fbpx

“Рушди иқтисод – як сабаби “лимит”-и барқ”, 93 рӯзи ғуборолуд дар як сол, марги боз як сарбоз дар артиш

Мухтасари ин ва дигар хабарҳои муҳимтарини рӯз.


0
Вазири энергетика ва захираҳои обӣ
Далер Ҷумъа

Мақомот гуфтанд, “бо як сарбоз барои нос ҷанг кард”, волидон мегӯянд, “ӯ нос намекашид”. Сарбоз чӣ тавр ба ҳалокат расид?

Сарбози 18-солае бо номи Умед Бекназарзода, ки тирамоҳи соли 2023 ба артиш пайваста буд ва дар шаҳри Исфара хизмат мекард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Дафни як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷанги Украина кушта шудааст.

Мақомот ҳангоми додани ҷасад ба волидонаш гуфтаанд, ки “Умедҷон бо як сарбози дигар барои нос ҷанг кард ва дар натиҷа ба ҳалокат расид”.

Ба қавли падараш, Тоҷиддин Бекназарзода, “вақте ҷасадро оварданд, аз пушти сараш хун мерафт.”

“Бародараш ҷасади Умедҷонро шуст. Дар пушти сараш шикофи калонро дидааст. Писари ман ҳеч гоҳ нос намекашид. Агар бо сарбози дигар ҷанҷол мекарду мефавтид, ҳатман падару модари ӯ барои узрхоҳӣ ба хонаи мо меомаданд. Аз маргаш як ҳафта мегузарад, дараки касе нест,” – нақл кардааст падари сарбози ҳалокшуда ба ин расона.

Падари ин сарбоз гуфтааст, ки масъулони қисми ҳарбӣ сабаби асосии ба марг расидани фарзандамро бояд фаҳмонанд.

Умедҷон Бекназарзода фарзанди калонии хонавода будааст ва пас аз як соли муҳоҷирати корӣ аз Русия ронда шудаву ба хидмат рафтааст.

“Рушди иқтисод – як сабаби “лимит”-и барқ”

Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 1-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт “аз ҳисоби суръати рушди иқтисод талабот ба барқ бештар шуд”. Ба гуфтаи ӯ, ин як сабаби маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон будааст.

Шамъ дар торикӣ
“Лимит”-и барқ давом меёбад

Мувофиқи омори расмӣ соли 2023 иқтисоди Тоҷикистон 8,3 фоиз рушд кардааст.

Қаблан сабаби ширкати “Барқи Тоҷик” маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро камии об дар обанборҳо гуфта буданд.

Чанде пеш “Азия-Плюс” навишта буд, ки Тоҷикистон танҳо дар моҳи ноябри 2023 ба хориҷа ба маблағи зиёда аз 1,9 миллион доллар нерӯи барқ додааст.

Дар гӯшаҳои кишвар аз тирамоҳ инҷониб лимити барқ ҷорӣ аст.

93 рӯзи ғуборолуд дар як сол

Дар соли 2023 дар Душанбе беш аз 93 рӯзи ғуборолуд буд.

Дар ин бора сардори раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Сангин Самиев дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ҳавои ифлос дар Душанбе
Акс аз сомонаи Авеста.

Ӯ гуфт, ки иллати аслии олуда шудани ҳавои шаҳр тӯфони чангу ғубор аст.

“Ҳамчунин омилҳои антропогенӣ мавҷуданд, ки аз ҷониби мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ муайян карда мешаванд. Тибқи ин маълумот, 33 дарсади олудагии ҳаво аз омилҳои табиӣ, аз қабили тӯфони чангу ғубор бармеояд”,- гуфт Сангин Самиев.

Зимнан зикр гардид, ки аз соли 2016 дар Тоҷикистон мониторинги автоматии сифати ҳаво роҳандозӣ шудааст. Маълумоти миёнаи ҳаррӯза ба шӯъбаҳо ва кумитаҳои дахлдор пешниҳод карда мешавад.

Блогерони тоҷик 33,5 миллион сомонӣ даромад доштаанд

Дар соли 2023 блогерони тоҷик 2,5 миллион сомонӣ андоз супоридаанд.

Нашрияи расмии Кумитаи андоз “Боҷу хироҷ”менависад, ки блогерони тоҷик дар умум 33,5 миллион сомонӣ даромад доштаанд.

Рафаэл Гулов ва Шоира Пулотова дар маросими супоридани ҷоизаи ТОП-10 блогерони Тоҷикистон
Блогерони тоҷик

Тибқи иттилои ин ниҳод, то 1-уми январи соли 2024 91 блогер сабти ном шудаанд. Соли гузашта шумораи блогерони сабтиномшуда ба 60 нафар мерасид.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки баъзе аз блогерон даромади худро пинҳон мекунанд ва баъзеи онҳо худро ҳамчун андозсупоранда сабт накардаанд.

Дар Тоҷикистон сабтиноми блогерон аз соли 2020 оғоз шуда буд.

Идомаи сардиҳо ва боришот дар Тоҷикистон

Рӯзҳои 3-4 феврал дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор идома дошта, дар аксари манотиқ боридани борону барф пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ.

улица Рудаки в Душанбе зимой
Your.tj

Ба иттилои манбаъ, ба истиснои ВМКБ, рӯзҳои 1-4 феврал дар аксари манотиқи ҷумҳурӣ туман мефарояд, ки боиси бад шудани дидани фосилаи то 500 метр мегардад.

Рӯзҳои 1-2 феврал ҳарорати шабона дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ то 15-20 дараҷа сард мешавад. Бар асари коҳиши ҳарорати шабонаи ҳаво рӯзҳои 1-4 феврал дар роҳҳои ноҳияҳои кӯҳии кишвар яхбандӣ дар назар аст.

Дар давоми 24 соати наздик эҳтимоли фаромадани тарма дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ афзоиш меёбад.

КҲФ аз шаҳрвандони муқими кӯҳистонӣ ва кӯҳистонӣ дархост мекунад, ки дар ин давраҳо аз шикор, чаронидани чорво дар чарогоҳ, моҳидорӣ ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ кунанд.

 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend