fbpx

Роҳи  “Душанбе-Чаноқ” кушода шуд, вазъият чӣ гуна аст? Гузориш аз роҳ

Нархи роҳкиро дар ин рӯзҳо то Айниву Панҷакент 200 - 300 сомонӣ шуд.


1
1 point

Тайи чанд рӯзи охир бинобар сабаби тармафароии шадид дар роҳи Душанбе – Чаноқ ҳаракати нақлиёт дар ин масир манъ буд. Танҳо нисфирӯзии 18 – уми январ ҳаракат дар ин шоҳроҳ барқарор шуд. Ҳоло новобаста аз он, ки роҳ аз барф тоза карда шудааст, зиёда аз 1000 мошини боркаш дар роҳ банд мондаанд ва ҳаракати мошинҳои сабукравро халалдор мекунанд.

Барои огаҳӣ ёфтан аз вазъи роҳ ва бехатарии он муаллифи Your.tj Фариддун Сафарзода ба ноҳияи Айнӣ равон шуд. Муфассалтар оиди вазъияти роҳ дар гузориши омодакардаи ӯ бихонед.

Нархи роҳкиро то 300 сомонӣ ба Панҷакент

Нисфирӯзии 18-уми январ ба “Сементзавод” терминали хатсайрҳои  мусофиркашонии  самти вилояти Суғд ҳозир шудам. Вақте аз автобуси хатсайри №33 пиёда шудам, фазои терминал аз ҳарвақта комилан тафовут дошт. Одатан ин ҷо ҳамин ки аз нақлиёти шаҳрӣ берун шудӣ, ронандагон зуд ба наздат давида меоянду борхалтаҳоятро аз дастат мегиранд. Аммо, имрӯз мусофирон зиёд буданду мошинҳои мусофиркашон хеле кам. Нархи роҳкиро низ осмонӣ на камтар аз 200 – 300 сомонӣ ин ҳам ба Панҷакент.

Ронандаи автомобили тамғаи “Зефира”, ки  айни замон танҳо ӯ ба самти Панҷакент ҳаракат мекард,  гуфт, дар қатори сеюм ҷойи холӣ дорад ва бар ивази 200 сомонӣ то Айнӣ ё Панҷакент бурда мерасонад.

Барои мани доншҷӯ, ки қаблан дар қатори сеюми “Зефира” бо маблағи 50 сомонӣ то Айнӣ мерафтам, 200 сомонӣ хеле гарон аст. Аз ин рӯ бо нархи гуфтаи ронанда розӣ нашуда, ба роҳи калон баромадам ва боварӣ доштам, ки ягон мошини тасодуфие пайдо мешавад. Хушбахтона ҳамин тавр ҳам шуд. Бо мошини тамғаи “Ландкрузер”, ки тасодуфӣ буд, се нафар бо нархи 150 сомонӣ то ноҳияи Айнӣ мувофиқа кардем ва ба роҳ баромадем.

Дар роҳ бо корманди IRS

Соати 12: 55 дақиқа мо ба роҳ баромадем. Вақте ба Ҳушёрӣ расидем, тамбашавии дарози мошинҳо ба амал омада буд. Ронандагон давоми 20 дақиқа ин тамбашавиро бо гуруҳи кормандони БДА бартараф карданд.

Мо боз ба роҳ баромадем. Шумораи зиёди камазу мошинҳои боркаш, ки баъзеашон се рӯз аст, ки дар роҳ мондаанд, бо навбат ба роҳ мебаромаданд.

Пас аз суҳбат маълум шуд, ки ронандаи мо корманди филиали ширкати “IRS”  будаасту барои аз наздик шинос шудан бо вазъияти баамал омада, ба роҳ баромадааст.

“Давоми ду рӯз аст, ки кормандони мо роҳро аз барф тоза карда истодаанд. Беш аз 210 техника барои тоза кардани барфу тарма сафарбар карда шудаанд. Пас аз боз шудани роҳ ман боз ба шаҳри Хуҷанд рафта истодаам, то аз вазъияти роҳ аз наздик бори дигар шинос шавам”, – гуфт, ин корманд.

 

“Ду рӯз аст, ки дар роҳ банд мондаам”

Ҳангоми ҳаракат мо дар чанд ҷой таваққуф кардем. Барфи баланд борида буд. Давоми чанд соли охир, аввалин маротиба баландии барф дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба 2-2,5 метр баробар шудааст. Шумораи зиёди тармаҳои баландиашон беш аз 10 метр роҳро бисёр ҳам воҳиманок карда буданд.

Воқеан, мо дар роҳ шоҳиди чунин барфи баланд гардидем. Ҳаракат барои мошинҳои майда бисёр  мушкил буд. Дар баъзе ҷойҳо тарма даромадгоҳи нақбҳоро бастааст, ки дар роҳи танги аз барфтозашуда мошинҳо базӯр ҳаракат мекарданд.

Чуноне мушоҳида намудем, тамбашавии нақлиёт бештар дар деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб ва шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ мушоҳида мешуд.

Ҳангоми банд мондан боз дар як тамбашавии дигар бо ронандаи автомобили тамғаи “Опел Зефира” лаҳзае ҳамсуҳбат шудем, ӯ ду рӯз будааст, ки бо шаш нафар мусофир дар роҳ банд мондааст.

“Давоми ду рӯз мешавад, ки дар роҳам. Ҳаво хеле сард буд, дар тӯли фаъолияти ронандагиам чунин барфро дар ин роҳ аввалин маротиба мебинам.  Мусофирон ҳам аз сардии зиёд бисёр азоб кашиданд. Акнун ба роҳ баромадем, умед дорам бемушкилӣ ба манзил мерасем”, – гуфт ронанда.

Хушбахтона мо низ ба манзил расидем, вақте ба ноҳияи Айнӣ омадем, ин ҷо комилан аз барфу сардӣ дараке набуд. Ба соат нигоҳ кардам 16:35 дақиқа. Яъне барои расидан то Айнӣ 4 соат вақт сарф шуд. Одатан дар 2 – 2, 5 соат ба манзил мерасидем.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend