fbpx
0

Роҳи душворгузари “Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ” пурра таъмир ва бозсозӣ мегардад. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои вазорат, таҳияи лоиҳаи бозсозӣ ба ширкати машваратии “NARCO Consultants” аз Кувайт дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ (ПЛИН) вогузор шудааст.

Тибқи тарҳ, роҳи мазкур бо дарозии умумии 162 километр дар ду қитъа сохта мешавад:

  • аз ноҳияи Айнӣ то деҳаи Меҳрон (маркази Кӯҳистони Мастчоҳ) – 80 км;
  • аз маркази ноҳия то деҳаи Деҳҳисор – 82 км.

Дар доираи лоиҳа бунёди 27 пули мошингузар ва 405 қубури обгузар пешбинӣ шудааст.

Дар хабари расмӣ таъкид мешавад, ки роҳи “Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ”, ки ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда буд, то имрӯз таъмири куллӣ нашудааст. Ин масир яке аз роҳҳои асосии интиқоли картошка ва ангишт ба Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар ба шумор меравад.

Сокинони минтақа қаблан борҳо шикоят карда буданд, ки бинобар харобии роҳ “60 километрро то 5-6 соат тай мекунанд”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend