fbpx

Ронандае дар Душанбе рӯзҳои ҷумъа ба мардум ройгон хизмат мерасонад

Мудати ду моҳ аст, ки Раҷаб Саматов ба мусофирон ройгон хизмат мерасонад.


1
1 point
Раҷаб Саматов

Новобаста аз гаронии арзиши сӯзишворӣ, ронандаи хатсайри №11 Раҷаб Саматов ҳар рӯзи ҷумъа ба мардум ройгон хизмат мерасонад. Ин амали ӯ ҳазорҳо мусофиронро ба ҳайрат гузоштааст, ки вақте пулчинаки микроавтобус мегӯяд, “хизматрасонӣ имрӯз ройгон аст”, одамон бовар накарда, пул дароз мекунанд.

Муаллифи Your.tj Ҷовидон Раҳмоналиев баробари дидани навиштаҷоти ғайримуқаррарии хизматрасонӣ ройгон бо ронандаи микроавтобуси мазкур ҳамсуҳбат шуд.

Бо дидани навиштаҷоти хизматрасонӣ ройгон дар ин рӯзҳо, ки нархи сӯзишворӣ хеле гарон аст, дар ҳайрат мондем. Пулчинак тааҷубияти моро дида даъват кард: “Биёед дар ҳақиқат ройгон аст. Ҳисси кунҷкобиам боло рафту ман низ ба ин микроавтобус савор шудам, гарчанде, ки микроавтобуси №54 – ро интизор будам.

“Биё шухӣ накун бачам, ма пулта бги”

“Рӯзи аввале, ки мо ба мардум ройгон хизмат расониданӣ шудем, онҳо бовар намекарданд, ки ин ройгон аст ва баробари ба нақлиёт савор шудан, ҳаққи роҳкироро дароз менамуданд. Фикр мекарданд, ки пулчинак бо онҳо шӯхӣ кардааст.

Аммо баъд аз он, ки пулчинак пулашонро намегирифт, баъд бовар мекарданд ва хеле ҳайрон мешуданду маро саволборон мекарданд: “чаро дар ин замони қимматӣ ба ин кор даст задӣ?”. То ҳол ҳар рӯзи ҷумъа, ки ин навиштаҷотро пеши мошин мегузорем, мардум бо ҳайрат менигаранд. Вале мусофирони доимӣ алакай медонанд ва мешиносандамон”,-  ба суҳбат оғоз кард, ронанда.

Пас аз мо пиразане савори мошин шуд. Аз ҷайбаш якчанд танга бароварда ба пулчинак дароз намуд. Аммо ҷавон бо табассум гуфт, ки холаҷон имрӯз ба хотири рӯзи ҷумъа хизматрасониро ройгон кардем. Вале пиразан бовар накарда “Ай, аз ростӣ бепулай. Э биё шухӣ накун бачам, ма пулта бги”. Ҷавон исрор кард, ки дар ҳақиқат имрӯз роҳкиро намегирад.

Пиразан хурсанд шуд ва сипосмандона гуфт: “Э қандта бзан раҳмати калон. Худованд гузаштагиёта раҳмат кнаву, хайрта қабул гардона. Дар ин давру замон чунин ронанда ҳам пайдо мешудааст”.

Ин зан холаи Назокат сокини шаҳри Душанбе аст. Ба андешаи ӯ амали ин ронанда боиси таҳсин аст.

“Дар чунин шароити гаронии нархи сӯзишворӣ на ҳар кас метавонад, ба чунин кор даст занад. Бигзор нафарони пулдору саховатманд чунин нафарони хайрхоҳро сарпарастӣ намоянд ва инҳо ба мардум хизмат кунанд. Охир ин ронандаҳо ҳам зиндагӣ доранд ва бояд онро пеш баранд”, – мегӯяд, холаи Назокат.

“Ройгон бошад, ройгон!

Аслан идеяи рӯзҳои хизматрасонии ройгон дар рӯзи ҷумъаро ба ронанда иҷорадиҳандаи микроавтобус пешниҳод кардааст. Мошине, ки Раҷаб Саматов бо он кор мекунад, моли як хеши ҷавонаш мебошад. Ӯ мошинро ба иҷора гирифта кор мекунад. Рӯзе соҳиби мошин ба ронанда  пешниҳод мекунад, ки рӯзҳои ҷумъа ба мусофирон ройгон хизмат расонад ва ӯ ин пешниҳодро хуб қабул карда, дар ин амали хайр шарик мешавад.

“Ин мошин аз худам нест, аз як хешамон аст. Ӯ ҷавон аст ва дар донишгоҳ таҳсил мекунад. Ман маблағи кор кардаамро ба ӯ медиҳам ва аз ҳисоби ҳамон маблағ маош мегирам.

Соҳиби мошин пешниҳод кард, ман қабул кардам. Ӯ гуфт, ки рӯзҳои ҷумъа ҳам маоши ману пулчинакро медиҳад. Вале ман қабул накардам. Гуфтам, ки ройгон бошад, ройгон!”,- афзуд, ҳамсӯҳбати мо.

Иқдоми пешгирифтаи қаҳрамони мо натанҳо аз ҷониби мусофирон, балки аз ҷониби ҳамкорону роҳбари базаи мошинҳо низ хуш пазируфта мешавад. Ҳангоме, ки раиси база аз ин иқдом огоҳ мешавад, ронандаро назди худ хонда асли воқеаро пурсон мешавад.

“Вақте раиси база ин кори моро шунид, маро ба наздаш даъват карда пурсид, “ин рост аст ё не?”. Ман гуфтам, “рост аст”. Сипас раис хеле хурсанд шуд ва барои мо як аломати “РОЙГОН 11″ навишташударо дод, ки мо онро рӯзҳои ҷумъа ба шишаи пеши мошин мечаспонем, то ки мусофирон бинанд”,- мегӯяд, ронанда.

Ҷанбаи дигари мусбати кори Раҷаб Саматов дар он аст, ки ин амали ӯ ба ҳамкоронаш бетаъсир намондааст. Дар пайравии ӯ айни ҳол чанд ронандаи дигари микроавтобуси хатсайри №11 рӯзҳои ҷумъа мардумро бепул ба ҷойи лозимиашон бурда мерасонанд.

Як умр ронанда

Раҷаб Саматов 60 сол дошта, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ баъд аз хатми синфи 8-ум ба мактаби ронандагӣ дохил шуда, се сол он ҷо таҳсил карда, соҳиби шаҳодатнома мегардад. Аз ҳамон айём ба касби ронандагӣ шуғл варзида, то ба ҳол онро идома дода истодааст. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ӯ ронандагӣ кардааст. Қаҳрамони мо дар он солҳо ронандаи нақлиёти хатсайри №8 буд. Айни ҳол соли чорум аст, ки ронандаи микроавтобуси хатсайри №11 мебошад.

Раҷаб Саматов оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад. Бо ин ҳама сол заҳматҳояш ӯ иҷоранишин аст ва умед дорад, ки бо дастгирии фарзандонаш соҳиби хона ва мошини шахсии худ мешавад. Ният дорад, ки агар соҳиби мошини шахсӣ шавад, ҳама рӯзҳои ҷумъа ва рӯзҳои иду ҷашнҳо ба мардум ройгон хизмат мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
14
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
8
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
3
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend