Анис Тоҳиров – донишҷӯи 21-солаи зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар самти иқтисодиёти ҷаҳон таҳсил мекунад. Ӯ лоиҳаи таълимии “Reach Out Pamir”-ро пеш мебарад, ки садҳо ҷавононро дар саросари кишвар муттаҳид мекунад. Дар доираи он Анис ва ҷавонони ҳамандеши дохил ва хориҷи кишвар омӯзишҳои гуногун мегузаронанд, ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд.
Ин ҷавон ба муаллифи Your.tj дар бораи таъсиси лоиҳа, фаъолияти он ва муваффақиятҳояш нақл кард.
Аз мактаби деҳа то таҳсил дар Амрико
Анис таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон гирифт. Ба гуфтаи ӯ, замони мактабхонӣ дар деҳа ҳатто аз мавҷудияти таҳсили сатҳи байналмилалӣ хабар надошт. Гарчанде аз деҳаи онҳо то Хоруғ ҳамагӣ 30 дақиқа роҳ аст.
“Дар бораи барномаи FLEX танҳо дар синфи 11 фаҳмидам. Инро тасодуфӣ як дӯстам, ки ба фарҳанги Амрико шавқ дошт, ба ман гуфт. То он вақт, ман ҳатто тасаввур ҳам намекардам, ки бо стипендия ба ИМА рафтан имкон дорад”,- нақл кард ҷавон.
Ҳамин тариқ, соли 2021 Анис ба ИМА рафт. Сафар бо барномаи Flex ҳаёти ӯро тағйир дод. Пас аз бозгашт ба кишвар, Анис қарор дод, ки чунин имкониятҳо бояд ба ҳама дастрас бошанд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Наворҳои машваратӣ ва таъсиси лоиҳаи “Reach Out Pamir”
Нахуст корро аз сабт ва нашри видеоҳо дар YouTube оғоз кард. Бо ин мақсад дар ин шабакаи иҷтимоӣ канале ҳам кушод бо номи Exceed.tj. Ӯ дар наворҳояш оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, дуруст пур кардани дархостҳо маслиҳат ва тавсияҳо медод.
Платформаи “Reach Out Pamir”-ро бошад, дар моҳи августи соли 2023 фаъол кард. Номи он тасодуфӣ набуд. Аввалан, лоиҳа барои ҷавонони минтақаҳои дурдасти Бадахшон пешбинӣ шуда буд.
“Он вақт ҳатто фикр намекардам, ки ҷавонони дигар минтақаҳо ҳам шавқ пайдо мекунанд. Ман танҳо мехостам ба ҷавононе мисли худам дар минтақаҳои дурдасти Бадахшон зиндагӣ мекунанд ва бар он андешаанд, ки чунин имкониятҳо барои онҳо дастнорас аст, кӯмак кунам.
Дар аввал ман танҳо барои супоридани дархост ба барномаи FLEX ҷавонони хоҳишмандро роҳнамоӣ мекардам. Баъдан аз ман хоҳиш карданд, ки барои ҳуҷатсупорӣ ба донишгоҳу барномаҳои дигар низ кӯмак кунам”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Ҳамин тавр аудиторияи ӯ хеле зуд васеъ шуд. Ҷавонон аз Суғд, Хатлон, Душанбе ва ҳатто хориҷи кишвар ба лоиҳа пайвастанд.
Муколамаву мубодилаҳо ва омӯзишҳо дар доираи лоиҳа
Имрӯз “Reach Out Pamir зиёда аз 700 хонанда ва донишҷӯро муттаҳид мекунад. Агар он дар аввал ҳамчун плтаформаи машаваратӣ амал карда бошад, ҳоло функсияҳои бештар дорад.
Дар платформа мунтазам онлайн-вебинарҳо бо иштироки донишҷуёни тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷа таҳсил мекунанд, ташкил карда мешавад.
Инчунин, тариқи онлайн маҳфилу баҳсҳои илмӣ ва мубодилаи донишҳои забонӣ байни ҷавонон гузаронида мешаванд. То онҳо маҳорати суханвариро бо истифода аз далелу фактҳо омӯзанд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Вохӯриҳои ҳузурӣ бошад, дар Маркази амрикоии шаҳри Хоруғ баргузор мегардад.
“Reach out Pamir” дар қатори ҳамаи ин корҳои ихтиёрӣ, инчунин лоиҳаи байналмилалии “Buddies Without Borders” амалӣ кард, ки ҷавонони 9 кишварро ба ҳам овард. Ин лоиҳа бо мақсади мубодилаи фарҳангҳо ва рушди касбии ҷавонон ташкил гардида буд.
Кори онро Анис ҳанӯз замони иштирок дар барномаи FLEX, соли 2021 оғоз карда буд. Дар аввал он ҳамчун лоиҳаи “Pen Pal” (дӯстони мактубнавис) буд, ки донишҷӯёни Тоҷикистон ва ИМА-ро бо ҳам мепайваст. Дар ду давраи баъдӣ, ба он ҷавонон аз дигар кишварҳо — ИМА, Юнон, Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Фаронса, Қазоқистон Канада ва диаспораи тоҷикон дар Русия низ ҳамроҳ шуданд .
Ҳоло “Reach out Pamir” нақша дорад, курси омӯзишии забони барномасозии “Python”-ро барои ҷавонони платформа ройгон бо иштироки мутахассисони SigmaWomen ташкил намояд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Маълумот дар платформа (Instagram) асосан бо забонҳои англисӣ ва русӣ аст. Баъзан дар шакли ҳаҷвӣ бо забони шуғнонӣ бо истифодаи зерхатҳои англисӣ пешниҳод мешавад.
“Ба ман писанд аст, ки “шитқаре” бошам, яъне шахси ҳозирҷавобу ҳазлкунанда. Фикр мекунам, вақте маълумот бо шӯхиву самимият пешниҳод мешавад, онро осонтар қабул мекунанд. Барои ҳамин баъзан вақт наворҳоро дар формати ҳаҷвӣ ба забони шуғнонӣ омода мекунем”,- шарҳ дод Анис.
Нобоварӣ ба худ – камбуди асосии ҷавонони тоҷик
Ба гуфтаи ӯ, ягона мушкилие, ки дар давоми ду соли пешбурди ин лоиҳа онҳо дучор шудаанд, ин набудани боварӣ ба худ дар байни ҷавонон аст.
“Дар Тоҷикистон ҷавонони болаёқат хеле зиёданд. Вале бисёре аз онҳо ба худ бовар надоранд. Онҳо фикр мекунанд: “ин барномаҳо барои ман нестанд”. Ҳатто онҳое, ки донишу малакаи кофӣ барои таҳсили босифат доранд. Махсусан дар деҳаҳо ин мушкил бештар ба назар мерасад. Вале ҳоло камубеш дигаргуниҳои мусбӣ дида мешаванд”,- афзуд қаҳрамони мо.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Ташаббуси дӯстона” – “Reach Out Pamir” чӣ хел кор мекунад?
“Reach Out Pamir” – лоиҳаи ташаббусиест, ки барои пешбурди он як гурӯҳ довталабон, донишҷӯён, хатмкардагон кӯмак мекунанд. Анис мегӯяд, хатмкардагони донишгоҳҳои хориҷиро барои гузаронидани вебинарҳо ба воситаи дӯстон пайдо мекунанд.
“Дӯсти ман, ки дар хориҷа таҳсил мекунад, дӯсти худро дорад, дӯсти ӯ боз дӯстони худро доранд. Система айнан ҳамин хел доим фаъол аст. Мо ба онҳо муроҷиат мекунем. Дар бештари ҳолатҳо онҳо барои гузаронидани вебинарҳо розӣ мешаванд ва ҳатто бештар аз интизориҳои мо ба ҷавонон кӯмак мекунанд.
Ҳамаи корҳое, ки мо мекунем, ихтиёрӣ аст. Ба касе музд дода намешавад ё худ лоиҳа маблағгузорӣ карда намешавад. Ман наметавонам гӯям, ки “Reach Out Pamir” дохилшавии ҳамаи дониҷуёнро ба донишгоҳҳои хориҷӣ кафолат медиҳад.
Аммо лоиҳаи мо тамоми иттилоот ва шахсони лозимаро метавонад дастрас намояд. Агар ҳатто як нафар ба худ бовар кунад ва қадам гузорад, ҳамин ҳам басанда аст. Чун як шахси муваффақ метавонад назари як деҳаро тағйир диҳад”,- гуфт ҷавони ташаббускор.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Дар давоми як соли охир бо кӯмаки платфорамаи “Reach out Pamir” чандин ҷавонон ба донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ, Туркия ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, барномаи Flex дохил шудаанд.
Анис Тоҳиров мегӯяд, одатан нақшаҳои дарозмуддат намекашад. Баръакс, фикру нерӯи худро бештар дар амал сарф мекунад. Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти “Reach Out Pamir” метавонад ҳар лаҳза қатъ шавад.
“Вале то он даме, ки ҳаст тамоми қувваамро барои фоида расондан ба дигарон сарф мекунам. Аз кори имрӯза аз муваффақиятҳои ҳамин лаҳза лаззат мебарам. Шод мешавам, агар ҷавонон бештар аз Суғд ва Хатлон ба гурӯҳ ҳамроҳ шаванд.
Ман бар он боварам, ки ҳамкорӣ бо ҷавонони ташаббускор аз дигар манотиқи кишвар имкон медиҳад, доираи кории худ ва имкониятҳоро барои ҷавонон фарохтар созем”,- хулоса кард Анис.
Нозанини Исмадшоҳ, Your.tj