fbpx

Роҳбалади тоҷик дар бораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва мушкилоти онҳо

Роҳбаладон дар Тоҷикистон чӣ гуна фаъолият мекунанд?


0

Шаҳбоз Акрамзода тӯли 8 сол аст, ки ба сайёҳони хориҷӣ роҳбаладӣ ва тарҷумонӣ мекунад. Ӯ пас аз оғози пандемияи COVID-19 ба шаҳри Москави Русия сафар кард ва ҳоло онҷо ба ҳайси челонгар ҳудуди як сол аст, ки кор мекунад.

Акрамзода ба Your.tj аз даврони фаъолияти роҳбаладӣ-тарҷумонӣ бо сайёҳони хориҷӣ, хатсайри анъанавии сайёҳон, камбудиҳои соҳаи туризм, шикояти ҷаҳонгардон ва роҳҳои ҷалби туристон ба Тоҷикистон гуфт.

Духтарчаи ишкошимӣ ва ҳайрати австралиягиҳо

Тавре Шаҳбоз мегӯяд, сайёҳонро чанд хусусиятҳои хоси мардуми мо аз ҷумла, меҳмондорӣ, фарҳанги кӯҳан, ҷашнҳои миллӣ, забондонии мардуми кӯҳистон ва мавзеъҳои қадима ба худ ҷалб мекунад. Қаҳрамони мо мегӯяд, ки боре ҳангоми саёҳат дар Ишкошим як духтарчаи 11 сола сайёҳони австралягиро дар ҳайрат гузоштааст. Ӯ ба онҳо гуфтааст, ки Шекспир бо ҳама бузургияш бо Мавлонои Балхӣ баробар шуда наметавонад.

“Чор нафар сайёҳро аз Австралия муддати 9 рӯз роҳбаладӣ намудам. Бо австралиягиҳо тариқи хатсайри анънавӣ аз шаҳри Хуҷанд сайёҳатро оғоз намудем ва рӯзи панҷум ба деҳаи Рини ноҳияи Ишкошими Бадахшон расидем.

Пас аз расидан дар меҳмонхона якҷо каме истироҳат кардем ва нақша буд, ки баъдан ба тамошои кӯҳ мебаромадем. Вале хоби ман мебарад ва сайёҳон маро нороҳат накарда худ ба гашту гузор мебароянд. Дар кӯча ҳар чори онҳо бо духтарчаи 11-солаи ишкошимӣ вомехӯранд ва бо ӯ бо англисӣ сӯҳбат мекунанд.

Духтарча худро Зулфия муаррифӣ карда, онҳоро ба хонаашон меҳмонӣ даъват мекунад. Австралиягиҳо аз духтарча мепурсанд, ки забони англисиро аз куҷо омӯхтааст ва оё ягон шоир ё нависандаи англисзабонро медонад. Зулфия мегӯяд, ки забони англисро дар мактаб омӯхтааст ва нависандаи англис Шекспирро ном мебарад. Духтарча ба ин қаноат накарда ба сайёҳон таъкид мекунад, ки ӯ навиштаҳои нависандаи номии англис Шекспирро мехонад. Ба таъкиди сайёҳ Шекспир бо ин қадар бузургиаш ба Мавлоно Балхӣ баробар шуда наметавонад, аммо англисҳо Мавлоноро намешиносанд, аммо духтарчаи кӯҳистонӣ асарҳои Шекспирро мехонад.

Меҳмонон баъди бозгашт воқеаро ба ман нақл карданд ва гуфтанд, ки “мо ҳоло дар дурдасттарин деҳаи Тоҷикистон қарор дорем, аммо духтарчае дар кӯча ба мо бо англисӣ озод сӯҳбат намуда, таъкид мекунад, ки Шекспир ба Мавлоно баробар нест”.

Сӯҳбат бо духтарчаи ишкошимӣ барои австралиягиҳо хеле таъсир мекунад ва пас аз рафтан яке аз онҳо Эд Брамби, ки мо ҳоло дӯсти фейсбукӣ ҳастем, ба ман гуфт, ки ман мехоҳам ба он духтарча тӯҳфа фиристам. Эд Брамби тариқи почта ба ман бастаи чор китоби Шекспирро фиристод ва ман ӯро ба Зулфия расонидам”, – нақл мекунад, Шаҳбоз.

Аз орзуи таърихнигорӣ то касби тарҷумонӣ

Пандемияи коронавирус туризми ҷаҳониро боздошт ва дар ин муддат ширкатҳои сайёҳӣ фаъолияташонро муваққатан қатъ карданд ва Шаҳбоз бекор монд. Ӯ чанд муддат дар деҳа назди хонавода буд ва ҳоло ҳудуди як сол аст, ки дар Русия ба ҳайси челонгар фаъолият дорад.

“Ҳоло инҷо кори муваққатӣ дорам ва пас аз оғози мавсими вуруди туристон ба Тоҷикистон бармегардам ва кори роҳбаладиамро идома медиҳам. Даромади хуб дорад корам, ҳам маош мегирам ва ҳам туристон чойпулӣ медиҳанд”, – мегӯяд, Акрамзода.

Шаҳбоз Акрамзода 31 сола аст. Ӯ зодаи деҳоти кӯҳистони Басмандаи ноҳияи Деваштич мебошад. Шаҳбоз хатмкардаи ду донишгоҳ – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров аз рӯйи ихтисоси тарҷумони забони тоҷикӣ-англисӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Акрамзода то ба имрӯз дар ширкатҳои сайёҳии “Orient Adventure”, “Kuhandiz”, “Panjakent-in-tour”, “Sarazm Travel” ба ҳайси роҳбалад фаъолият кардааст.

Шаҳбоз мегӯяд, ки ӯ дар аввал мехост, ки таърихнигор шавад, аммо ба хоҳиши волидон ӯ касби тарҷумониро интихоб кард.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки ӯ ба соҳаи туризм ногаҳонӣ ворид шуд, ҳоло бошад мутахассиси соҳа гардидааст. Шаҳбоз ҳамроҳи ҳамкурсаш Кайхусрав зимни донишҷӯӣ моҳи майи соли 2010 бо тавсияи муаллимаашон Ҳилола Ғуломова ба ширкати сайёҳии “Pamir-Travel” мераванд ва онҷо бо пешниҳоди роҳбари ширкат ба ду ҳафтаи омӯзишӣ ба шаҳри Панҷакент сафар мекунанд. Ин сафар боиси тағйирёбии самти фаъолияти минбаъдаи ин ду ҳамкурс мегардад, зеро онҳо тайи ду ҳафта аз нозукиҳои соҳаи роҳбаладӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар соҳаи туризм аз наздик ошно мегарданд.

То хатми донишгоҳҳо Шаҳбоз дигар ба соҳаи роҳбаладӣ пурра машғул нашуд ва танҳо дар истироҳатҳои тобистона ба хориҷиён ҳамчун ёвари тарҷумон кумак мекард ва бо чанде аз ширкатҳои сайёҳӣ ҳамкорӣ дошт.

Ёвари роҳбалад дар хатсайри анъанавӣ

Пас аз хатми донишгоҳ Акрамзода ба ширкати сайёҳии “Orient Adventure” ҳамчун ёвари роҳбалад корро оғоз кард. Дар аввал, ӯ танҳо гурӯҳҳои кӯчаки сайёҳон иборат аз ду-се нафарро дар шаҳри Хуҷанд роҳбаладӣ мекард. Пас аз омӯхтани таҷриба сар аз соли 2013 роҳбаладӣ ва тарҷумониро ба сайёҳони хориҷӣ аз рӯйи хатсайри анъанавии сайёҳон – Суғд, Душанбе, Хатлон ва Бадахшон шурӯъ намуд.

Шаҳбоз мегӯяд, ки “Мо роҳбаладон сайёҳони хориҷиро асосан аз ду ҷой сарҳад ва фурӯдгоҳи байлалмилалии Душанбе пешвоз мегирем ва то гусел намудани онҳо аз ин ду макон кори мо идома меёбад. То ба имрӯз, ман аз як нафар сайёҳ то ба як гурӯҳи 40 нафараи ҷаҳонгардони хориҷӣ хизмат расонидаам. Бинобар мушкил будани дар ёд доштани номҳои тоҷикӣ барои хориҷиён, ман вобаста ба миллати хориҷиён номи худро кутоҳ карда ба забони онон наздик намуда мегӯям, то дар хотирашон боқӣ монад. Мисол барои хориҷиёни кишварҳои Аврупо ман номи худро кутоҳ “Боз” мегӯям ва онҳо гоҳо вақт шӯхиомез “Бос” мегӯянд. Барои сайёҳони Шарқи Дур – музофоти Тайван, Ҳонконг ва Чин қисми аввали исмам “Шаҳ”-ро ба забони чинӣ тарҷума карда “Ванг” мегӯям, ки маънияш “Шоҳ” аст”.

Қиссаи хонадоршавӣ ва Марки амрикоӣ

Ба таъкиди Акрамзода роҳбалад бояд пеш аз оғози сайёҳат ҳамаи шикасту рехти сафарро аз меҳмонхонаву ошхона, то шароити роҳу ҳоҷатхонаву ҳаммом пурра ба сайёҳон муфассал гуфта гузарад, то ки дар рафти тур нофаҳмиҳо байни роҳбалад ва туристон эҷод нагардад. Ба ҳар мавзеи сафарӣ роҳбалад бояд маълумоти пурра дошта бошад ва ба сайёҳон кутоҳ гуфта тавонад, ки “чаро онҳо ба тамошои ин макон омаданд?”.

Шаҳбоз бештар ба шаҳрвандони ИМА, Канада, Бритониёи Кабир, Австралия, Тайван, Ҳонгконг, Кореяи Ҷанубӣ хизмат расонидааст. Сайёҳони хориҷӣ асосан тариқи хатсайри анъанавӣ аз маконҳои таърихӣ ва дидании шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, мавзеъҳои Ҳафткул ва Искандаркул, Айнӣ, Душанбе, Ҳисор, Бохтар, ёдгориҳои минтақаи Кӯлоб, Хорӯғ, водии Бартанг, ёдгориҳои Вахон, манзараҳои ду сӯйи дарёи Панҷ, Қарокул ва деҳаи баландтарини ҷумҳурӣ – Мурғоб ва қӯҳҳои Помир дидан мекунанд.

“Ба сайёҳон маълумотҳои таърихӣ на он қадар писанд аст. Онҳоро бештар анъанаҳои мардумӣ, сӯҳбат бо аҳолӣ, фактҳои ҷолиб ва саргузаштҳои аҷоиб ҷалб. Бинобар ин аз гуфтани расмиёти зиёд худдорӣ бояд кард ва бо пешниҳоди фактҳои хотирмон диққати сайёҳонро ба худ ва манотиқи ҷумҳурӣ ҷалб кард.

Ҳамчунин роҳбалад бо овардани чанд ёддошт аз ҳаёти шахсӣ метавонад диққати ҳайати сайёҳонро ба кулли ба худ ҷалб намояд. Мисол, ман фасли тобистон гурӯҳи 14 нафараи сайёҳонро дар гузаргоҳи Қизиларти сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон пешвоз гирифтам. Онҷо ҳамроҳи сайёҳон Марк ном марди амрикоӣ ҳамроҳи гурӯҳи нав буд ва ӯ сурати чанд сол пеш гирифташударо нишон дода гуфт, ки “шояд қиссаи хонадоршавиатро як бори дигар нақл мекунӣ?” ва ман ҳайрон шудам, чун ӯро нашинохтам.

Баъдан дар вақти сафар маълум гардид, ки Маркро чанд сол пеш ман дар Суғд роҳбаладӣ карда будам ва онҷо ба онҳо қиссаи хонадоршавиамро нақл карда будам, ки пас аз гузашти солҳо ҳанӯз дар хотирааш боқӣ мондааст.

Қиссаи хонадоршавӣ ҳамин аст, ки ман ҳамсарамро якумин маротиба пас аз хонадор шудан, шаби арӯсӣ дидаам, чун волидонам интихоб карда буданд. Ҳамин ҷумлаи кутоҳро ман қариб барои хотирмон гузаштани сайёҳат ба бештари сафарҳо ба туристон нақл мекунам. Ин барои онҳо ғайриодӣ, номумкин ва ҷолиб менамуд”, – қисса мекунад, Шаҳбоз.

Террори сайёҳон ва вокуниши марди итолёвӣ

Ба андешаи роҳбалад Шаҳбоз Акрамзода воқеоти 29-уми июли соли 2018 ҳамла ба 7 дучархарони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони Данғара, ки дар натиҷа чор сайёҳ ҳалок ва сеи дигар захмӣ шуданд, боиси афзудани туристон ба Тоҷикистон гардид. Пас аз чор рӯзи ҳодиса Шаҳбоз гурӯҳи сайёҳони 9 нафаи итолёвиро дар фурӯдгоҳи Душанбе пешвоз мегирад.

“Баъди дар меҳмонхонаи “Шератон” ҷобаҷо шудан, мисли ҳарвақта ман нақшаи сафарро ба сайёҳон муфассал гуфта гузаштам, ки дар ин хатсайр гузаштан аз мавзеи ҳодиса Себистони Данғара ҷой дошт.

Ба итолёвиҳо гуфтам, ки аз вазъият ва хабарҳои охири Тоҷикистон огаҳӣ доред ва ба ин нигоҳ накарда шумо аз сафар ба кишвари мо даст накашидед. Аз байни сайёҳон як мард гуфт, ки “ин чизи маъмулист ва аз амали террористии ду-се аблаҳ мо ҳарос надорем, зеро ҳар куҷо хатар аст. Чун худи ман ҳангоме ки варзишгоҳи шаҳри Парижро тарконидан чанд метр аз онҷо дур воқеъ будам. Дар Тоҷикистон будан ба ман аз баъзе мавзеъҳои Итолиё дида бехатар аст”.

Яъне ба таъкиди марди итолёвӣ амали ду-се террорист маънии ҳамаи аҳолии Тоҷикистон террорист буданро надорад ва ин боиси камшавии сайёҳон намегардад, чун ин ҳодисаҳо дар ҳаёти ҷаҳонгардон чизи маъмулист”, – нақл мекунад, роҳбалад Акрамзода.

Инчунин Шаҳбоз ёдовар шуд, ки мавсими қабули сайёҳон, ки одатан дар моҳи сентябр аст, ҳамон соли ҳодиса нисбат ба солҳои қаблӣ бештар туристон ба Тоҷикистон ворид шуданд.

Набудани ҳоҷатхона ва шикояти сайёҳон

Қаҳрамони мо дар баробари роҳбаладӣ кардан, инчунин худ ба кишварҳои Ӯзбекистон, Россия, Олмон ва Испания ба сайёҳат рафтааст. Ба андешаи Акрамзода сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои минтақа ва Аврупо дучори чанд мушкилот аст, ки бештари сайёҳон аз он шикоят мекунанд.

“Шикояти аввалиндараҷаи туристон ин набудани ҳоҷатхонаи ҷавобгӯи талаботи санитарӣ аст, ки ин хеле нигаронкунанда аст. Чун худи сайёҳон мегӯянд агар хоҳед, ки туризм пеш равад шумо аввал ҳоҷатхонаҳои сарироҳии муосир бештар созед.

Ҳамчунин меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳои ҷумҳурӣ ба шароити муосир бояд ҷавобгӯ бошанд, чун тозагӣ нисбат ба боҳашаматии иншоот дида барои сайёҳон хеле муҳим аст. Дар зимн набудани хостелҳо дар мавзеъҳои баландкӯҳи Тоҷикистон боиси кам омадани туристони кӯҳнавард мегардад.

Боре сайёҳе ба ман гуфта буд, ки агар хоҳед туризм пеш равад шуморо зарур аст, ки дар дар мавзеъҳои Қарокул, Булункул, Ишкошими Бадахшон ва Ҳафткули водии Зарафшон яктогӣ меҳмонхонаи муосир бунёд намоед”, – таъкид мекунад, Шаҳбоз.

Набудани маълумот бо забони англисӣ

Қисмати дигар сайёҳон, ки ба таърих ва мавзеъҳои қадима завқ доранд, аз набудани лавҳаҳои маълумотӣ бо забони англисӣ дар осорхонаҳо, қалъаҳо ва маконҳои таърихӣ шикоят мекунанд. Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Осорхонаи миллӣ, дар дигар осорхонаҳо мушкили набудани лавҳаҳои маълумотӣ бо забони англисӣ дида мешавад. Акрамзода мегӯяд, ки маълумот бо забони англисӣ барои ҷаҳонагардон хеле муҳим аст, чун туристон аз набудани феҳристи хӯрокҳои миллӣ бо забони англисӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо нороҳат мешаванд.

“Солҳои аввали роҳбаладӣ барои ворид шудани сайёҳон ба кишвар мушкилот зиёд буд. Ҳатто туристони австралиягӣ барои гирифтани раводид бинобар набудани сафорати Тоҷикистон дар Австралия ба кишари сеюм муроҷиат мекарданд. Дар сарҳад ба мушкилот зиёд рӯ ба рӯ мешуданд ва вурудашон ба ҷумҳурӣ аз чанд ҷиҳат мушкилӣ эҷод мекард.

Аммо ҳоло тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 112 давлат ҷорӣ гардид, ки тариқи онлайн сайёҳон дар сомонаи – www.evisa.tj раводиди электронӣ дастрас намуда, ба Тоҷикистон сафар менамоянд. Инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ раводиди навъи сайёҳии бисёркаратаи то 60-рӯза ҷорӣ гардид”, – мегӯяд, роҳбалад.

Шаҳбоз ҳоло бо сабаби пандемия дар муҳоҷират қарор дорад. Ӯ пас аз барқарор шудани мавсими сайёҳӣ боз ба Тоҷикистон бармегардад ва корашро идома медиҳад.

Нуралӣ Карим


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend