Ин дастур дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоъ ва меъёрҳои байналмилалии дархости он маълумоти умумӣ пешниҳод мекунад ва нишон медиҳад, ки рӯзноманигорон чӣ гуна метавонанд аз ин ҳуқуқ барои беҳтар кардани раванди ҷамъоварии иттилоъ истифода баранд.
Ҳамчунин дар дастури мазкур қадам ба қадам фаҳмонда мешавад, ки чӣ гуна бояд дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла маҳаллӣ ва Иттиҳоди Аврупо, дархости дастрасӣ ба иттилоъ/санад пешниҳод карда шавад. Фарқиятҳоеро, ки аз лиҳози ҳуқуқ дар кишварҳои гуногун мавҷуданду ба рафти дастрасӣ ба иттилоъ таъсир мерасонанд, дар ин роҳнамо ҳамчунин фаҳмонда шудаанд.
Дар анҷом чанд маслиҳате ҳам оварда шудааст, ки барои журналистон дар роҳандозии стратегияи дурусти кор метавонанд судманд бошанд.
Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоъ чист?
Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоъ аз ҷониби додгоҳҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамчун як ҳуқуқи бунёдии ҳар як инсон эътироф шудааст ва он ба озодии баён сахт алоқаманд аст.
Ин ҳуқуқ ба зиммаи давлат ду навъи уҳдадориро вогузор мекунад:
- Проактивӣ (фаъолона): ниҳодҳои давлатӣ вазифадоранд иттилооти муҳимро дар бораи фаъолияти худ ба таври озод ва дастрас нашр кунанд.
- Реактивӣ (вокуниш): давлатҳо вазифадоранд дархостҳои шаҳрвандонро қабул ва баррасӣ кунанд ва ба онҳо посух диҳанд: ё бо фароҳам овардани дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои аслӣ, ё бо ирсоли нусхаи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дар ихтиёри ниҳодҳои давлатӣ қарордошта.
Меъёрҳои байналмилалӣ
Додгоҳи байниамрикоии ҳуқуқи инсон дар соли 2006 бо қабули қароре ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоъро қисми ҷудонашавандаи озодии баён эълом дошт. Конвенсияи амрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсон (моддаи 13) “ҳуқуқи ҳар шахсро барои дарёфти иттилооте, ки дар ихтиёри давлат аст, эътироф мекунад” ва зикр мекунад, ки “ниҳодҳои давлатӣ ҳам уҳдадор ҳастанд маълумоти дархостшавандаро пешниҳод кунанд”, вале бо чанд истисно.
Дар солии 2009 Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ҳам бо қарори худ айни ҳамин идеяро таҳқим бахшида, моддаи 10 Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсонро ёдовар мешавад, ки дар он гуфта шудааст: “Ҳар шахс барои баёни озодонаи фикри худ ҳақ дорад”. Ин ҳуқуқ ҳамчунин ба одамон иҷозат медиҳад, ки ба мақомоти гуногун дархостҳо фиристанд ва иттилои ҷамъовардаро паҳн созанд.
Додгоҳи мазкур таъкид кард, ки татбиқи ин ҳуқуқ махсусан замоне ҳатмӣ мешавад, ки иттилоъ танҳо дар ихтиёри як сохтори давлатӣ бошаду (яъне “монополияи иттилоот”) ВАО ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ба масъулият кашидани давлат ба он ниёз дошта бошанд.
Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи июли соли 2011 тасдиқ намуд, ки ҳуқуқи озодии баён, ки дар моддаи 19-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ сабт шудааст, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро низ фаро мегирад. Кумита гуфтааст: “Моддаи 19, банди 2 ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилооти дар ихтиёри мақомоти давлатӣ бударо эътироф мекунад. Ин маълумот ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар ихтиёри давлатбуда дахл дорад, новобаста аз шакли сабт, манбаъ ва санаи таҳияаш”.
Конвенсияи Шӯрои Аврупо оид ба дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ, ки бо номи Конвенсияи Тромсё маъруф аст, 1 декабри соли 2020 қувваи қонқнӣ пайдо кард. Ин аввалин созишномаи ҳуқуқии байналмилалист, ки ҳуқуқи дастрасиро ба ҳуҷҷатҳои расмӣ эътироф мекунад — новобаста аз шахсияти дархосткунанда ё ҳадафҳои ӯ. Дар асоси ин Конвенсия, ҳамаи ҳуҷҷатҳои расмӣ бояд дастраси омма бошанд, ба истиснои ҳамон ҳуҷҷатҳое, ки тариқи ҳамин Конвенсия аз паҳншавӣ ҳифз шудаанд. Ин истисно замоне бекор шуданаш имкон дорад, ки агар махфӣ нигоҳ доштани ҳамин ҳуҷҷатҳо ба манфиати ҷомеъа халал расонанд.
Дастрасӣ ба иттилоот ва дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳо: чӣ фарқ доранд?
Имрӯзҳо аксари кишварҳои ҷаҳон қонунҳое қабул кардаанд, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро таъмин мекунанд:
Дар сатҳи миллӣ: 135 кишвар қонунҳои марбут ба дастрасӣ ба иттилоотро қабул кардаанд. Ба туфайли ҳамин қонунҳо метавон ба мақомоти давлатӣ дархост ирсол кард ва иттилооти заруриро дарёфт намуд.
Аммо дар як қисми қонунҳо мафҳуме ба монанди «дастрасӣ ба иттилоот» зикр шудааст ва дар қисими дигари онҳо «дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳо» омадааст. Дар асл ин ду шакли дастрасӣ ба ҳам хеле монанд ҳастанд ва ҳамзамон форматҳои гуногуни иттилоъро дар назар доранд, аз ҷумла, аксҳо, видеоҳо, DVD ва ғайра. Донистани ин фарқи начандон калон ва моҳияти он танҳо ба он хотир муҳим аст, ки дархост дуруст навишта шавад ва эҳтимоли гирифтани ҷавоб зиёд гардад.
Дар сатҳи Иттиҳоди Аврупо: ИА ҳуқуқи асосии шаҳрвандонро барои дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои худ эътироф мекунад (моддаи 15-и Шартномаи фаъолияти ИА ва моддаи 42-и Хартияи ҳуқуқҳои асосии ИА). Механизми амалисозии ин ҳуқуқ дар ИА — Қарори 1049/2001 мебошад, ки ҳамчун қонуни «дастрасӣ ба иттилоот» дар сатҳи ИА эътироф шудааст.
Дар хотир дошта бошед: Дархостҳое, ки ба ИА фиристода мешаванд, бояд дар таркибаш номи ҳуҷҷати дақиқиро дошта бошад, вагарна эҳтимол дорад, ки дархост дар асоси Кодекси тартиботи маъмурӣ баррасӣ шавад, ки танҳо ба ҳуқуқи умумии «дастрасӣ ба иттилоот» дахл дорад, аммо мӯҳлат ва имкони шикоят дар он фарқ мекунад.
Чӣ гуна дархости дастрасӣ ба иттилоъ/ҳуҷҷатро ирсол кардан мумкин аст?
Оё ман метавонам дархостро ба ҳар кишвари дилхоҳ ирсол кунам?
Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ҳуқуқи бунёдии инсон аст ва ҳар шахс новобаста аз он, ки дар кадом кишвар зиндагӣ мекунад, ҳақ дорад аз ин ҳуқуқ истифода кунад. Аксари қонунҳои миллӣ дар бораи дастрасӣ ба иттилоот ҳамин нуктаро эътироф мекунанд ва мегӯянд, ки «ҳар кас» метавонад чунин дархостро пешниҳод намояд.
Дар бисёре аз кишварҳо барои ирсоли дархост танҳо ду чиз лозим аст: ном ва суроға барои расонидани нома ё почтаи электронӣ. Яъне ин кор барои ҳама дастрас аст.
Маслиҳат: Агар шумо ба Иттиҳоди Аврупо дархост мефиристед, ҳақ доред онро ба ҳар забони расмие, ки дар ИА роиҷ аст, ирсол кунед ва посухро низ бо ҳамон забон гиред. Аммо дар сатҳи миллӣ беҳтар аст забони расмии ҳамон кишварро истифода баред.
