fbpx

Рассомӣ – манбаи даромад. Илҳом аз чӣ илҳом мегирад

Бо даромади рассомӣ метавон рӯзгорро пеш бурд.


2
2 points
Илҳом аз рассомӣ даромад ба даст меорад.
Аз эҷоди Илҳом Сафаров.

Илҳом Сафаров, рассоми ҷавонест, ки бо тасвири портретӣ ва рӯидеворӣ машҳур аст. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Instagram саҳифаи худро дорад, ки зиёда аз 20 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд. Маҳз ба ҳамин восита ӯ фармоиши мизоҷонро қабул мекунад. Шабакаҳои интернетӣ ҳоло имкон медиҳанд, ки корҳои эҷодии ӯ барояш даромади иловагӣ биёранд.

Муаллифи Your.tj бо рассом ҳамсуҳбат шуда, доир ба фаъолияти эҷодӣ ва мушкиливу нозукиҳои тасвирпардозӣ нақл кард.

Илҳом дар шабакаи Instagram зиёда аз 20 ҳазор обуначӣ дорад.

Тасвири портрет даромадноктар аст

Илҳом Сафаров аз хурдӣ ба тасвири манзараҳо завқ дошт. Ҳамин ҳавасҳо ӯро ба коллеҷи рассомии Мирзораҳмат Олимов овард. Рассоми ҷавон дар ин макон нозукиҳои тасвирро аз устодаш Парвин Гулов омӯхтааст. Ҳангоми таҳсил дар коллеҷ  Илҳом услуби тасвирашро дигар карда, ба тасвири портрети одамон шуруъ мекунад.

“Вақте дар шабакаи Instagram саҳифаи махсуси худро кушода, маҳсули корамро он ҷо гузоштам, муштариёни зиёде ба ман муроҷиат карда, ҳар гуна тасвирҳоро фармоиш медоданд. Азбаски тасвири чеҳраи одамро бештар фармоиш медоданд, ман услуби расмкашиамро дигар карда, пурра ба тасвири портретӣ гузаштам”,- нақл кард Илҳом Сафаров.

Барои Илҳом тамошои асарҳои рассомон, дизайнерон ва умуман ҳамаи маҳсули эҷодӣ як идеяи нав ба вуҷуд меоранд. Ба ақидаи ӯ беҳтарин муаллим барои ҳар як эҷодкор ин таҷрибаи шахсии ҳамон нафар мебошад.

“Ҳамеша тасвири табиат ва олами набототро дӯст медоштам. Мехостам тасвирҳои ман аз ҳама зебо бошанд. Ҳам дар коғаз ва ҳам дар деворҳои хона расм мекашидам. Бароям фарқе надошт. Дар ҳақиқат мехостам рассомӣ кунам. Ҳамин тавр,  оҳиста – оҳиста ба ин дунё ворид шудам ”,- шарҳ дод рассоми ҷавон.

Илҳом аз тасвирҳояш илҳом мегирад.
Илҳом Сафаров

Гаронӣ ва камёфтии масолеҳи тасвир мушкили асосии рассом

Ба гуфтаи мусоҳибамон мушкилии асосӣ дар кори рассомон ин гаронӣ ва камёфт будани масолеҳи расмкашӣ, бахусус рангҳои махсус мебошад, ки на ҳама шароити харидории онро дорад.

Илҳом дар коғаз бештар бо ранги сиёҳ тасвир мекунад ва барои ин аз қалам истифода мебарад. Барои тасвири девор бошад,  аз рангҳои махсус истифода мебарад.  Рангҳоро ба ӯ бародараш аз шаҳри Москав равон мекунад ва аз ин ҷиҳат танқисӣ надорад.

Илҳом ба ақидаи баъзе нафарон, ки рассомӣ касби начандон муҳим ва сердаромад аст, розӣ нест.

“Рассомӣ низ даромади хуб дорад. Махсусан, аз тасвирҳои деворӣ пули калон гирифтан мумкин аст”,- илова кард ӯ.

