fbpx

“Ронанда ҳуқуқи ронандагӣ надошт”. Баррасии парвандаи садамаи маргбор дар Душанбе

Ронанда қаблан барои ҷинояти бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда будааст.


0

Нисбати Юсуфзода Юсуф Баҳрулло, ронандае, ки Ҷасур Акрамови 16-соларо пахш намуда буд, тибқи талаботи моддаи 212 қисми 4 (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаааст.

Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода, мегӯяд номбурда замони садамаи нақлиётӣ бе ҳуқуқи ронандагӣ мошин мерондааст.

Манбаъ менависад, айбдоршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва парвандаи ҷиноятии мазкур барои баррасӣ намудан, ба Суд ирсол карда шудааст.

Тибқи ин банди қонун айбдоршавандаро ҷазои аз 5 то 10 соли зиндон, бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои “Азия-Плюс” имрӯз, 2-юми июн дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мурофиа баргузор шуд. Аммо баъди шунидани суханҳои айбдоршаванда, муҳокимаи парванда ба 3-юми июн мавқуф гузошта шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки судшаванда Юсуфзода Юсуф 3-юми апрели соли ҷорӣ дар кӯчаи Б.Ғафурови шаҳри Душанбе пиёдагарди ноболиғ Ҷасур Акрамовро пахш намуд. Навраси 16-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, ба ҳалокат расид.

Дар мурофиаи судӣ танҳо вакилони дифоъ ва наздикони ду тараф ширкат карданд.

Ба гуфтаи Фирдавс Акрамов, падари Ҷасур Акрамов дар мурофиа гумонбаршаванда “гуноҳи худро пурра эътироф кард”.

Ӯ қаблан барои ҷинояти бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда будааст. Худаш низ шарҳ додааст, ки барои истеъмоли воситаи нашъадори бангдона ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Интизор меравад, дар мурофиаи пагоҳ тағои судшавандаро низ мепурсанд. Қаблан гуфта мешуд, ки ӯ мошини тағояшро бе доштани ҳуқуқи ронандагӣ гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан падари Ҷасур Акрамов бо як номаи кушода ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода муроҷиат карда, хоста буд, ки парвандаи марги писараш таҳти назорати шахсӣ гирифта шавад

Раёсати ВКД дар пойтахт навиштааст, ҳодисаи зери назорати роҳбарияти милитсияи пойтахт мавриди санҷиш қарор дошта, нисбати судшаванда дар доираи талаботи қонун қарори дахлдор қабул мегардад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend