fbpx

Россия рӯйхати шахсонеро тартиб медиҳад, ки аз сафарбаркунӣ гурехтаанд

Мухтасари муҳимтарин хабарҳои рӯз


-1
-1 points

Мадумаров Тошиевро барои овардани аслиҳа ба порлумон гунаҳкор мекунад

Яке аз вакилони шинохтаи Қирғизистон, Адахон Мадумаров, аз порлумони ин кишвар хостааст, рафтори Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллиро баррасӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Тошиев бар хилофи қонун ба маҷлисгоҳи вакилони мардумӣ аслиҳа овардааст.

Мадумаров рӯзи 28-уми сентябр дар ин ҷаласа гуфтааст: “Ин воқеият, ки раиси Кумитаи амният ба порлумон ду қуттӣ аслиҳа меорад, амали барбарона аст. Ҳамчун ниҳоди қонунгузор мо бояд қонунманд будани ҳар амалеро арзёбӣ кунем, вагарна бояд бидонем, ки Маҷлиси намояндагон вазифаи худро иҷро карда наметавонад.”

Баҳси рафтори Қамчибек Тошиев дар ҷаласае бархостааст, ки вакилони мардумии Қирғизистон муноқишаро дар марзи он кишвар бо Тоҷикистон баррасӣ кардаанд.

Ба навиштаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ягон вакил дар бораи ба толори порлумон аслиҳа овардани Қамчибек Тошиев суҳбат накардаанд ва хадамоти амнияти миллии Қирғизистон ин иддаоро рад кардааст.

Дар натиҷаи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизстон, ки аз 14-ум то 17-уми сентябр идома кард, аз ҳарду тараф бештар аз 100 нафар кушта шуданд.

Россия рӯйхати шахсонеро тартиб медиҳад, ки аз сафарбаркунӣ гурехтаанд

Раиси Думаи давлатии Россия Вячеслав Володин изҳор дошт, ки мақомоти кишвар ному насаби шаҳрвандонеро, ки пас аз эълони қисман сафарбаркунии ҳайати захираҳои ҳарбӣ ба артиш Россияро тарк карда истодаанд, сабт мекунанд.

“Мо рӯйхати ҳамаи онҳоеро, ки ҳозир рафтанианд, дар даст дорем. Фикр мекунед, ки онҳо мераванду инро касе намебинад, ки кӣ рафту ба куҷо ва барои чӣ рафта истодааст?”, – овардааст гуфтаҳои Володинро Интерфакс.

Ӯ мушаххасан нагуфтааст, ки рӯйхатҳо бо кадом мақсад таҳия мешаванд ва изҳор намудааст, ки рафтагон боз бармегарданд.

Бар асари навбатпойиҳо дар сарҳад, бисёре аз равандагон мошинҳои худро дар Россия мемонанд. Раиси Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки ин мошинҳо ба ихтиёри оилаҳои низомиён дода шавад.

“Ҳамин тавр дуруст мешавад”, – иброз доштааст вай. Ба сифати ташаббуси қонунгузорӣ алҳол чунин пешниҳод нашудааст.

Қаблан рӯзи 28 сентябр раиси Комиссияи Шӯрои Федератсия оид ба ҳифзи соҳибихтиёрии давлат Андрей Климов хотиррасон намуда буд, ки шаҳрвандони пас аз эълони сафарбаркунӣ ба берун аз ҳудуди кишвар сафаркарда, ҳама вақт метавонанд бидуни ҳарос аз “ҷазои қонунӣ” баргарданд.

“Аммо аз масъулияти ҷиддии маънавӣ бархе аз фироркардаҳо канор буда наметавонанд”, – зикр кардааст вай.

Пас аз эълони сафарбарӣ дар ҳафтаи гузашта дар гузаргоҳҳои сарҳадии заминӣ аз Россия навбати фирориҳо саф ороста, якбора боло рафтани нархи билетҳои ҳавопаймо ва роҳи оҳан ба қайд гирифта шуд.

Дар бораи теъдоди мушаххаси афроди Россияро тарккарда маълумот дода намешавад, лекин ин ҷо сари даҳҳо ҳазор нафар сухан меравад.

Олмон ва ИМА розӣ шуданд, ки эҳтимол паноҳандагони русро қабул кунанд ё ҳадди аққал ба ҳолатҳои онҳо расидагӣ намоянд, аммо Россия бо онҳо марзи заминӣ надорад.

Фирориён, пеш аз ҳама ба Қазоқистон, дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон азми сафар мекунанд.

Рӯзи 27 сентябр масофаи танбашавии воситаҳои нақлиёту одамон дар марзи Россия ва Гурҷистон ба зиёда аз 20 километр расид.

Ба русиягиҳое, ки аз сафарбарӣ худро наҷот доданианд, барои тарки кишвар якчанд рӯз лозим аст. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Осетияи Шимолӣ дар сарҳад нуқтаи сафарбарии комиссариати ҳарбиро роҳандозӣ кардаанд.

Шаҳрвандони Россияро лозим меояд, ки  мошинҳои худро дар ин канори сарҳад боқӣ гузошта, дар муддати якчанд шабонарӯз баъд ба гузаштан аз постгоҳи назоратии “Верхний Ларс” муваффақ шаванд.

Маросими дохил шудани ҳудудҳои нав ба Федератсияи Россия дар Кремл барпо мегардад

Созишнома дар бораи ба Россия пайвастани ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Херсон ва Запорожье рӯзи 30 сентябр, соати 15:00 дар Кремл ба имзо мерасад.

Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Россия Дмитрий Песков хабар дод.

“Ҳамаи чаҳор, тамоми қаламравҳое, ки раъйпурсӣ баргузор кардаанд ва ба ҷониби Русия дархости дахлдор кардаанд”, – гуфт ӯ.

Песков ҳамчунин афзуд, ки Кремл дар сурати тасмими ширкат дар раҳпаймоии Владимир Путин, президенти Россия, дар ҳамон рӯз хабар хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки 30 сентябр дар Маскав ба ҳимоят аз натоиҷи раъйпурсии умумихалқӣ дар бораи шомил шудан ба Федератсияи Россия, ки дар вилоятҳои ҶМД, ҶМЛ, Херсон ва Запороже баргузор шуд, барномаи бузурги фарҳангӣ баргузор мешавад.

Ба иттилои Sputnik.tj қаблан сарони ин вилоятҳо бо дархости пайвастани қаламравҳо ба Россия ба Владимир Путин муроҷиат кардаанд.

Раъйпурсӣ дар минтақаҳои зикршуда аз 23 то 27 сентябр баргузор шудааст, ки дар он 87,05% сокинон ба тарафдории пайвастани вилояти Херсон ба Федератсияи Россия овоз доданд.

Аз вуруди вилояти Запороже ба Россия 93,11% интихобкунандагон ҷонибдорӣ кардаанд.

Дар Маркази интихоботии ҶМЛ гуфтаанд, ки 98,42% ба тарафдории ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба Россия овоз додаанд. Дохилшавии ҶМД ба Россияро 99,23% аҳолӣ дастгирӣ кардаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend