Репсаро, “Ralik” – Муродов Рамазонро ҳабс карданд


Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, репсарои маъруф бо тахаллуси “Ralik” бо қарори Суди ноҳияи Шоҳмансур ба муҳлати 10 рӯз ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД – и ш. Душанбе иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда 5-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ нисбати кормандони милитсия, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қарор доштанд, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст задааст.

Ҳамзамон, бо амалу рафтори нописандидаи худ ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, ба иҷрои уҳдадориҳои хизматии кормандони мақомоти милитсия шаҳри Душанбе монеагӣ эҷод намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд.

“Зимни санҷиш кирдорҳои зиддиҳуқуқии номбурда пурра исботи худро ёфтанд ва ӯ сидқан изҳори пушаймонӣ намуд”,- омадааст дар хабар.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати Муродов Рамазон аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, 21 – уми декабри соли 1998 ба дунё омадааст. Ӯ истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Қарабоев мебошад.