Расонаҳо: Толибон ва Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон гуфтушунид кардан мехоҳанд

Доир ба баргузории ин музокирот ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ вокунише нишон надодааст.


Рӯзномаи байналмиллалии Financial Times дар такя ба манобеи худ хабар додааст, ки Толибон* мехоҳанд бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар қаламрави Тоҷикистон гуфтушунид кунанд. Аммо Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, ин пешниҳодро Панҷшер ба онҳо додааст.

“Бино ба гуфтаи ду манобеи наздик ба музокирот, интизор меравад, ки дар рӯзҳои наздик роҳбари Толибон* бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон, ки дар дараи Панҷшер бо Толибон муқовимат мекунад, дар Тоҷикистон мулоқот карда, нақшҳои эҳтимолиро баррасӣ хоҳанд кард.

Ин пешниҳод аз ҷониби Толибон шудааст, аммо онро Ҷабҳаи муқовимат қабул мекунад ё не маълум нест”, – гуфтааст ба Financial Times яке аз манбаҳояш.

Ин пешниҳоди Панҷшер буд?

Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суҳбат бо расонаи Sputnik Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин кори Толибон як навъ “дуздии сиёсист”. Пешниҳоди ба ғайр аз Покистон, дар дигар кишвар музокирот намуданро Ҷабҳа ба онҳо додааст.

“Ин дархости мост. Онҳо мехоҳанд, ки садои моро хафа кунанд. Фақат як ҷаласоте дошта бошанд, ки дунё хабар нашавад. Қасди мо ин аст, ки дунё аз назариёт ва дидгоҳҳои мо хабар дошта бошад ва дар ҷараён бошад. Мо гуфтем, ки ба ҷуз Покистон, дар ҳар кишвари дигари ҳамсояи мо бошад, мо омодаи музокиротем. Тарҷеҳи мо ҳам Тоҷикистон аст. Омода ҳастем, ки суҳбат кунем ва мушкили Афғонистонро ҳал кунем. Мо дар хизмат ҳастем. То ҳанӯз “Толибон*” посухи мушаххас надодаанд”, – гуфтааст Ҳафиз Мансур узви Шӯрои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва яке аз аъзои тими музокира бо “Толибон”.

Музокироти ин ду гуруҳи мухолиф бори аввал 25 августи соли равон дар шаҳри Чоряккор, маркази вилояти Парвон, баргузор шуда, ҷонибҳо ба ин тавофуқ расида буданд, ки ба мавозеи ҳамдигар ҳамла накунанд. Ин музокирот дар Панҷшеру Чоряккор ду бори дигар сурат гирифта, ба натиҷае нарасиданд.

Толибон эътирофи байналмиллалиро мехоҳанд

Нашрияи Financial Times навиштааст, ки таъсиси ҳукумати фарогир уҳдадориест, ки Толибон онро ба таври бояду шояд иҷро кунанд, то эътирофи байналмиллалиро ба даст оранд.

“Таъсиси ҳукумати фарогир – яке аз уҳдадориҳоест, ки Толбион бояд барои эътирофи васеи байналмилалиро ба даст овардан, иҷро кунанд ва барои рафъи буҳрони амиқи иқтисодӣ кумак гиранд. Ҷунбиш ҳамчунин бояд қудратҳои ғарбиро бовар кунонад, ки ҳуқуқҳои инсониро эҳтиром карда, бо гурӯҳҳои ифротӣ дар кишвар мубориза хоҳанд бурд”, – менависад нашрия.

Тоҷикистон чӣ посух медиҳад?

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол доир ба ин хабари расонаҳо ва баргузории музокирот дар Тоҷикистон вокунише нишон надодаанд.

Қаблан ҳукумати Тоҷикистон мавқеи расмии худро атрофи ҳаводиси Афғонистон ва ишғоли ҳокимияти ин кишвар аз ҷониби Толибон баён карда буд.

Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

“Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд. Дар мулоқот таъкид гардид, ки Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад”,-гуфта мешуд дар мавқеи Тоҷикистон.

– Баъдан дар сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.

– Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард.

– Тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

– Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афгонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фавриро бинад.

– Беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрузаи Афгонистон метавонад ба ҷанги давомнокӣ шаҳрвандӣ ба ин кишвар оварда расонад.

– Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст ва мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.

– Дар асоси таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди роҳҳои таъмини сулҳу субот ва рушди муътадили минбаъдаи кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои худро ба ҷониби Покистон расонид.

Толибон* – ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон