fbpx

Рассом, барномасоз ва варзишгар. Саргузашти духтари тоҷик, ки мағлубиятро намешиносад

Сарвиноз Масобирова дар хурдсолӣ аз ду дасташ маҳрум гаштааст, лекин он барои амалишавии орзуҳояш монеа шуда натавонист.


1
1 point

Маъюбият натавонист, ки садди роҳи муваффақиятҳои Сарвиноз Масобирова шавад. Ӯ зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд мебошад. Қаҳрамони мо, бо пойҳояш расм мекашад ва дар компютер барнома месозад. Сарвиноз дар чандин мусобиқаҳои паролимпӣ ширкат карда, сазовори ҷойҳои намоёнгаштааст.

Модари Сарвиноз, Фароғат Масобирова ба мо фоҷеаи ба сари духтараш омадаро қисса кард.

Шахси бори аввал Сарвинозро дида, эҳсос намекунад, ки дастони ӯ нестанд. Ӯ духтари хандонрӯю зиндадил ва пурталош аст. Одатан шахсони дорои маъюбиятро дар ҷомеа ҳамчун нафарони асабиву аз зиндагӣ дилмонда медонанд. Вале Сарвиноз аз он тоифа нест, ӯ кушиш мекунад, ки фикри мардумро нисбати шахсони дорои маъюбият дигар кунад.

Замони чидани гулдаста, ӯро барқ задааст…

Аслан маъюбияти Сарвиноз модарзодӣ нест. Мутаасифона, пас аз як ҳодисаи фалокатбор духтурон маҷбур шуданд, ки дастонашро бибуранд, то ки ӯ зинда монад. Он замон Сарвиноз ҳамагӣ 7 сол дошт. Ҳамон рӯз, қаҳрамони мо аз назди мактаб чун ҳарвақта гули қоқу мечидааст, то ки барои модараш гулдаста омода кунад. Назди мактаб трансформатори барқ низ будааст. Сарвиноз гулчинон ба дохили трансформатор медарояд, ҳамон лаҳза ки қувваи барқ хомӯш яку якбора равшан шуда, қувваи барқ бо шиддати баланд Сарвинози хурдакакро такон медиҳад.

“Он рӯз 12 апрели соли 2011 буд. Сарвиноз ҳар рӯз пеш аз ба хона баргаштан, аз назди мактабашон гулдаста чида меовард, аммо ин дафъа ба фалокат дучор мешавад. Шукри Худо, ки духтарам ҳамон вақт ба ягон асбоби барқӣ даст нарасонидааст, вагарна ӯро наҷот додан наметавонистем”, – бо гиря нақл кард, модари Сарвиноз.

Табибон ҳарду дасташро буриданд…

Табибон дар аввал як дасти ӯро, ки аллакай, аз зарби қувваи бошиддати барқ аз кор мондааст, мебуранд. Баъдан мегӯянд, ки дасти рости Сарвинозро низ буридан лозим аст.

“Духтурон гуфтанд, ки дасташро ток хӯрда, то устухон нобуд кардааст. Бо духтурон ҳаракат кардем, ки, ақаллан, як дасташро наҷот диҳем, аммо кӯшишамон бенатиҷа монд. Маҷбур розӣ шудем, ки бе даст бошад ҳам, зинда монад.

Дар аввал барои кӯдаки хурдсол, яку якбора бе даст мондан хеле мушкил буд, барои худи мо низ ҳамчунин. Сарвиноз духтари қавӣ аст, ӯ ҳеҷ гоҳ умедро аз даст намедиҳад ва барои амалӣ шудани орзуҳояш доим дар талош аст”, – мегӯяд, модари Сарвиноз.

Сарвинозро маъюбият қувва бахшид…

Чӣ тавре, ки модари қаҳрамони нақл кард, ӯ боре ҳам ба нокомиҳо сар хам накардааст. Сарвиноз даст надорам, гуфта худро дар кунҷи хона зиндонӣ накард, баръакс ин ҳолат ӯро ҷасуртару мубориз кард. Ба расмкашӣ завқ пайдо кард, чун даст надошт, кашидани расмро бо пой омӯхт.

“Ҳар кори мекунам, меомӯзам гуфтаашро бар ҳар роҳ меомӯзад. Рассомӣ бо ёрии пойҳо барояш ба осонӣ даст надод, лекин ба ҳар сурат омӯхт”, – мегӯяд, модари Сарвиноз.

Сарвиноз соли 2021 муассисаи № 22 – и шаҳри Хуҷандро хатм кард. Ӯ дар маркази омӯзишии барномасозӣ таҳсил гирифт.

“Кор бо компютерро аз хурдӣ меписандидам. Хостам, ки аз технологияҳои нав қафо намонам, ҳоло барномасозиро ёд гирифта истодаам ва якчанд барномаи шогирдона низ сохтам”, – мегӯяд, Сарвиноз.

Ман хостам, нишон диҳам, ки наврасони маъюб ҳам қодиранд, ки корҳои хубе кунанд. Бояд байни мову бачаҳои маъюб фарқ нагузоранд. Ё бо ишораи даст маъюбии моро дида, наханданд. Мо бо дигар бачаҳои солим баробарем. Барои ин худро аз ҷамъият дур накашида, пайваста худро такмил додан зарур аст.

“Давидан” ба сӯйи ҷаҳони орзуҳо

Сарвиноз ба ғайр аз барномасозӣ ва рассомӣ ба варзиши сабук машғул аст. Ӯ тарзи ҳаёти солимро интихоб намудааст ва барои ҳифзи саломатиаш ба варзиш машғул мешавад. Дар аввал қаҳрамони мо ба гимнастикаи бадеӣ машғул буд ва дар мусобиқаҳо низ, аз ин навъи варзиш иштирок мекард. Сипас дар дили Сарвиноз хоҳиши ба давидан машғул шудан пайдо шуд. Ӯ ҳар субҳ медавад ва аллакай дар мусобиқаи шаҳрӣ аз намуди варзиши сабук, ҷои аввалро дар масофаи 200 метр ишғол кардааст.

Сарвиноз мехоҳад, ки дар оянда дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намояд. Тавре ӯ мегӯяд, маҳз давидан барояш кайфияте мебахшад.

“Ҳар гоҳе, ки аз оғоз то охири марра медавам, эҳсоси ба орзуҳоям наздик шудан ва пирӯзӣ мекунам. Мехоҳам, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ дар мусобиқаҳо иштирок кунам ва парчамбардори кишварам бошам”, – мегӯяд, Сарвиноз.

“Ман мағлубиятро намешиносам”…

Қаҳрамони мо ба ҳар як мусобиқа бо тамоми қуввааш омодагӣ мегирад ва боварӣ дорад, ки ғолиб меояд.

“Ҳаракат мекунам, ки гапҳои “нест”, “наметавонам”, “метарсам” ва “монда мешавам” ки, аслан, пеши роҳи муваффақиятро мебанданд, нагӯям. Ман медонам, ки ягон кор ба инсон бе мушкилӣ даст намедиҳад. Барои ҳамин ҳам, кӯшиш мекунам, ки қавӣ бошам. Ба мусобиқаҳоям омодагӣ мегирам ва бо хости Худо ғолиб меоям, чун ман мағлубиятро намешиносам ва он маро таслим карда наметавонад”, – мегӯяд дар охир, Сарвиноз.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
11
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
6
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
4
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend