Роҳкиро гарон шуду сокини Конибодом дучархаи электрикӣ сохт

Пас аз гарон шудани нархи сӯзишворӣ дар кишвар ва боло рафтани арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ, Қодирҷон Орипов сокини шаҳри Конибодом барои сарфа кардани маблағи роҳкиро  барои худ дучарха ва сечархаи электрикӣ сохтааст.

Қодирҷон Орипов дар суҳбат Your.tj гуфт, ки ӯ аллакай аз муштариён барои сохтани чунин дучарха якчанд фармоиш гирифтааст.

Нақлиёти сохтаи Орипов бо аккамулятор ҳаракат мекунад ва барои то 60 км ҳаракат карданаш, онро зарур аст, ки муддати 4 соат ба қувваи электрикӣ пайваст намуд.

Ихтирокор 52 сол дорад ва зиёда аз 10 сол аст, ки дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Конибодом ба ҳайси роҳбари маҳфили “Радиотехника” кор мекунад. Замони гарон шудани нархи сӯзишворӣ ва арзиши роҳкиро фикри сохтани нақлиёти бе сӯзишворӣ ҳаракаткунанда ба сараш меояд.

“Аввалан, Мопедаро вайрон карда, ҷойҳои дурусташро тоза кардам, боз дигар қисмҳои заруриро харида сечарха сохтам. Барои харидани 4 аккамулятор, муҳаррики электрикӣ ва дигар қисмҳои даркорӣ қариб 4 ҳазор сомонӣ сарф кардам”, – мегӯяд, Қодирҷон.

Қодирҷон, аз хурдӣ ба техникаву технология шавқ доштааст ва дар замони Шӯравӣ аз ҳисоби маош пул ҷамъ карда 2 адад  мопед харидааст. Вале аз онҳо зиёд истифода накардааст. Ӯ барои амалӣ кардани ғояи сохтани дучарха ва сечархаи электрикӣ аз ҳамон мопедҳои он замон харидааш истифода кардааст.

Ҳоло Қодирҷон ҳар рӯз бо сечархаи электрикиаш ба кор меравад, пештар бошад аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мекард.

“Акнун бо сечархаам  ҳар рӯз бакор меравам, чун дигар маошам иҷоза намедиҳад бо нақлиёти ҷамъиятӣ равам. Баъзан вақт ба саҳро низ  бо сечарха рафта меоям”, – нақл мекунад, Қодирҷон.

Барои сохтани дучарха низ Қодирҷон 4 дона аккамулятор, муҳаррики электрикӣ ва чархҳоро истифода кардааст.  Дучархаро ӯ барои писараш сохтааст

“Дучарха ҳам мисли автомобил тормоз дорад. Ронанда онро бо по зер карда, ҳаракатро идора мекунад. Яъне, ҳаракати дучархаро тезу суст кардан мешавад. Дучархаро ҳам 4 соат заряд монем,  50 – 60 км гашта метавонад”, – мегӯяд, Қодирҷон.

Қодирҷон Орипов, аллакай, аз сокинони Конибодом барои электрикӣ кардани дучархаҳояшон фармоиш қабул карда истодааст.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar