fbpx

Reuters: Ду ширкати Тоҷикистон ба Русия дастгоҳҳои таҳримшуда интиқол кардаанд

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина ширкати "Уралские авиалинии" беш аз 20 намуди таҷҳизоти истеҳсоли Амрикоро ба Маскав ворид кардааст.


0
Ҳавопаймоҳои ширкати Русия
Акси марбута аз сомонаи sunnyflower.ru

Агентии Reuters дар як тадқиқоти худ маълум кардааст, ки бо вуҷуди ҷорӣ шудани таҳрим, кишварҳое мисли Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Чин ва Қирғизистон маҳсулоти таҳримшударо ба Русия интиқол додаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ширкатҳои Русия аз моҳи май то июни соли равон ба маблағи 1,2 миллиард доллар қисмҳои эҳтиётӣ, аз ҷумла, дастгоҳҳои ширкати Northrop Grumman, дастгоҳи қаҳвапазӣ, гӯшиҳои махсуси телефон барои роҳбаладони ҳавопайморо харидорӣ кардаанд.

Reuters аз интиқоли дастгоҳи Northrop Grumman ба ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” аз ҷониби ду ширкати тоҷикӣ дар соли 2022 ёдоварӣ мекунад.

“Моҳи июли соли 2022 яке аз онҳо аз ҷониби ширкати сохтмонии “Истиқлолият 20”, муқими Тоҷикистон тавассути Аморати Муттаҳидаи Араб ба ширкати “Уралские авиалинии” фиристода шуд. Тибқи маълумот, дар моҳи сентябри соли 2022 як ширкати дигари сохтмонии тоҷик бо номи “Кафолати Комил” низ яке аз қисматҳоро тавассути Аморати Муттаҳидаи Араб ба Русия интиқол додааст”,- гуфта мешавад дар тадқиқот.

Муаллифони тадқиқот мегӯянд, Маҳмадбошир Ёқубов, директори “Истиқлолият 20” ба зангҳои телефонӣ посух надодааст. Инчунин натавонистаанд, ки бо Комилчон Ёқубов, раиси иҷроияи ширкати “Кафолати Комил” тамос бигиранд.

Ширкати “Уралские авиалинии” аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина, беш аз 20 намуди таҷҳизоти истеҳсоли Амрикоро ба Маскав ворид кардааст. Вале маълум нест, ки чӣ гуна харидорӣ кардааст.

Пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина баъзе кишварҳо ва ширкатҳои бузурги олам нисбати Русия таҳрим ҷорӣ намуданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend