logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Русия дар чор моҳ беш аз 19 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст

Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 600 нафар камтар будааст.

Your tj

16:2627.05.2025

Русия дар чор моҳ беш аз 19 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст

Дар давоми чор моҳи охир мақомоти Русия беш аз 19,1 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ ва шахсони бешаҳрвандиро аз ҳудуди кишвар ихроҷ намудаанд.

Дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, вале шумораи дақиқи онҳо зикр нашудааст.

Дар ин бора хабаргузории “Интерфакс” иттилоъ додааст.

Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 600 нафар камтар будааст. Дар чор моҳи соли 2024 шумораи ихроҷшудагон 21,7 ҳазор нафарро ташкил медод.

Сабаби коҳиши миқдори ихроҷ, ба иттилои дафтари матбуоти идораи додгоҳҳои Русия, тамдиди муҳлати қонунигардонии ҳузуру фаъолияти муҳоҷирон то санаи 10-уми сентябри соли 2025 мебошад.

Ёдовар мешавем, охири моҳи декабри соли гузашта президенти Русия фармонеро имзо кард, ки бар асоси он муҳоҷирони ғайриқонунӣ уҳдадор шуданд то 30-юми апрели соли 2025 будубош ва фаъолияти худро дар Русия расман қонунӣ кунанд. Баъдтар, ин муҳлат то 10-уми сентябр дароз карда шуд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

1 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

1 дня назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

5 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

9 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