Расман. Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 2- юми май қайд карда мешавад

Шӯрои уламои Тоҷикистон 2 – майро рӯзи Иди Фитр эълон кард. Намози Ид соати 06.00-и субҳ дар тамоми масҷидҳои Тоҷикистон  хонда мешавад, хабар медиҳад Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон.

Акнун нафароне, ки молашон ба нисоб расидааст, метавонанд закоти мол ва дигарон фитри рӯзаашонро ба  фақирону ниёзмандон, бидиҳанд, ки инҳо низ фарзҳои рамаҳонианд.

Шӯрои уламо дар оғози Моҳи Рамазон ҳаҷми закоти мол ва фитри рӯзаро муаян карда буд, ки тибқи он фитри рӯзаи моҳи шарифи Рамазон дар соли 2022 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 80 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз барои шахсони нисбатан доро), нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ , ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад, муаян шуда буд.

Ҳамчунин маблағи фидяи савм, ки нафарони бо сабабҳои узрнок рӯза дошта наметавонанд, 420 сомонӣ барои 30 рӯз муаян шудааст.

Тибқи анъанаҳои мардумӣ дар идҳои мусулмонии Рамазону Қурбон дар Тоҷикистон кӯдакон аз субҳ ба хонаҳои хешовандону ҳамсояҳо барои табрики ид омада, аз соҳибхонаҳо туҳфа мегиранд.  Ҳамчунин хонадорон дастархонӣ иди меороянд.

Соли гузашта Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 13 – уми май қайд шуда буд. Санаи ид аз санаи фарорасии Моҳи Рамазон вобастагӣ дорад. Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пеш аз соли гузашта фаро мерасад.

Пас аз 2 моҳу даҳ рӯзи Иди Фитр мусалмонон Иди Қурбонро ҷашн мегирад, ки санаи онро низ дар Тоҷикистон Шӯрои уламо эълон мекунад.

Фарорасии Иди Саиди Фитр муборак бод!

Skip to toolbar