Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаҳои марзиро якҷоя таҳқиқ мекунанд
Бо ҳадафи ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ ҳокими ноҳияи Бодканди Қирғизистон Учкунбек Жоробоев бо раиси ноҳияи Исфараи Тоҷикистон Баҳоваддин Баҳодурзода мулоқот кард.
“Мо ба созиш расидем, он ҳодисаҳоеро якҷоя таҳқиқ кунем, ки ба сӯи нақлиёт санг партофта мешавад. Ба ҷуз ин, созиш ҳосил кардем, ки барои пешгирӣ аз шиддат гирифтани вазъ дар арафаи ҷашнҳои солинавӣ якҷоя чораҷӯӣ кунем. Барои амалӣ кардани ин созишҳо кормандони пулиси ду кишвар фаъолияти якҷоя мебаранд”, – гуфт Учкунбек Жоробоев.
Мақомоти қирғиз хабар доданд, ки рӯзи 26-уми декабр назорати марз бо Тоҷикистонро пурзӯр кардаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар хабарномае гуфтааст, ки рӯзи 25-уми декабр марзбонони тоҷик дар мавзеи баҳсии марз миномёт гузоштаанд ва дар рӯ ба рӯи деҳаи Дамба ва Мақсад ҳузури бештари низомиёни тоҷик мушоҳида шудааст.
Русия 120 ҳазор муҳоҷири тоҷикро авф кард. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мунтазири рӯйхат аст
ВКД Русия манъи вуруди 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар қаламрави Русия қонуншиканиҳои ночиз содир намудаанд, бекор кард. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумот дар бораи авфи шаҳрвандонро тасдиқ карданд.
“Айни замон масъалаи аз ҷониби Русия пешниҳод шудани рӯйхати пурраи шаҳрвандони “авфшуда”-и Тоҷикистон баррасӣ мешавад”, – хабар доданд аз Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон.
Маълумот дар бораи авфи шаҳрвандони Тоҷикистонро намояндаи ВКД Русия дар Тоҷикистон Алексей Егоров 27 декабр зимни нишасти хабарии худ иттилоъ дод, хабар медиҳад ТАСС.
“Дар доираи як қатор созишномаҳои имзошуда дар моҳи сентябри соли 2021 ба истилоҳ маъракаи авфи шаҳрвандони Тоҷикистон гузаронида шуд, ки ба онҳо барои содир намудани қонуншиканиҳои начандон назаррас вуруд ба қаламрави Русия манъ шуда буд, – хабар дод Егоров. – Дар чаҳорчӯби ин иқдом 120 ҳазор нафар мавриди авф қарор гирифтанд”.
“Барқи Тоҷик” расман қарордоди фурӯши барқ бо Афғонистонро шарҳ дод
Байни ширкати “Барқи Тоҷик” ва ширкати “Брешно” қарордоди содироти барқ аз соли 2008 амал менамояд. Он ба муддати 20 сол баста шуда, то соли 2028 идома дорад, хабар медиҳад, дафтари матбуотии ин ниҳод.
“Қарордоде, ки рӯзи 26 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ба имзо расид, ин қарордодаи иловагӣ буда, ҳама сола барои муайян намудани ҳаҷми барқи интиқолшаванда, барои соли оянда амалӣ мегардид”,- афзудааст манбаъ.
Мувофиқи ин қарордоди иловагӣ соли 2022 ширкати “Барқи Тоҷик” ба ширкати “Брешно” дар фаслҳои гарм, аз моҳи май то сентябр, ҳар шабонарўз то 400 МВТ барқ интиқол хоҳад дод.
“Гап сари он, ки кишвари мо дар ин давра барқи фаровон дорад ва харидори асосии он ширкати “Брешно” ба шумор меравад. Маблағе, ки аз содироти барқ зимни ин қарордод ҳар сол ба даст меояд, барои рушди системаи энергетикӣ хеле зарур аст”, – таъкид кардааст “Барқи Тоҷик”.
Рустами Эмомалӣ дар бархе маҳаллаҳои Душанбе чорводориро иҷозат дод
Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе, чорводориро дар баъзе аз минтақаҳо, ки ахиран аз қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ба пойтахт пайвастанд, барои ду соли оянда иҷозат дод.
Соли 2019 порлумони Тоҷикистон парвариши чорво дар ҳудуди Душанберо манъ карда буд. Сокинони маҳаллаҳои атрофи пойтахт борҳо аз манъи парвариши чорво шикоят карда буданд.
Дар қарори шаҳрдорӣ гуфта шудааст, ки ба хотири таъмини бозори пойтахт бо маҳсулоти гӯштиву ширӣ, муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти аввалия, муввақатан парвариши чорво иҷозат дода мешавад.
Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи вакилони пойтахт гуфтааст, “аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз ҳафтуним ҳазор гектар замин ва 70 маҳалла ба қаламрави пойтахт ворид гардиданд, ки дар аксарияти хоҷагиҳо чорво парвариш карда мешавад.”
Шарҳи расмии муноқишаи хунин дар Панҷакент: додситонӣ таҳқиқ мекунад
Ба гузориши ВКД, муноқишаи маргбор 26-уми декабри соли 2021, тахминан соати 13:50 дар рӯ ба рӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, чаҳор нафар аз ҷавонони 18 ва 19-солаи сокинони шаҳри Панҷакент бо маслиҳати пешакӣ бо се нафар ҷавони 17, 21 ва 23-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурдагон задаанд, ки онҳо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ин ниҳод сабабҳои задухӯрд ва ҳувияти иштирокчиёни ин ҳодисаро расонаӣ накардааст.
Гуфта мешавад, нисбати гумонбарони ҳодисаи мазкур бо моддаи 104, қисми 2, бандҳои “а”, “к” ва моддаи 237, қисмҳои 2, 3, бандҳои “а”, “б”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи прокуратураи шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Як зодаи Тоҷикистонро дар Русия ба ҳабси абад маҳкум карданд
Додгоҳи Перми Русия рӯзи 27-уми декабри имсол шаҳрванди Тоҷикистон Шоҳназар Шозафаровро ба ҳасби абад маҳкум кард.
Шозафаров ба куштани ҳамсари ҳомилааш, Шабнами 21-сола ва падарарӯси 48-солааш гунаҳкор шинохта шуд.
Додгоҳ ҳамчунин маҳкумшударо ба пардохти беш аз 9 миллион рубл товон ба ҷабрдидаҳо вазифадор намуд.
Бино ба хулосаи тафтишот ва додгоҳ, Шозафаров 3-юми феврали имсол дар шаҳри Перм аввал ҳамсарашро кушта, сарашро аз тан ҷудо карда ва сипас дар рӯи ҳавлии бинои истиқоматӣ падарарӯсашро бо тақрибан 60 зарби корд ба ҳалокат расондааст.
Кушташудаҳо дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт, зодгоҳи духтару падар, ба хок супурда шуданд.