fbpx

Ҷӯробҳои помирии рамзнависӣ карда шуда. Аломатҳои қадимӣ чӣ маъно доранд?


0
Филипп Киркоров и памирские джурабы

Ҷӯробҳои помирӣ кайҳост, ки ба варақаи боздидӣ мубаддал гардидаанд. Кам дар ками сайҳон, аз кишварамон бе ҷӯробҳои помирии бофташудаи анъанавӣ мераванд.

Ҷӯробҳои анъанавӣ, ки аз пашми гӯсфанд ва буз бофта шудаанд, ғайр аз гармиашон бо рангҳои ботароват, нақшунигори мураккаби анъанавӣ ва доштнокии аъло фарқ мекунанд. Сифати ҷӯробҳо аз зичии бофташон муайян карда мешавад.

Ҷӯробҳои помирӣ пайпоқҳои оддӣ нестанд. Инҷо сухан оид ба бофти махсуси онҳо намеравад – ҳарчанд ҷӯробҳои помирӣ бо услуби муайяне иҷрокарда шудаанд. Нишонаи муҳими онҳо нақшу нигори ғайриоддӣ ва рамзҳои зиёди асрҳо ҳифзшуда мебошад.

Аз рӯи анъана нақшу нигор дар ҷӯробҳо маънои хоси худро доштанд. Рамзи дар ҷӯроб нақшёфта мебоист соҳибашро аз беморию фалокат эмин нигоҳ дошта, бад-ин минвол ҳамчун тӯмор хизмат мекард.

Памирские джурабы

Бофандаҳо ҳангоми эҷоди нақшу нигор дар баробари рамзҳои ориёӣ аз мушоҳидаҳои худ низ истифода мекарданд. Рамзҳо бо шарофати хонадон, оби ҷӯйбор, ҳайвонот, растаниҳо пайдо шудаанд. Масалан, нақши оташи фурӯзон маънои гармиро дорад.

Ҳар як нақшу нигор ранг ва маънои худро доранд. Мо қарор додем рамзҳои аз ҳама зеборо ҷамъ оварда нишон диҳем, ки ҳар яки онҳо чӣ маъно доранд. Воқеан ягон бофанда ҳангоми истифодаи рамзҳои гуногун нақшу нигори худро дубора такрор намекунад.

Символ на памирских джурабах

Символ на памирских джурабах

Символ на памирских джурабах

Символ на памирских джурабах

Символ на памирских джурабах

Символ на памирских джурабах

Символ на памирских джурабах


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет Зачет
0
Бесит Бесит
0
Сочувствую Сочувствую
0
Супер Супер
0
Окей! Окей!
0
Как так-то? Как так-то?
0

Send this to a friend