Русия 200 зани маҳбуси тоҷикро ба ватан мефиристад

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова изҳор доштааст, ки аз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар посух ба дархости худ дар бораи истирдоди занони тоҷик, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҷазо мекунанд, ҷавоби мусбат гирифтааст.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, Москалкова гуфтааст, ки занони маҳбуси хориҷӣ дар зиндонҳои Русия бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ мешаванд. Аз ҷумла, онҳо имкони мунтазам дидани наздиконашонро надоранд.

Мавзӯи истирдоди ин гурӯҳи маҳбусон бори аввал моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода дар нишасти хабарӣ матраҳ шуда буд. Он замон гуфта мешуд, ки шумораи заноне, ки хоҳиши интиқол ба Тоҷикистонро доранд, беш аз 150 нафарро ташкил медиҳад. Ҳоло ин рақам, тибқи маълумоти нави Русия, метавонад то 200 нафарро дар бар гирад.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфта буд, ки ин масъала қаблан низ дар ҷараёни сафари Москалкова ба Тоҷикистон, ки дар ҳошияи сафари Президенти Русия сурат гирифта буд, баррасӣ шудааст. Баъдан, пас аз бозгашт ба Маскав, вай ба номи Президенти Тоҷикистон номаи расмӣ ирсол кардааст.

Бо вуҷуди гирифтани “посухи мусбат”, ҷузъиёти ин мувофиқа, аз ҷумла муҳлат ва тартиби эҳтимолии истирдод, то ҳол расман шарҳ дода нашудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки оё худи маҳбусон бо чунин дархост муроҷиат кардаанд ё ин ташаббус аз ҷониби ниҳодҳои ҳуқуқи инсон пешниҳод шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Умед Бобозода қаблан таъкид карда буд, ки барои қабули ин маҳбусон дар дохили кишвар бояд шароити лозима фароҳам оварда шавад. Ба гуфтаи ӯ, масъалаи омода кардани муассисаҳои ислоҳӣ барои ҷойгир кардани ин занон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Тибқи маълумоти расмӣ, айни замон дар муассисаи ислоҳии занона дар шаҳри Норак 471 зан адои ҷазо мекунанд. Ҳамчунин, 11 кӯдаки то сесола бо модарони худ дар ин муассиса нигоҳдорӣ мешаванд. Тибқи қоидаҳо, кӯдакон то синни се солагӣ метавонанд бо модарони худ бошанд ва баъдан ба парастории наздикон супурда мешаванд.

Skip to toolbar