Оғози моҳи шарифи Рамазонро дар Тоҷикистон расман аз 2 – юми март эълон карданд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти Кумитаи дин.
Имрӯз 29 – уми апрел дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҷаласаи аъзои Шӯрои уламои Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар рафти он саршавии моҳи Рамазон, меъёри фитри рӯза, закоти мол ва фидяи савм ( нафароне, ки бо сабабҳои узрнок рӯза дошта наметавонанду бояд маблағи муаяне ба эҳтиёҷмандон диҳанд) муаян карда шуданд.
Ҳоло фитри рӯзаи моҳи шарифи Рамазон дар соли 2022 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 80 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз барои шахсони нисбатан доро), нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ , ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад, фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз, муаян гардид.
Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пеш аз соли гузашта фаро мерасад. Дар соли 2021 Шӯрои улмаои Тоҷикистон оғози Рамазонро 13-уми апрел эълон карда буд.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Рӯза аз худдорӣ намудан аз хӯрдан ва нӯшидан, ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб иборат аст.
Моҳи Рамазон бо Ид Фитр ба анҷом мерасад, ки рӯзи таҷлили онро низ Шӯрои уламо якчанд рӯз пеш аз анҷомёбии моҳи шариф эълон менамояд.
Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бод!