fbpx

Расмӣ!!! Мақомот аз баргашти дубораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Sputnik Тоҷикистон

Фардо мурофиаи додгоҳии қазияи Ҳувайдои 5-сола аз сар гирифта мешавад

Пагоҳ, 22 июн, мурофиаи додгоҳии қазияи қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар Русия аз сар гирифта мешавад. Ҳувайдои хурдсол 22 июли соли 2018 бераҳмона кушта шуда буд. Вакили дифои хонаводаи Тиллоевҳо, Шавкат Умаров гуфтааст, ки мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 22 июн баъд аз зӯҳр дар додгоҳи вилояти Маскав оғоз мешавад.

Умаров ҳамчунин гуфт, ки ба далели хуруҷи дигарбораи COVID-19 дар Маскав эҳтимолияти мавқуф гузоштани ҷаласаи додгоҳ вуҷуд дошта, ҳамзамон имкон дорад, ки ин мурофиа тариқи видеоконфронс аз боздоштгоҳ сурат бигирад.

Умаров изҳори умедворӣ кард, ки ҳоло дар доираи ин парвандаи ҷиноӣ тамоми талошҳо барои он шуда истодааст, ки гумонбар бо истифода аз бархе назокатҳои қонунгузории ҷиноии Русия аз ҷавобгарӣ берун намонад.

Рӯзи 9-уми апрел баъди танаффуси тақрибан панҷмоҳа мурофиаи додгоҳии баррасии парвандаи қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода доир гардид.  Додгоҳи вилояти Маскав гумонбар дар қатли духтари панҷсола Александр Сёминро ба СИЗО барои се моҳ фиристода буд.

Ёдовар мешавем, ки 22-юми июли соли 2018 аз қатлу таҷовузи Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуд, 3 сол сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст.

Бақайдгирии дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон

Имрӯз, 21-уми июн ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он аз баргашти дигарбораи коронавирус ба кишвар хабар дода шуд.

“Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд”, – омадааст дар хабари ин ситод.

Гуфта мешавад, омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.

Вобаста ба ин ситоди мазкур аз шаҳрвандон, қатъиян риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардониро талаб кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ситод нагуфтааст, ки чанд нафар сокини кишвар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки тайи чанд ҳафтаи охир расонаҳои мустақил ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз омади дигарбораи коронавирус мегуфтанд, вале мақомот ин гуфтаҳоро рад мекарданд.

Ҷойи сохтмони бинои сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе дигар шуд

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки лоиҳаи протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба созишнома бо ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи ба ҳамдигар ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагии дипломатии кишварҳо дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расонида шавад.

Дар лоиҳаи протокол, ки дар портали маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ нашр шудааст, гуфта мешавад, барои бунёди бино ва иншооти намояндагии дипломатии Ӯзбекистон қитъаи замини холӣ аз сохтмонҳо ва коммуникатсияҳои транзитӣ ҷудо карда мешавад.

Қитъаи пешниҳодмешуда бо майдони умумии 1,2 гектар дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои пойтахт воқеъ аст.

Ин қитъаи замин муддати 49 сол дар ихтиёри ҳукумати Ӯзбекистон қарор гирифта, маблағи пардохти иҷора 1 долларро ташкил медиҳад.

Қаблан мутобиқи созишномаи моҳи августи соли 2018 байни ҳукуматҳои ду кишвар имзошуда, барои бинои сафорати Ӯзбекистон қитъаи замин дар хиёбони Абӯали ибни Сино пешниҳод гардида буд.

Айни замон сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе дар кӯчаи Саноӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Тошканд дар кӯчаи Абдулло Қаҳҳор фаъолият доранд.

Ҷасади як марзбони тоҷикро пас аз 16 рӯз аз об берун оварданд

Ҷасади Юсуфҷон Музаффарзода, як марзбони тоҷик, ки 16 рӯз қабл дар рудхонаи Панҷоб, дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо Фархор ғарқ шуда буд, пайдо шудааст. Ҷасадро субҳи якшанбе сокинон дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Турдиев пайдо карданд. Як масъули ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ ба расонаҳо гуфтааст, ки “ҷасад аз реги лаби рудхона пайдо шуд, маҷрои об бисёр тез аст. Сокинон дар бадани худ банд баста, ҷасадро аз об бароварданд. Баъд аз берун баровардани ҷасад, ба милиса хабар доданд. Сипас ба маҳал, кормандони прокуратура, милиса ва ҳукумати ноҳия ҳозир шуданд.”

Ба гуфтаи мақомот, ин марзбони тоҷик рӯзи 3-юми июн ҳангоми шиноварӣ дар рудхонаи Панҷоб, ғарқ шуд. Мақомоти ноҳияи Ҳамадонӣ он замон гуфтанд, ки барои пайдо кардани ҷасади ин марзбон, маҷрои Панҷобро аз саргаҳи он дар дарёи Панҷ бастанд. Юсуфҷон Музаффарзода, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ буда, тирамоҳи соли 2020 ба артиш даъват шуда, аз шаш моҳ ба ин тараф дар қисми марзбонии ноҳияи Ҳамадонӣ хизмат мекард.

Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи зидди КОВИД-19 дод

Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи “КоронаВак” ва тақрибан ҳамин миқдор сӯзандорӣ кӯмак кардааст. Ин ваксинаҳо истеҳсоли ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” буда, шоми 20-уми июн ба Душанбе расиданд. Дар маросими қабули ваксинаҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, мақомоти тоҷик ва низ сафири Чин дар Тоҷикистон ҳузур доштаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки ваксинаҳои чинӣ дар анборҳои вижаи ин вазоратхона нигаҳдорӣ шуда, тибқи нақша ба табақаҳои пешбинишудаи аҳолӣ гузоронида мешавад.

Тоҷикистон қаблан дар доираи барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ COVAX 192 ҳазор ваксинаи “Астразенека” ройгон дарёфт карда буд. Масъулони Вазорати тандурустӣ қаблан гуфта буданд, ки дар навбати аввал пизишкон ва сокинони синнашон аз 60 боло эм карда хоҳанд шуд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки то кунун беш 80 ҳазор нафар дар Тоҷикистон эм шудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend