Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:2221.10.2024
Мақомоти Тоҷикистон рӯйхати беш аз 120 ҳазор шаҳрвандони кишварро нашр карданд, ки гуфта мешавад, онҳоро дар Русия ҳамчун “қонуншикан” ба қайд гирифтаанд.
Феҳристи мазкурро Вазорати корҳои дохилии Русия тартиб додааст ва гуфта мешавад, ин нафарон зери назорат ҳастанд.
Дар ин бора рӯзи 18-уми октябр Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
Вазорати меҳнат, Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ рӯйхати мазкурро дар сомонаҳои худ ҷойгир кардаанд.
Аз рӯи минтақаҳои Тоҷикистон рӯйхати шаҳрвандонро дар ин ҷо дидан мумкин аст:
Муҳоҷирон метавонанд барои фаҳмидани будан ё набудани номи худ дар феҳристи тартибдодаи ВКД-и Русия аз ин сомонаҳо истифода баранд.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, дар Русия тағйиру иловаҳо ба қонунҳои будубоши хориҷиён воридгардида аз 5-уми феврали соли 2025 мавриди иҷро қарор мегиранд.
Гуфта мешавад, баъди қабули ин қонунҳо дар Русия низоми нави ихроҷ ба роҳ монда мешавад. Аммо дар бораи ин низом дақиқ гуфта нашудааст.
Барои маълумоти бештар бо ин рақамҳо тамос гирифтан мумкин аст:
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: 250-32-40; 250-32-09; 250-32-42,
Хадамоти муҳоҷират: 225-05-95; 225-05-89; 225-05-77.
Вазорати корҳои дохилӣ: 227-86-31; 221-98-12; 93 876 26 26; 93 922 06 84.
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
19 часов назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
19 часов назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
1 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
4 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
7 дня назад