fbpx

Равонбахш. Чӣ тавр Зайнулло шахсони дорои маъюбиятро бо кор таъмин мекунад

Зайнулло Муродов 25 сол дашт, ки бар асари садама пойҳояшро аз даст доду пас аз муддате ҳамсараш ӯро тарк кард


0
Акс аз бойгонии шахсии Зайнулло Муродов

Қаҳрамони мо Зайнулло Муродов ҳоло роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Равонбахш” аст ва ба шахсони дорои маъюбият касб меомӯзонаду онҳоро бо кор таъмин мекунад. Зайнулло пас аз садамаи мудҳиш як замон рӯҳафтодаву маъюс буд. Вале ӯ ин ҳамаро пушти сар гузот ва барои зиндагии навро оғоз кардан талош кард.

Зайнулло ба мо оиди шикастҳояш дар зиндагӣ ва ташкили Равонбахш қисса кард.

Вақте Зайнулло аз роҳгардӣ мемонад, ҳамсараш доим ӯро дилбардорӣ мекунад. Вале паз аз мудате ӯро тарк мекунад. Ҳарчанд қаҳрамони ҳамсарашро хеле дӯст медошт ва намехост аз ӯ ҷудо шавад, вале пеши роҳи ӯро низ гирифта наметавонист.

“Худи ҳамсарам бисёр ҳалиму меҳрубон буд. Пас аз садама ман дигар доим дар хона будам, ӯ маро дар ҳама кор дастгир буд. Аммо афсӯс, ки дигар падару модараш нагузоштанд, ки ӯ бо ман зиндагӣ кунад”, – мегӯяд ӯ.

Ҷудоӣ

Ба нақли Зайнулло хусуру хушдоманаш ҳамсарашро, ки ба дидорбиниашон мерафт, намегоузоштаанд, ки ба хонаи шавҳар баргардад. Вале ҳамсараш бо ҳар баҳонае баромада меомадааст ва хоҳиши ҷудошавӣ надоштааст. Онҳо намехостанд, ки духтарашон як умр хизмати шавҳари дорои маъюбияташро кунад.

Акс аз бойгонии шахсии Зайнулло Муродов

“Як рӯз волидони ҳамсарам омада чизу чораро бо духтарашон гирифта рафтанд. Вақте онҳо гуфтанд, ки мо намехоҳем духтарамон дигар бо ту зиндагӣ кунад, ман коре карда натавонистам ва ҳақи зид баромаданро низ надоштам”, – мегӯяд, Зайнулло.

Вале пас аз рафтани ҳамсар Зайнулло маъюсу ноумед мегардад. Ҳамсарашро пазмон мешавад, худашро танҳо эҳсос мекунад.

“Баъд аз ҷудоӣ ӯро бисёр ёд мекардам, шабҳо хобам намебурд, ба роҳаш чашминтизор будам. Аз ҷиянчаам хоҳиш кардам ки аробачаамро тела ба хонаашон барад. Дар пушти дарашон интизор шудам. Ҷиянам ба ҳавли даромада ӯро ҷеғ зад ва ба наздам овард. Ӯ ҳамоно бо меҳрубонӣ маро аҳволпурсӣ мекард. Ин охирин дидорамон шуд. Баъди чанд моҳ ӯро ба шавҳар доданд”, – нақл мекунад, Зайнулло.

Садамаи тақдирсӯз

Соли 1994 Зайнулло дар шаҳри Душанбе дар ширкати нассоҷии тоҷик (он вақтҳо Тоҷиктестилмаш) кор мекард. Ҳар охири моҳ ӯ ба деҳа ба хабаргирии пайвандонаш мерафт. Мисли ҳарвақта охири моҳ буд ва Зайнулло ба деҳа мерафт, ки он садамаи мӯдҳиш рух дод.

“29 декабр буд ва ман барои пайвандонам тӯҳфаҳои солинавӣ харидаму ба сардии ҳаво нигоҳ накарда ба роҳ баромадам. Роҳҳо яхбаста буданд. Фикру хаёлам ба куҷое банд буд. Чӣ тавр рӯй додани садамаро нафаҳмидам.

Танҳо ҳаминро дар хотир дорам, ки рӯи харсангҳо хобида будаму пойҳоямро эҳсос намекардам. Мошини мо ба ҷарӣ афтода буд. Баъди чанде наҷотдиҳандагон моро ба беморхона расониданд”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Ҳарчанд духтурон кӯшиш мекунанд, аммо барои дубора ба ҳаракат даровардани пойҳои Зайнулло коре карда, наметавонанд.

“Падару модарам духтуронро зориву тавалло карданд, ки коре кунед фарзандамон дубора роҳ гашта тавонад, вале нашуд. Як маротибаи дигар ба Душанбе оварда ҷарроҳиам карданд, вале ҳеҷ пешравие нашуд. Ман бошам ба тақдирам тан додам ва кӯшиш мекардам, ки аз зиндагӣ ноумед набошам”, – мегӯяд Зайнулло.

Акс аз бойгонии шахсии Зайнулло Муродов

Орзуҳои амалинашуда

Зайнулло зодаи деҳаи Файзободи ноҳияи Ҳамадонӣ аст. Ӯ аз хурдсоли мехост, ки табиб шавад. Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тиббии пойтахт месупорад, вале қабул намешавад. Як сол дар омӯзишгоҳи касбии шаҳри Кӯлоб таҳсил мекунад вале боз ҳам қабул намешавад.

Акс аз бойгонии шахсии Зайнулло Муродов

Пас аз мудате Зайнуллоро ба хизмати ҳарбӣ даъват мекунанд. Пас аз ду соли адои хизмат боз як маротиба кӯшиши ба донишгоҳи тиббӣ дохил шудан мекунад. Ааммо ин дафъа низ қабул намешаваду ноумед мегардад.

Зайнулло тасмим мегирад дар Душанбе бимонаду ҳаминҷо кор кунад ва ба корхонаи нассоҷии тоҷик ба кор медарояд.

“Бароям мушкил буд қабул кардани он ки муваффақ нашудаам, вале баъди чанде худамро ба даст гирифтаму дар ҷустуҷӯи кор шудам. Хостам дар пойтахт бимонам ва дар Тоҷиктекстимаш ба кор даромадам”, – мегӯяд, қаҳрамони мо.

Чун Зайнулло ҷавони коргару гапдаро буд, роҳбарияти ширкат тасим мегиранд, ки ӯро ба Донишгоҳи политехникӣ дохил мекунанд.

Акс аз бойгонии шахсии Зайнулло Муродов

Роҳи эҷод

Зайнулло пас аз садамаву ҷудоӣ аз ҳамсар бештари вақти худро ба хондани китобҳо мегузаронад ва баъди чанде дар ӯ завқи эҷод кардан бедор шуд. Ҳоло қаҳрамони мо ду китоби худро бо номҳои “Боли шикаста” ва”Тарвиш” нашр намудааст

“Баъди мутолиаи китобҳои зиёд хостам, ки ман ҳам китоби эҷодии худро дошта бошам ва аввалин фикри ба сарам омада ин навиштани тарҷумаи ҳоли худам буд. Баъдан ман асари дигаре навистам, ки он мавзӯҳои динниву ахлоқиро дар бар мегирад” – мегӯяд ӯ.

Акс аз бойгонии шахсии Зайнулло Муродов

Таъсиси Ташкилоти “Равонбахш”

Зайнулло соли 2014 тасмим мегирад, ки барои шахсони дорои маъюбиятро ба кор ҷалб намудан ташкилоти ҷамъиятии “Равонбахш” ро таъсис медиҳад.

“Ҳамеша фикр мекардам, ки чӣ гуна ба шахсони дорои маъюбият кӯмак кунам. Чун мардум як маротиба кӯмаки моди мерасонанд ва дигар намегӯянд, ки чӣ ҳол дорӣ. Барои идомаи зиндагӣ бояд кор кард. Лоиҳаи ман оиди омӯзиши шахсони дорои маъюбият буд. Пас аз ошноӣ сармоягузорон лоиҳаамро қабул карданд”, – нақл мекунад, Зайнулло.

Пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолият Равонбахш 25 нафар духтарони дорои маъюбиятро дӯзандагӣ меомӯзонад.

Пешравиҳои Равонбахш

Дар соли 2015 Равонбахш аз ҳисоби гранти ташкилотҳои хориҷӣ соҳиби сех ва дастгоҳҳои нави дӯзандагӣ мегардад. Айни замон дар сехи дӯзандагӣ 15 нафар занону духтарони дорои маъюбият кор мекунанд.

Акс аз бойгонии шахсии Зайнулло Муродов

Ҳамчунин соли 2018 ташкилот фаъолияти занбӯри асалпарвариро ба роҳ мемонад, ки дар он 30 нафар шахсони дорои маъюбият бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Дар маҷмӯъ ҳоло дар “Равонбахш” 56 нафар шахсони дороимаъюбият бо шуғл фаро гирифта шудаанд. Дар худи ноҳияи Ҳамадонӣ бошад ҳамаги 3000 нафарони дорои маъюбият ба қайд гирифта шудаанд.

Акс аз бойгонии шахсии Зайнулло Муродов

“Ман боз дар оянда нақша дорам, ки шумораи зиёди маъюбонро ба кор ҷалб намоям ва ба кӯдакони дорои маъюбият, имконияти забономӯзиро низ фароҳам оварам”, – мегӯяд, Зайнулло.

Сарвинози Сайдали


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend