Русия барои пардохти нафақаи муҳоҷирони тоҷик иҷоза дод

Барои ин аз буҷаи ин кишвар дар як сол аз 323 миллион то 1 миллиард рубл ҷудо мешавад.


Муҳоҷири меҳнатии тоҷик

Ҳукумати Русия созишномаи ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи нафақаро тасдиқ кард. Дар соли ҷорӣ Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар ҳуқуқи гирифтани нафақаро доранд, 321 миллион рубл, дар соли 2023 – 444 миллион рубл ва дар соли 2024 – 1 миллиарду 110 миллион рубл ҷудо мекунад.

“Лоиҳаи қонуни федералӣ “Дар бораи тасвиби Шартномаи ҳамкорӣ миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа” тасдиқ ва бо тартиби муқарраршуда ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда шавад”, – омадааст дар хабари сомонаи расмии щукумати Русия.

15 сентябри соли 2021 дар Душанбе созишномаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар заминаи таъмини нафақа ба имзо расида буд.

Ин шартнома соли 2014-15 аз ҷониби Русия омода шуда буд ва тӯли ин солҳо дар ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ гардида ниҳоят қабул шуд.

Дар ин давра 7 маротиба гуфтушуниди байни масъулини Тоҷикистон ва Русия баргузор шуда буд, ки ниҳоят моҳи марти соли гузашта ба ин масъала нуқта гузошта шуд.

Бар асоси ин шартнома, шаҳрвандони Русия, ки низ дар Тоҷикистон кор мекунанд ва суғуртаи иҷтимоӣ кардаанд аз ҷониби Тоҷикистон ба онҳо нафақа пардохт мешавад.

Барои дарёти нафақа чӣ кор бояд карду чӣ гуна ҳуҷҷат омода намуданро пурра дар маводи дигари мо бихонед!