси тиббӣ супорад.

Муҳоҷирон вазифадор шудаанд, ки давоми 30 рӯзи баъди вуруд ба Русия аз ин ташхис гузаранд. Талаботи нав навбатпойии тӯлониро дар маркази Сахаровои наздики Москва барои муҳоҷирон ба бор овард.

Дар Суғд сабаби муҳоҷирати табибонро гуфтанд 

Мақомоти тандурустӣ дар вилояти Суғд дар шарҳи рӯй овардани табибони тоҷик ба муҳоҷират гуфтанд, бино ба мушоҳидаҳо аксари табибон баъди анҷоми барномаҳои махсус ва дарёфти  имтиёз ба гирифтани хона ва шаҳрвандӣ аз муҳоҷират баргашта истодаанд. Аммо оморӣ дақиқи табибони ба ватан баргашта гуфта нашуд.

Бино ба иттилои Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд соли гузашта 183 табиб ба хотири муҳоҷирати меҳнатӣ, такмили ихтисос ва таҳсил ба кишварҳои хориҷа рафтаанд.

Ҳабибулло Муҳиддинов, сардори ин Раёсат зимни нишасти хабарӣ гуфт, қиме аз онҳо “баъди хатми ординатура ва ҳимояи рисолаи номзадӣ баргашта омада истодаанд”. Ӯ аз шумори дақиқи табибони аз муҳоҷират баргашта ёдовар нашуд, вале афзуд гурӯҳе аз табибон барои дарёфти имтиёз рӯй ба кишварҳои дигар меоранд.

“Муҳоҷират натанҳо дар соҳаи тандурусӣ, балки дар ҳамаи соҳаҳо ҳаст. Мушкили норасоии духтурон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо мавҷуд аст, корбарӣ карда истодаем. Чи хеле, ки медонед барномаҳое, ки аз тарафи давлатҳои ҳамсоя барои ҷалби мутахассисон мавҷуд аст, аз ҷумла дарёфти шаҳрвандӣ ё гирифтани хона, аз он истифода бурда, баъдан бисёрашон аз рӯйи мушоҳидаҳо баргашта истодаанд”.

Мақомоти тандурустӣ муҳоҷрати табибон ба хориҷи кишварро аз чанд ҷиҳат муҳим низ мешуморанд. Аз ҷумла ба гуфтаи Ҳабибулло Муҳиддинов “тақрибан 30 дарсади табибоне, ки аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар мераванд дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷа аз такмили ихтисос мегузаранд ё рисолаи илмӣ ҳимоя мекунанд”.

Ба ақидаи ӯ гурӯҳе аз табибон, баъди ду соли хатми ординатура бо донишу таҷрибаи нав бармегарданд ва гурӯҳе барои омӯзиши баъзе намуди амалиёти ҷарроҳӣ рӯй ба кишварҳои хориҷӣ овардаанд, ки чунин намуди ҷарроҳӣ ё табобат дар Тоҷикистон мавҷуд нест.

“Рафту омад шавад ба назарам ба соҳаи тандурустӣ, табобат ва ҷарроҳӣ дар мо манфиати худро мерасонад. Бисёрияшон рафта баргашта омада истодаанд ва дар як сол мо 397 табибро ба кор қабул кардем, байни онҳо аз муҳоҷират баргаштаҳо низ ҳастанд”,-гуфт, Ҳабибулло Муҳиддинов

Ҳарчанд сардори Раёсати тандурустӣ шумори дақиқи табибони аз кор рафта дар соли гузаштаро зикр накард, вале гуфт ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Спитамен ба табибон ва кормандони миёнаи тиб ниёз аст.

Дар пайи мушкили норасоии табибон, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муҳоҷират рӯй овардани табибону омӯзгоронро ташвишовар хонд. Вай дар нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта 17 нафар пизижк тарки кор карда, 7 нафар аз онҳо ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ рафтанд. Боқимонда 5 нафар ҷойи кории худро иваз карда, 4 нафар ба кори дигар гузашта ва 1 нафар фавтидааст.

Skip to toolbar