Тасвири рӯидевории Илҳом
Тасвири рӯидевории Илҳом

Тасвири рӯидеворӣ осонтар аст

Тӯли се сол аст, ки рассоми ҷавон ҳамчун дизайнер барои ороиш додани девори тарабхонаву марказҳои дилхушӣ ва мағозаҳо фармоиш мегирад. Мавсуф мегӯяд, ки назар ба тасвири чеҳраи инсон барояш тасвири девор осонтару ҳам сердаромад аст.

“Баъзан дизайни тасвирро худи фармоишгарон интихоб мекунанд. Боз  ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд  деворҳоро вобаста ба табъу завқи худам ороиш диҳам”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Илҳом мегӯяд, ки барои тасвири девор нисбат ба коғаз вақти зиёдтар сарф мешавад. Вобаста ба андозаи девор вақти расмкашӣ низ метавонад зиёду кам бошад. Вақтҳое мешаванд, ки Илҳом як тасвири девориро дар як ҳафта ба анҷом мерасонад, вале гоҳе он кори якрӯза аст.

“Андозаи девор чӣ қадаре ки калон бошад,  тасвир ҳам осонтар мегардад. Дар вақти расмкашӣ бояд ором бошӣ ва фикратро ба танҳо ба кор равона созӣ. Қабл аз тасвирро шуруъ кардан, ман онро аввал дар худ лаҳзае тасаввур менамоям, баъд рӯйи девор тасвир мекунам”,– мегӯяд ӯ.

Илҳом боре ҳам бо коллектив кор накардааст ва ин барояш писанд нест. Ба ақидаи ӯ танҳо кор кардан нисбат ба кори гурӯҳӣ осонтар мебошад.

“Ҳар кас бояд худаш қарор кунад, ки чӣ ба ӯ наздиктар аст. Ман вақти худро ҳамеша назорат мекунам, нақшаҳои эҷодӣ кашида, онҳоро аз аввал то охир амалӣ мекунам ва ба касе вобаста будан намехоҳам”,–зикр намуд, қаҳрамони мо.

Портрет аз тасвири Илҳом

Барои худомӯзӣ имконият бисёр аст

Баъд аз хатми коллеҷи рассомӣ Илҳом таҳсилашро дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон идома дода, айни ҳол донишҷӯйи соли дуюми ин даргоҳ аст. Ӯ ба ин назар аст, ки  барои дар ин самт муваффақ шудан, бояд шахс дониши махсус дошта бошад. Аммо барои ин  шарт нест, ки ҳатман  дар ягон муассисаи таълимӣ таҳсил намояд.

“Бисёр одамон метавонанд мустақилона омӯзанд ва онро самаранок иҷро кунанд. Албатта барои ин дониш лозим аст, аммо чӣ гуна ба даст овардани он  аз худи шахс вобаста аст. Ҳоло дар интернет маълумоти зиёд ҳаст. Ҳар кас метавонад, мустақилона ё фосилавӣ таҳсил кунад.

Лекин барои баъзеҳо  он мувофиқат намекунад. Ин гуна нафарон метавонанд ягон муассисаи таълимӣ раванд. Таърих бисёр нафарони муваффақро аз соҳаҳои гуногун медонад, ки маълумоти махсус надоранд, вале худашон мустақилона омӯхтаанд. Ин гуна ҳолат мутаассифона, хеле кам рӯй медиҳад”,- изҳор дошт Илҳом Сафаров.

Илҳом дар фестивалу озмунҳо иштирок накардааст ва дар ин бора фикр ҳам намекунад. Маҳсули ҳунари ӯро дар намоишҳо сайёҳони дохиливу хориҷӣ писанд кардаву харидорӣ менамоянд.

“Тасмим гирифтам, ки минбаъд дар намоишгоҳҳо бештар тасвирҳоямро фурӯшам, агар ба дӯстонам маъқул шаванд, ҳамчун тӯҳфа ба онҳо тақдим мекунам. Тасвирҳо барои оромиши рӯҳӣ ва пайдо кардани ғояҳои нав бароям кӯмак мекунанд” – илова кард, Илҳом.

Қурбоной МУҚИМ


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
4
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend