fbpx

Роҳ ба сӯи Токио. Тоҷикистонро дар олимпиадаи Токио-2020 киҳо муаррифӣ мекунанд?

Комроншоҳ Устопириён, Сомон Маҳмадбеков, Гулсумбӣ Шарипова, Темур Раҳимов ва дигарон ба Токио мераванд.


0

Бозиҳои олимпии Токио 2020 қарор аст аз 23 июл то 8 августи соли ҷорӣ баргузор шавад. Тоҷикистонро дар он 11 нафар варзишгарон, ки аз он 4 нафар ҷудокор, 3 нафар боксёр,  2 нафар дар варзиши сабук ва ду нафари дигар дар намуди шиноварӣ муаррифӣ мекунанд.

Ин мусобиқаи бонуфуз соли гузашта аз сабаби пандемия ба таъхир гузошта шуда буд. Дар пойтахти Ҷопон – Токио қарор аст, ки 11 ҳазор варзишгарон аз 200 давлати дунё барои 339 ҷоиза қуваозмоӣ намоянд.

Мо дар бораи варзишгароне, ки Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Токио – 2020 намояндагӣ мекунанд маълумот ҷамъоварӣ намудем.

Комроншоҳ Устопириён

Комроншоҳ Устопириён ҷудокори шинохтаи тоҷик, дар таърихи ҷудои кишвар тавонистааст, ки ду бор пайи ҳам қаҳрамони Осиё шавад. Ӯ дар мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмиллалӣ ширкат карда, то имрӯз тавонистааст ба кишвар зиёда аз 20 медал орад, ки 5 тои он тиллоӣ мебошад.

Комроншоҳ моҳи апрели соли ҷорӣ дар мусобиқаи Осиё ва Уқёнус дар вазни 90 кило соҳиби медали биринҷӣ гашта буд.

Варзишгар дар раддабандии Федератсияи ҷудои байналмиллаӣ дар вазни -90кг – ҷойи 22 мебошад. Комроншоҳ дар бозиҳои олимпӣ ҳунарнамоиро рӯзи 28 июл дар вазни -90 кг оғоз мекунад.

Сомон Маҳмадбеков

Ҷудокори 22 солаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки ҳарчанд тамринҳояш дар шаҳри Иркутски Русия мегузаранд, вале дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аз номи Тоҷикистон баромад мекунад. Сомон ягона варзишгар – қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон дар таърихи ҷудои тоҷик мебошад.

Ӯ моҳи апрели соли ҷорӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек ҷараён баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило медали нуқра ба даст оварда буд.

Сомон Маҳмадбеков бо гирифтани 2390 имтиёз, айни ҳол дар садри ҷудокорони Тоҷикистон дар радабандии нави ҷаҳонӣ қарор дорад.

Ӯ ҳамчунин аз Тоҷикистон ягона паҳлавонест, ки бо имтиёзи доштааш дар мақоми 17-уми имтиёздорони олимпӣ барои Бозиҳои Токио, дар 20-гонаи  ҷудокорони вазни -73 кг қарор дорад.

Сомон қувваозмоиро дар бозиҳои олимпӣ аз 26 июл оғоз мекунад.

Темур Раҳимов

Темур Раҳимов паҳлавони тоҷик дар рӯзи охирини рақобатҳои Asia-Oceania Senior Championships низ барандаи медали биринҷӣ шуд. Моҳи гузашта Темур дар рақобатҳои инфиродии Чемпионати ҷаҳон (World Judo Championships Seniors Hungary 2021), ки тӯли як ҳафта дар пойтахти Маҷористон баргузор шуданд, Тоҷикистонро намояндагӣ карда, мақоми ҳафтумро сазовор шуда буд. Ба ғайр аз ин Темур дар мусобиқаҳои байналмиллалии бисёре ширкат карда соҳиби ҷойҳои намоён гаштааст.

Темур дар вазни +100кг дар раддабандии Федератсияи ҷудои ҷаҳонӣ дар ҷойи 17-ум қарор дорад.

Ӯ дар бозиҳои олимпӣ қувваозмоиро рӯзи 30 июл оғоз мекунад.

Акмал Муродов

Ҳамчунин дар мусобиқоти мазкур ҷудокори тоҷик Акмал Муродов низ дар вазни -81кг аз ҳисоби радабандии қоравӣ ба дарёфти роҳхати олимпӣ мушарраф шудааст.

Ӯ қувваозмоияшро дар бозиҳои олимпӣ рӯзи 27 июл оғоз мекунад.