Агар дар қонун гуфта шуда бошад, ки танҳо шаҳрвандон ё сокинони кишвар ҳақ доранд чунин дархост ирсол кунанд, ин мухолифи меъёрҳои байналмилалӣ ҳисобида мешавад. Воқеае, ки чанде пеш дар Малта рух дод, тасдиқи ин гуфтаҳост: Додгоҳи апеллятсионии Малта ба фоидаи Access Info қарор қабул карда, дар он зикр намуд, рад кардани дархости нафаре, ки сокини Малта нест, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Иттиҳодияи Аврупо ба ҳисоб меравад ва амалкарди ҳукумати Малта ҳамчун табъиз маънидод мешавад.
Бо вуҷуди он ки чунин маҳдудиятҳо мухолифи меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд, мутаассифона, дар баъзе кишварҳо ирсоли дархостро танҳо барои шаҳрвандон/сокинон иҷозат медиҳанд ва аз шахси дархосткунанда талаб мекунанд, ки маълумоти шахсии иловагӣ пешниҳод кунад, то мақоми худро исбот намояд.
Маслиҳат: Барои фаҳмидани он ки кадом кишварҳо ба шахсони ғайришаҳрванд/ғайрисокин иҷозати ирсоли дархостро медиҳанд, метавонед Рейтинги ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро (Right to Information Rating) аз назар гузаронед. Ин манбаъ ҳамаи қонунҳоро дар ҷаҳон таҳлил мекунад ва ба онҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои мушаххас хол медиҳад.
Аммо агар нақзи ҳуқуқ дар Иттиҳоди Аврупо рух дода бошад, дахосткунандаи иттилоъ метавонад ба Омбудсмени ИА шикоят кунад. Аммо дар шартномаҳои ИА гуфта мешавад, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳо ва шикоят ба Омбудсмен танҳо барои шаҳрвандон, сокинон ё ширкатҳои сабтиномшуда дар ИА дода мешавад. Дар маҷмӯъ, ҳар касе ки ҳуқуқаш аз ҷониби муассисаҳои ИА поймол шудааст, метавонад ба Додгоҳи Аврупо муроҷиат кунад. Аммо дар мавриди ҳуқуқи дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳо, додгоҳ танҳо муваззаф аст шикоятҳои шаҳрвандони ИА, сокинон ва ширкатҳои сабтиномшударо баррасӣ кунад.
Ман чӣ гуна маълумотро талаб карда метавонам?
Дар асл, ҳар иттилое, ки ба таври расмӣ сабт шудааст ва дар ихтиёри мақомоти давлатӣ қарор дорад, бо такя ба қонунҳое, ки дастрасӣ ба иттилоотро таъмин мекунанд, дархост шуда метавонад.
Конвенсияи Тромсё, ҳуҷҷатро чунин маънидод мекунад: «Ҳар гуна маълумоте, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ таҳия ё қабул ва дар бойгонии онҳо нигоҳдорӣ мешавад, новобаста аз шакл ҳуҷҷат ном дорад».
Ман чӣ гуна иттилоъро воқеан гирифта метавонам?
Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, бо вуҷуди он ки муҳиму бунёдӣ аст, ҳаққи мутлақ нест. Яъне дар баъзе ҳолатҳо дастрасӣ ба он маҳдуд ҳам карда мешавад. Гарчанде ки, дар назария дастрасӣ ба тамоми маълумот қайд карда шудааст, аммо дар амал истисноҳо вуҷуд доранд.
Меъёрҳои байналмилалӣ чунин истисноҳоро ба расмият мешиносанд:
- амнияти миллӣ, мудофиа ва муносибатҳои байналмилалӣ;
- амнияти ҷамъиятӣ;
- пешгирӣ, таҳқиқ ва таъқиби ҷиноятҳо;
- таҳқиқоти интизомӣ;
- санҷиш, назорат ва мониторинги фаъолияти мақомоти давлатӣ;
- ҳаёти шахсӣ ва дигар манфиатҳои қонунии шахсӣ;
- манфиатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии дигарон;
- сиёсати иқтисодӣ, пули миллӣ ва қурби асъори давлат;
- баробарии тарафҳо дар мурофиаи судӣ;
- муҳити зист;
- муҳокима ва баррасии масъалаҳо дар дохили мақомоти давлатӣ ё миёни онҳо.
Мақомоти давлатӣ метавонанд дастрасиро ба иттилооти дархостшуда рад кунанд, агар нашри он ба манфиатҳои дар боло зикршуда зарари воқеӣ расонад. Ин истисно метавонад ба инобат гирифта нашвад, агар манфиати ҷомеа дар мавзӯи баррасишаванда болотар бошад.
“Санҷиши зарар” (Harm test): мақомотҳои давлатӣ бояд равшан ва мушаххас тавзеҳ диҳанд, чаро нашри ҳуҷҷат метавонад ба яке аз манфиатҳои ҳимояшаванда зарар расонад. Ин хатари эҳтимолӣ бояд асоси воқеӣ дошта бошад. Фарзияҳо ё шубҳаҳои беасос наметавонанд барои радди дархост асос шаванд.
“Санҷиши манфиати ҷамъиятӣ” (Public interest test): мақомотҳои давлатӣ бояд дида бароянд, ки кадом чиз муҳимтар аст — зарари эҳтимолии нашри иттилоот ё манфиати ҷомеа. Агар манфиати ҷамъиятӣ бештар бошад, маълумот бояд дода шавад.
Мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ, тавре аз Конвенсияи Тромсё бармеояд, ҳама гуна истисно пеш аз амалисозии он ҳам аз лиҳози зарар ва ҳам лиҳози манфиати вомеа санҷида шавад.
Мутаассифона, дар баъзе кишварҳо қонунгузорӣ танҳо барои баъзе истисноҳо санҷиши манфиати ҷамъиятиро иҷозат медиҳад. Дар ин ҳолат шахсе, ки дархост додааст, наметавонад исбот кунад, ки фоидаи ҷамъиятӣ аз гирифтани маълумот бештар аст. Яъне, ҳатто агар иттилоот барои мардум хеле муҳим бошад, вале агар он ба соҳае дахл дорад, ки тибқи қонун “санҷиши манфиати ҷамъиятӣ” надорад, дархост рад мешавад.
Пас дар дархости худ чӣ нависам?
Дархости шумо бояд кӯтоҳ ва равшан бошад. Агар дар як дархост якбора иттилооти зиёд ва ҳуҷҷатҳои гуногун талаб кунед, эҳтимоли зиёд ҳаст, ки мақомот ҷавобро ба таъхир андозад ё умуман рад кунад бо баҳонаи он, ки иҷрои дархост “мушкил” аст. Агар дархост аниқу дақиқ набошад, онҳо аз шумо талаб мекунанд, ки мушаххастар нависед. Ҳар ду ҳолат вақти шуморо мегирад.
Дар бораи ҳуқуқҳои худ гӯед. Одатан қонун талаб намекунад, ки шумо ҳатман номи қонунро зикр кунед (масалан, “қонуни дастрасӣ ба иттилоот”), вале дар ҳар сурат тавсия мешавад, ки ин корро анҷом диҳед, зеро бо ин роҳ шумо нишон медиҳед, ки ҳуқуқҳои худро медонед. Ин амал метавонад ба иҷрои дурусти дархост кумак кунад.
Маслиҳат: Агар ба мақомотҳои Иттиҳоди Аврупо муроҷиат кунед, беҳтар аст, ки ба Қарори 1049/2001 ишора кунед. Рӯйихати қонунҳои миллиро метавонед дар Рейтинги ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот (Right to Information Rating) пайдо кунед.
Ниёзе барои зикри номатон ё мақсади дархостатон нест. Ҳамчунин додани маълумоти иловагӣ дар бораи касбу коратон ҳам шарт нест. Танҳо чизе, ки онҳо ҳақ доранд бипурсанд, ин аст: номи шумо, суроға барои ирсоли мактуб ё почтаи электронӣ.
Маслиҳат: Шумо уҳдадор нестед, ки журналист буданатонро хабар диҳед, аммо дар ҳар кишвар талабор ҳархела аст. Нагуфтан метавонад дар ҷое фоида дошта бошад, дар ҷойи дигар – зарар.
Агар хабар диҳед, ки журналист ҳастед, аз чанд афзалият дорад:
- Суръати кор: Дар баъзе кишварҳо рӯзноманигорон зудтар ва бештар маълумот мегиранд (ҳарчанд ин дуруст нест, вале дар амал чунин мешавад).
- Функсияи назоратгар: Додгоҳи Аврупо ба рӯзноманигорон ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки функсияи назоратиро доранд, барои дастрасӣ ба иттилоот ҳаққи бештар медиҳад.
Дар хотир дошта бошед: Агар гуфтед, ки рӯзноманигор ҳастед, ҳатман қонунҳои мушаххасро ҳам зикр кунед, то дархост мутобиқи қонуни дастрасӣ ба иттилоот аз назар гузаронда шавад, вагарна мактубатон ба шуъбаи умумии матбуот меафтад.
Аммо чанд камбудӣ ҳам ҳаст:
Хатари гирифтани рад: Агар мақомот фаҳманд, ки шумо рӯзноманигор ҳастед, метавонанд аз додани маълумот худдорӣ кунанд, чун метарсанд, ки иттилоъ дар гузориши танқидӣ истифода мешавад.
Хатарҳои нобудсозии маълумот: Агар дархост аз номи рӯзноманигор фиристода шавад, эҳтимол дорад, ки баъзе мақомот кӯшиш кунанд маълумоти муҳимро пинҳон ё ҳатто нест кунанд, то фасод ё қонуншикании худро рӯйпӯш кунанд.
Намунаи дархост:
Муҳтарам ….,
мувофиқи Қонуни дастрасӣ ба иттилоот (соли 2007) аз шумо ҳуҷҷатҳоеро дархост мекунам, ки маълумоти зеринро дар бар мегиранд:
— Ҳамаи шартномаҳои хариди ваксинаҳо зидди COVID-19 дар соли 2021.
Хоҳиш мекунам, маълумотро электронӣ дар форматҳои хондашаванда (machine-readable format) ба имейли зер ирсол кунед: jane@janesmith.com
Агар дар бораи ин дархост суоле дошта бошед, лутфан бо ман тамос гиред.
Бо эҳтиром, Jane Smith
Дархостро ба куҷо ирсол кунам?
Пас аз он, ки теъдод/навъи маълумоти заруриро муайян кардед, бояд бубинед, ки кадом мақомоти давлатӣ масъули посух аст. Одатан аз рӯйи мазмуну мундариҷаи дархост муайян аст, ки кӣ дақиқан бояд ҷавоб пешниҳод кунад, аммо агар шубҳае доред, вебсайти ниҳодҳои марбутаро санҷед ё ба онҳо занг зада, аниқ кунед, ки оё ба ҷойи дуруст дархостатон фиристода мешавад ё не.
Маслиҳат: Бисёре аз ниҳодҳо зери қонуни дастрасӣ ба иттилоот қарор доранд. Дар Аврупо ин ҳуқуқ ба тамоми ниҳодҳои маъмурӣ дар сатҳи марказӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ татбиқ мешавад. Риояти талаботи он ҳамчунин ба мақомоти қонунбарор (парлумон) ва додгоҳӣ низ тааллуқ дорад.
Дар қаламрави Шӯрои Аврупо аз 46 кишвари узв 31-тоаш қонунҳои миллии марбут ба дастрасӣ ба иттилоъро ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои мақомоти қонунгузор татбиқ мекунан. Дар 25 кишвари узв риояти талаботи чунин қонунҳо аз низоми судӣ ҳам талаб карда мешавад.
Дар бисёре аз кишварҳо ниҳодҳои хусусие, ки вазифаҳои давлатиро иҷро мекунанд ё аз пули буҷа истифода мебаранд, ҳамчунин муваззафанд ба дархостҳо ба таври ҳатмӣ посух диҳанд.
Чӣ тавр дархостро ирсол кунем?
Тартиб додани дархост ва ирсоли он дар асл расмиятҳои зиёд надорад. Шумо метавонед дархостатонро ҳамеша ба шакли хаттӣ фиристед. Усули оддӣ ва стандартӣ — тариқи почтаи электронӣ ё дар шакли веб-форма.
Баъзе ниҳодҳо шакли онлайнро тарҷеҳ медиҳанд, вале Access Info тавсия медиҳад, ки аз почтаи электронӣ ҳам бояд истифода шавад, чун ба ин зайл шумо нусхаи дархостро нигоҳ хоҳед дошт.
Дар баъзе кишварҳо дархости шифоҳӣ ҳам иҷозат дода мешавад, вале дар ҳар сурат дар хотир дошта бошед, ки шакли хаттӣ имкони нигаҳдории нусхаи дархостро медиҳад — агар лозим ояд, барои шикоят он истифода мешавад.
Баъзе ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ платформаҳои онлайнӣ доранд, ки тавассути онҳо шумо метавонед дархостҳоро оммавӣ ва боз ирсол кунед. Ин имкон медиҳад, ки дигарон низ раванди коркарди дархост ва натиҷаҳои онро бубинанд.
Маслиҳат: Агар шумо ҳоло рӯи як матлаб кор карда истодаед ва намехоҳед, ки дархостатон оммавӣ шавад, баъзе аз ин платформаҳо функсияи “PRO” доранд, ки имкон медиҳад дархост муваққатан махфӣ бимонад ва баъдтар пас аз интишори матлаб оммавӣ шавад.
Барои истифодаи версияи PRO бо Access Info барои платформаи Иттиҳоди Аврупо ва бо mySociety барои платформаҳои миллӣ тамос гиред.
Оё барои азназаргузаронии дархост бояд маблағе пардохт кунам?
Ирсоли дархост ҳамеша ройгон аст. Дар саросари Аврупо ҳеч як мақомоти давлатӣ барои қабул ва азназаргузаронии дархост маблағ талаб намекунад.
Аммо дар баъзе кишварҳо, мисли Олмон, барои ҷустуҷӯи маълумот метавонанд ҳаққи хизмат талаб кунанд.
Маслиҳат: Пеш аз ирсоли дархост санҷед, ки оё дар қонуни миллии кишвар пардохт пешбинӣ шудааст ё не. Инро мешавад дар Рейтинги ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот (Right to Information Rating) санҷид. Агар дар қонун гуфта шуда бошад, ки пардохт дар назар дошта нашудааст, аммо мақомот маблағ талаб кунад, шумо ҳақ доред шикоят кунед. Метавонед ба Access Info ҳам муроҷиат кунед.
Дар баъзе мавридҳо барои нусхабардорӣ ва фиристодани ҳуҷҷатҳо бо почта маблағ ситонида мешавад. Аммо агар ҷавоб ҳамагӣ аз чанд саҳифа иборат бошад, одатан посух ба дархост ройгон дода мешавад.
Маслиҳат: Агар дар дархостатон нависед, ки маълумотро дар шакли электронӣ мехоҳед, касе аз шумо маблағ талаб намекунад.
Ҷавобро кай мегирам?
Дар Аврупо муҳлати посух додан ба дархостҳо гуногун аст. Одатан то 15 рӯзи корӣ, яъне тақрибан се ҳафта, вақт талаб мекунад. Конвенсияи Тромсё таъкид мекунад, ки дархост бояд “ҳарчи зудтар” аз назар гузаронида шуда, посухаш ҳам сареъ пешниҳод гардад. Дар кишварҳое, ки аъзои Конвенсияи Тромсё ҳастанд, муҳлати ҷавоб 11 рӯзи кориро дар бар мегирад.
Аксари кишварҳо иҷозат медиҳанд, ки муддати ҷавобро дар ҳолати мушкил будани дархост якчанд рӯз ё ҳатто то як моҳ дароз кунанд. Аммо дар чунин ҳолат бояд ба дархосткунанда сабаби таъхир шарҳ дода шавад.
Агар дар ҷавоб маълумоти дархостшударо нагирам, чӣ бояд кунам?
Ҷавоби ниҳоди давлатӣ метавонад чунин бошад:
- Дастрасии комил дода шавад;
- Қисман дастрасӣ дода шавад;
- Комилан пешниҳоди иттилоъ рад карда шавад;
- Дархост бе посух монда шавад — ҳолате, ки онро “хомӯшии маъмурӣ” (administrative silence)ҳам меноманд.
Дар се ҳолати охир (қисман, радшуда ё хомӯшӣ), бояд дар интернет шикоят кунед.
Дар кишварҳое, ки қонунҳои хуб доранд, раванди шикоят оддӣ ва равшан аст. Дар Шӯрои Аврупо камтар аз нисфи кишварҳо (21 аз 46) имкони шикояти дохилиро пешбинӣ мекунанд, ки дар баъзе ҳолат ҳатмӣ нест, вале беш аз нисфи кишварҳо (25 давлат) иҷозат медиҳанд, ки муроҷиат бевосита ба сохтори назорати беруна сурат гирад.
Дар кишварҳое, ки Конвенсияи Тромсёро пазируфтаанд, одатан ниёз ба шикояти дохилӣ нест. Шахс метавонад бевосита ба ниҳоди назоратии беруна ё додгоҳи маъмурӣ муроҷиат кунад.
Маслиҳат: Барои дидани маълумоти дақиқтар дар бораи механизмҳои шикоят дар ҳар як кишвар Рейтинги ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро (Right to Information Rating) аз назар гузаронед.
Комиссари иттилоот (ё чизе ба монанди ин) | Омбудсмен / Мудофеи халқи (ё чизе ба монанд ин) |
Албания, Эстония, Маҷористон, Исландия, Черногория, Словения | Арманистон, Босния ва Ҳерсеговина, Финландия, Литва, Норвегия, Молдова, Шветсия, Украина |
Дар муроҷиати шикоятии худ бояд чӣ гӯям?
Агар дархостро бо истинод ба истисно рад карданд: Бар асоси стандартҳои байналмилалӣ, ҳар истисно бояд ба ду санҷиш ҷавобгӯ бошад – санҷиши зарар ва санҷиши манфиати ҷамъиятӣ. Агар мақоми давлатӣ ба шумо пурра ё қисман аз дастрасӣ ба иттилооти дархостшуда бо истинод ба яке аз истисноҳо рад дод, бояд санҷед, ки оё барои ҳамин истисноҳо санҷиши зарар ва санҷиши манфиати ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст ё на. Агар ҳаст, оё он дар воқеъ ба кор бурда шудааст ё не.
Маслиҳат: Дар шикоят нишон диҳед, ки нашри иттилоот ба манфиати ҷамъиятӣ мувофиқ аст. Ҳарчанд шумо на дар дархости ибтидоӣ ва на дар марҳалаи шикоят уҳдадор нестед, сабабҳои дархостатонро шарҳ диҳед, дар ҳар сурат тавсия дода мешавад, ки дар аризаи шикоятӣ зикр кунед, чаро ифшои иттилоот метавонад ба манфиати ҷамъиятӣ бошад. Масалан, агар шумо ҳамчун рӯзноманигор барои таҳқиқоти худ ба ин иттилоот ниёз доред, ин бо ҳуқуқи шумо ба озодии баён мувофиқ аст ва ба меъёрҳои эътирофшудаи Додгоҳи Аврупо мутобиқат мекунад. Агар иттилоъ ба мавзӯъе рабт дошта бошад, ки дар атрофи он баҳси ҷамъиятӣ ҷараён дорад ё агар додаҳо барои мубориза бо маълумоти нодуруст ва дезинформатсия заруранд, ин ҳама метавонанд далелҳои қавӣ барои дастрасӣ ба иттилоот бошанд.
Агар дучори хомӯшии маъмурӣ шудед: Агар муҳлати дархост анҷом ёфту шумо посухе нагирифтед, метавонед бо аризаи шикоятӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунед. Шикоятнома бояд чунин тартиб дода шавад, ки фокуси асосӣ ба раванди расмӣ, яъне риоят нашудани талабот равона шуда бошад, на ба мундариҷаи дархости ибтидоӣ.
Маслиҳат: Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст, ки “ахбор маҳсулоти зудфано аст” ва таъхир дар пешниҳоди маълумот метавонад ҳуқуқи озодии баёнро зери хатар гузорад. Агар дархости шумо бепосух монда бошад, ин нуктаро дар шикоятатон қайд кунед.
Агар дар асосноксозии шиквоят мушкил дошта бошам, чӣ кор кунам?
Ҷойи таҳлука нест! Шикоят аз рад шудани дархости иттилоот метавонад мураккаб бошад, бахусус вақте ниҳоди давлатӣ иддао мекунад, ки шумо ҳуқуқи дастрасӣ ба он маълумотро надоред.
Хабари хуб ин аст, ки мо барои кӯмак дар паҳлуи шумо ҳастем!
Агар намедонед чӣ гуна шикоятро асоснок кунед ё дар ягон марҳилаи дигар ба кӯмак ниёз доред, бо Access Info дар тамос бошед. Мо бо камоли майл ба шумо маслиҳат медиҳем ва роҳнамоӣ мекунем.