Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 19:3130.06.2021
Ҷамшед Ҷаҳонгирзода, як корманди 39-солаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо нишонаҳои эҳтимолии бемории коронавирус дар беморхона даргузаштааст. Ӯро панҷ рӯзи пеш бо таби баланд ба Беморхонаи бемориҳои сироятии Душанбе, воқеъ дар маҳалаи Зарафшони Душанбе бистарӣ карда будаанд.
Як тан аз ҳамкоронаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ташхисҳо дар бадани ӯ бемории КОВИД-19-ро ошкор карда буд, вале сабаби аслии маргашро ҳанӯз намедонанд.
“Ӯ панҷ рӯз пеш сари кор буд, ки табаш баланд шуд. Ба беморхона бурданд, бистарӣ карданд ва ҳамчун гирифтори коронавирус табобат мекарданд”, - гуфт ӯ.
Наздиконаш ва пизишкон ҳанӯз сабаби марги ӯро шарҳ надодаанд.
Вазорати тандурустӣ хабарҳои расонаҳо ва изҳори назари манбаъҳову наздикону пайвандони шахсонеро, ки гуфта мешавад қурбонии COVID 19 мебошанд, беасос медонад.
То кунун дар расонаҳои гуногуни Тоҷикистон дастикам аз марги 10 нафар бар асари гирифтор шудан ба коронавирус, нашр шудааст.
Рӯзи 30-юми июн, дар Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки баъди мавҷи дувуми бемории ҳамагир то кунун ин ниҳод ҳеч мавриди маргро сабти ном накардааст.
Тоҷикистон 3 миллион ваксинаи дигари зидди COVID-19 мехарад. Барои ин аз Бонки Осиёии Рушд 25 миллион доллар грант мегирад. Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 30-уми июн дар Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Ин тарҳ аслан 26.8 миллион доллар буда, 25 миллиони онро Бонки Осиёии Рушд ва 1.8 миллионашро ҳукумати Тоҷикистон медиҳад. Бо ин пул ба ҷуз ваксина дигар васоили тиббӣ низ харидорӣ мешавад.
Ҳарчанд Тоҷикистон барои хариди ваксина аз ниҳодҳои молии гуногуни ҷаҳон грант гирифтааст, вале расман аз ҳеч кишваре ваксина харидорӣ накардааст. То кунун Тоҷикистон 492 ҳазор во ваксинаи зидди COVID-19 аз Ҳинду Чин ворид кардааст, ки ройгон мебошанд.
Бо гранти Бонки Осиёи Рушд хариди воксина то соли 2023 дар назар гирифта шудааст.
Дар санади имрӯз қабулшуда қонунӣ гардонидани дороиҳои шаҳрвандон, ки қаблан ба эъломия дохил нашуда буданд, аз ҷумла даромадҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бадастомада пешбинӣ шудааст.
Ба таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон дастур дода буд.
Ӯ бар ин назар аст, ки қабули қонуни авф барои ҷалби сармоягузории шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ дар Тоҷикистон ва дар давлатҳои хориҷӣ ҷойгиранд, қаблан аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда дар эъломия расман нишон дода нашуда буданд, тавассути сармоягузории маблағҳо ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, қонунӣ гардонида мешавад.
Ин гуна авфҳо дар Тоҷикистон се маротиба гузаронида шуда, лекин дар як вақт қонунӣ гардонидани ҳам пулу ҳам амвол бори нахуст сурат мегирад.
Додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистон рӯзи 30-уми июн бори чорум муҳлати ҳабси пешакии Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворухи Исфараро як моҳ дароз кард.
Абдуфаттоев аз 1-уми феврали соли 2021 боздошт шуда муҳлати ҳабси пешакиаш бори чорум дароз аст, ки карда мешавад. Ӯ бар асоси дархости мақомоти интизомии Қирғизистон дар Русия дар боздошт қарор дорад.
Ислом Неъматов бародарзодаи Абдуфаттоев рӯзи 30-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистон баргузор шуд ва додгоҳ муҳлати ҳабси пешакии ӯро як моҳи дигар дароз кард.
Русия ин шаҳрванди Тоҷикистонро, ки Қирғизистон дар кофтукоби байналмилалӣ қарор додааст, рӯзи 1-уми феврали имсол дастгир кард. Мақомоти интизомии Қирғизистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаҳои "иштирок дар беназмиҳои оммавӣ" ва "авбошӣ" айб эълон карда, Додгоҳи Бодканд 27-уми августи соли 2019 ҳукми боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистонро содир намудааст.
Ба иддаои мақомоти қирғиз, Абдуфаттоев гӯё бо мошин сангреза оварда, роҳи Оқсой - Ворухро баста, ба бетартибӣ роҳ доданд".
1496 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
2 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
5 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
5 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
6 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
8 дня назад