Роҳи ҳунарии ду хоҳар. Аз фурнитура то ороишоти нозук

Мадина ва Мастона дар кӯдаки шавқу завқи якхела доштанд. Аз рӯи ҷавоҳироти дар бозор дидаашон барои худ бо тарҳу сохти нав ороишоти занона омода мекарданд.

Вале вақте дигарон зебоии кори дастиашонро диданд хоҳиш карданд, ки барои онҳо низ чунин чизҳо созанд, ҳунари ин хоҳарон тадриҷан ба тиҷорат табдил ёфт.

“Аз кӯдакӣ ба ҷавоҳирот шавқ доштем. Соатҳо метавонистем ороишҳои модару бибиамонро тамошо кунем. Ҳамон шавқ сабаб шуд, ки баъдтар ба таҷрибаи ин кор, аввал бо чизҳои сода оғоз карда, сипас бо мавод ва техникаҳои ҷиддитар корро пеш мебурдем”,- мегӯяд Мадина.

Аз худомӯзӣ то эҷоди тарҳҳои ҷолиб

Мадина ва Мастона омӯзиши расмии заргариро нагузаштаанд. Онро аз наворҳои интернет худомӯзӣ кардаанд.

“Пас аз хатми мактаби миёна мо ҳамроҳи хоҳарам ба ДПДТТ ба номи М.Осимӣ дар факултети иқтисодиёт ва идора дар корхона таҳсил кардем. Баъди гирифтани илм мо издивоҷ кардему ҳамин тавр аз паси зиндагӣ шудем, вале бо гузашти солҳо дар яке аз рухсатиҳои модарӣ дар сари ман чунин фикр омад ва аз хоҳарам маслиҳат хостам.

Мастона ҳам фикри маро гӯш карда пешниҳод дод, ки дар бекориамон барои худ дастбанду гӯшвору гарданбанд омода намоем. Ба ҳамин тадриҷ кори мо оғоз шуд”,- ба ёд меорад Мадина.

Кори ин хоҳарон аз дигар ороишгарон бо он фарқ мекунад, ки маҳсулоти тайёрро аз хориҷи кишвар фармоиш медиҳанд. Онҳо фурнитураро гирифта, дар хона бо дастгоҳои пайвасткунандаи худ бо ҳар нақш ороиш медиҳанд.

“Ашёи хомро мо аз Чин, Узбекистон, Туркия фармоиш медиҳем. Вақте маҳсулотро мегирем, баъд идея пайдо мешавад. Ранг, шакл ва сангҳоро ҳамроҳ интихоб мекунем. Дар охир, санҷиш ва бастабандии зебо карда ба муштарӣ мефиристем. Техникаҳои омехтаро дӯст медорем ва худро танҳо ба як шакл маҳдуд намекунем.Дар ҳар нақш мехоҳем як ҷузъиёти нав ворид намоем”,- қисса мекунад Мастона.

Ба гуфтаи ҳунармандон маҳз гарданбанду дастпона бештар имкони эҷоди тарҳҳои ҷолиб медиҳанд ва дар бозор серхаридор мешаванд. Фарқи кори онҳо аз дигарон дар он аст, ки бештар дар муносибати инфиродӣ бо ҳар як мизоҷ кор мекунанд.

“Мо ороише месозем, ки на танҳо дар мӯд бошад, инчунин ба худи шахс низ муносиб бошад”, – таъкид мекунанд хоҳарон.

“То Амрикову Чин”

Барои сохтани як ороиш аз ду то се рӯз вақт лозим мешавад. Ин вобаста ба нақши фармоиш додаи муштари мебошад. Ба гуфтаи ҳунармандон маҳсулоташон нисбат ба дӯкону мағозаҳо арзонтар аст, аз ин рӯ харидор худаш то дари хонаашон меояд. Мизоҷони онҳо бештар ҷавонон ва занони аз 20 то 60-сола будаанд.

“Ба калонсолон гӯшворҳо аз сангҳои табиӣ, ба монанди фирӯза, ақиқ, марворид писанд аст”, – шарҳ медиҳад Мадина ва меафзояд, – “Харидорони доимии мо низ зиёданд ва аксар вақт туҳфаҳои махсус фармоиш медиҳанд.

Ҳатто чандин кори дастиамон ба кишварҳои гуногун бурда шудааст. Баъзеҳо пеш аз ягон сафари корӣ фармоиш медиҳанд ва ба мизбонони хориҷӣ туҳфа мекунанд. Кори дастии мо то Амрико, Олмон, ва Чин рафтааст”.

Шабакаҳои иҷтимоӣ барои хоҳарон на танҳо манбаи фурӯш, балки саҳнаи асосии муаррифӣ мебошад. Ҳамсуҳбатони мо ҳоло дар шабакаҳои Facebook ва Instagram саҳифаи худро доранд.

Онҳо ҳар як маҳсулоти омода кардаашонро навор ва акс гирифта дар саҳифа мегузоранд. Ҳадафи калонтарини хоҳарон кушодани коргоҳи шахсӣ аст.

“Албатта интернет метавонад муарифгари ҳунари мо бошад. Вале доштани як коргоҳи махсусу бренди шахсӣ кори моро бештар рушд медиҳад. Мехоҳем ҷое дошта бошем, ки ҳам кор кунем, ҳам мизоҷонро қабул намоем”,- мегӯяд Мадина.

Мушкилӣ дар кори ҳунарманд

Мадина ва Мастона дар ҳар як кори худ на танҳо зебоӣ, балки рӯҳу ҳикмати фарҳангҳоро эҳсос мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки илҳом барои эҷоди ороиш танҳо аз шаклу ранг нест, балки аз таърих ва анъанаҳо меояд.

Ба ҳамин хотир, услубҳои туркӣ, ҳиндӣ ва тоҷикии самарқандӣ дар кори онҳо нақши муҳим доранд. Нақшҳои нозуки шарқӣ, рангу ороиши пуртазод ва омезиши сангҳои табиӣ ба ҳар як ҷавоҳирот эҳсоси хосият ва нодирӣ мебахшад.

Аммо илҳом ҳамеша яксон ба вуҷуд намеояд. Онҳо эътироф мекунанд, ки роҳи эҷод осон нест: ёфтани маводи босифат дар бозорҳои маҳаллӣ мушкил мешавад, раванди кори дастӣ вақт ва сабри зиёд мехоҳад ва баъзе рӯзҳо набудани илҳом метавонад тамоми равандро боздорад.

Бо вуҷуди ин, Мадина ва Мастона ҳар мушкилро ҳамчун қисми ҷудонопазири кори ҳунармандӣ қабул доранд, зеро маҳз ҳамин заҳматҳо ба маҳсулоти онҳо арзиш ва рӯҳи зинда мебахшад.

“Аз хурд оғоз кунед”

Ҳунармандон барои духтарони ҷавоне, ки мехоҳанд дар хона тиҷорати хурди худро оғоз кунанд, маслиҳат медиҳанд ки:

“Аз хурд оғоз кунед. Ба худ фишор наоред. Сифатро дар ҷои аввал гузоред. Ва ҳар қадамро бо иродаи қавӣ иҷро кунед”.

Мадина ва Мастона имрӯз на танҳо ба эҷоди ороишҳои зебо машғуланд, балки барои такмили ҳунар ва беҳсозии ҷойи корашон низ ҷиддан талош мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳарчанд марҳилаи то имрӯз тайкарда пур аз заҳмату таҷриба буд, ҳоло вақти қадами калонтар фаро расидааст.

Ба ҳамин хотир, ният доранд коллексияҳои нави худро аз металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла нуқра ва тилло рӯйи кор оранд. Барояшон ин танҳо иваз кардани мавод ё баланд кардани арзиш нест, балки гузариш ба сатҳи тамоман дигар, ба марҳилаи касбии комилан баланд аст.

Хоҳарон нақл мекунанд, ки солҳои зиёд бо пӯлод ва сангҳои гуногун кор карданд, усулҳои рангу нақшро такмил доданд ва аз таҷрибаҳои худомӯзӣ ба як равиши ягонаи эҷодӣ расиданд.

Коллексияҳои нуқра ва тило барои мо танҳо як маҳсулоти нав нестанд. Ин қадами калон ба пеш аст, оғози марҳилаи нави ҳунарист. Мо мехоҳем нишон диҳем, ки ҳунари занони тоҷик метавонад ба сатҳе расад, ки дар ҳар кишвар қадр карда шавад”, – изҳори боварӣ карданд хоҳарон.

С.У.

Skip to toolbar