Баҳодур Усмонов

Яке аз муштзанҳои шинохтаи кишвар Баҳодур Усмонов, қабл аз дигар муштзанҳо соҳиби роҳхат ба бозиҳои олимпӣ гардида буд. Ӯ соли 2019  медали тиллоии Чемпионати Осиё оид ба боксро ба Тоҷикистон оварда буд. Баҳодур низ яке аз муштзанҳои соҳибистъдоди кишвар ба ҳисоб меравад, ки чандин маротиба парчами Тоҷикистонро дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳони боло бардоштааст.

Муштзани шинохтаи тоҷик Баҳодур Усмонов, баъди шикасти ҳарифи эронияш соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 шуда буд. Аз байни 12 муштзани тоҷик, ки барои роҳхат ба Токио қувваозмоӣ карданд, танҳо ба Шабосс, Баҳодур ва Сиёвуш даст дод, ки онро соҳиб шаванд.

Шабосс Негматуллоев

Шабосс яке аз муштзанҳои бомаҳорати тоҷик аст, ки дар чандин мусобиқаҳои дохиливу хориҷӣ соҳиби медал ва ҷойҳои намоён шудааст.

Муштзани ҷавони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпии Токио соҳиби роҳхат ба ин мусобиқа гашта буд.

Сиёвуш Зуҳуров

Сиёвуш қаҳрамони Тоҷикистон оид ба бокс, писари роҳбари Хадамоти алоқа Бег Сабур мебошад. Ӯ имсол дар чемпионати Осиё -2021 Тоҷикистонро намояндагӣ карда, мақоми панҷумро касб намуда буд. Ҳамчунин Сиёвуш соли 2019 аз мусобиқаи байналмиллалӣ аз Русия медали тилло оварда буд.

Гулсумбӣ Шарипова

Ин варзишгардухтар 26 сол дорад ва яке аз чеҳраҳои нав дар варзиши сабуки Тоҷикистон аст. Танҳо дар қораи Осиё дар намуди варзиши сабӯк 9 рекорди фардӣ гузоштааст. Моҳи майи соли ҷорӣ Гулсумбӣ дар мусобиқаи фароқоравӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карда, масофаи 200 метрро тавонист дар 22 сония тай кунад, ки ин рекорди нав дар Осиёст. Ӯ бо ин нишондод ба бозиҳои олимпии Токио -2020 роҳхат гирифт.

Ба наздикӣ Гулсумбӣ аз пояш ҷароҳат бардошта буд, ки ӯ аз ин хеле нигарон буд. Хушбахтона ҳоло ҳолаташ хуб асту ба мусобиқа омодагии ҷиддӣ мегирад.

“Ҳоло бо тамоми қувватам барои бозиҳои олимпии Токио омодагӣ мегирам. Кӯшиш мекунам, ки ҷойи намоёнро ишғол кунаму парчами Тоҷикистонро баланд бардорам”, гуфта буд ӯ дар мусоҳибааш бо Your.tj.

Илдар Аҳмадиев

Давандаи тоҷик Илдар чеҳраи навест дар варзиши сабӯки Тоҷикистон. Илдар дар мусобиқаҳои дохилӣ натиҷаҳои назаррас нишон дода, баъдан ба мусобиқаҳои байнамиллалӣ роҳхат пайдо намуд.

Ҳоло Илдар низ ба бозиҳои Токио роҳхат, гирифтааст ва дар масофи 100 метр Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ба гуфти устодонаш Илдар варзишгари бомасъулият аст ва ба ҳар мусобиқае бо омодагии ҷиддӣ меравад.

Анастасия Тюрина

Ҳамчунин бар асоси квотаи федератсияи байналмилалӣ, Тоҷикистон ду роҳхати шиноварӣ пайдо намуд. Тибқи дархост як варзишгари мард ва як зан ки дар Ҷоми Ҷаҳонии 2019 ширкат кардаанд имкони иштирок дар бозиҳои олимпиро доранд.

Аз ин рӯ Кумитаи олимпӣ зин-шиновар, қаҳрамони Тоҷикистон Анастасия Тюринаро барои ширкат дар бозиҳои Токио-2020 интихоб намуд.

Анастасия ҳамчунин дар Бозиҳои олимпии 2016 дар Рио де Женейро иштирок карда, мақоми 73 – юмро касб карда буд. Ҳамчунин ӯ  дар чандин мусобиқаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок карда натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.

Олимҷон Ишанов

Инчунин Кумитаи олимпӣ қарор кард, ки шиновари бомаҳорати тоҷик Олимҷон Ишановро низ ба Олимпиадаи Токио-2020 равон кунад.

Мо ба ҳамаи варзишгарон, ки дар ин бозиҳо ширкат мекунанд, мувафақият хоҳонем ва умедворем, ки ба Ватан бо ҷоизаву ҷойҳои назаррас бармегарданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend