Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:0005.06.2023
Ҷӯробҳои бадахшонӣ кайҳост, ки ба варақаи боздидӣ (визитная карточка) мубаддал гардидаанд. Сайёҳон аз кишвари мо бе ҷӯробҳои бадахшонии бофташудаи анъанавӣ намераванд.
Ҷӯробҳои анъанавӣ, ки аз пашми гӯсфанд ва буз бофта шудаанд, ғайр аз гармиашон бо рангҳои ботароват, нақшунигори мураккаби анъанавӣ ва доштнокии аъло фарқ мекунанд. Сифати ҷӯробҳо аз зичии бофташон муайян карда мешавад.
Ҷӯробҳои бадахшонӣ одӣ нестанд. Инҷо сухан дар бораи бофти махсуси онҳо намеравад – ҳарчанд ҷӯробҳои бадахшонӣ бо услуби муайяне бофта шудаанд. Нишонаи муҳими онҳо нақшу нигори ғайриодӣ ва рамзҳои зиёди асрҳо ҳифзшуда мебошад.
Аз рӯи анъана нақшу нигор дар ҷӯробҳо маънои хоси худро доштанд. Рамзи дар ҷӯроб нақшёфта мебоист соҳибашро аз беморию фалокат эмин нигоҳ дошта, ба ин минвол ҳамчун тӯмор хизмат мекард.

Бофандаҳо ҳангоми эҷоди нақшу нигор дар баробари рамзҳои ориёӣ аз мушоҳидаҳои худ низ истифода мекарданд. Рамзҳо бо шарофати хонадон, оби ҷӯйбор, ҳайвонот, растаниҳо пайдо шудаанд. Масалан, нақши оташи фурӯзон маънои гармиро дорад.
Ҳар як нақшу нигор ранг ва маънои худро доранд. Мо қарор додем рамзҳои аз ҳама зеборо ҷамъ оварда нишон диҳем, ки ҳар яки онҳо чӣ маъно доранд. Воқеан ягон бофанда ҳангоми истифодаи рамзҳои гуногун нақшу нигори худро дубора такрор намекунад.







Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
6 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
8 дня назад